Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи феврали соли 2016 расонаҳои ватанӣ қазияи қатли кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо пайгирӣ карданд, аммо иқдомҳои нави ҳуқуқие ҳам расонаӣ гардиданд.
Санаи 11-уми феврал торнамои Faraj.tj бо пахши матлабе таҳти унвони «Қотилони кормандони комиссариат суд хоҳанд шуд» хабар дод, ки «бино ба иттилои Суди шаҳри Душанбе, 15-уми феврали соли 2016 мурофиаи додгоҳии Умедҷон Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар куштори корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино айбдор дониста мешавад, баргузор мегардад».
Баъдан, рӯзи 17-уми феврал торнамои Радиои «Озодӣ» дар ин маврид гузориши муфассале бо номи «Оғози муҳокимаи гумонбарони ҳамла ба кормандони «военкомат»» пахш намуд.
«Рӯзи 17-уми феврал дар Додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуд. Ба мурофиа хабарнигорон низ роҳ ёфтанд, вале ба онҳо барои аксбардорӣ, сабти видео ва аудио иҷоза дода нашуд»,- хабар дод ин расона.
Хабарнигорони торнамои мазкур аз толори додгоҳ иттилоъ додаанд, ки ба иловаи муттаҳами аслӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбӣ Умедҷони Амрохон, инчунин панҷ нафари дигар - Наврӯзҷон Мирзоев, Одилҷон Мирзоев, Ҷумъахони Давлатшоҳ, Шоҳинҷон Сафаров ва Шарифҷон Раҳматов дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Муттаҳами аслӣ Умедҷони Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, бо қисми дуи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштани ду шахс ва бештар аз он" ва моддаи 32, қисми 3 ва "куштани шахс ё наздикони ӯ вобаста ба фаъолияти хидматӣ", гунаҳкор дониста мешавад.
Савлатбӣ Раҳматова, модари Умедҷони Амрохон дар берун аз толори додгоҳ ба «Озодӣ» гуфтааст, ки умедвор аст парванда одилона баррасӣ мешавад. Ба қавли ӯ, Умедҷон танҳо писари хонавода аст ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон, кормандони комиссарияти ҳарбӣ ҳаққи маҷбурӣ бурдани яккаписар ба сафи артишро надоранд. Ӯ гуфтааст, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ бидуни муаррифӣ ва либоси низомӣ ба писараш дарафтода, кӯшиши ба комиссариати ҳарбӣ бурдан кардаанд: "Мо 25 сол барои президент овоз додем, ки ҳуқуқи инсон аз рӯи Конститутсия риоя шавад. Ҳама медонад, ки "облава" чӣ тавр сурат мегирад. Ман ҳамчун модар ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунам, ки шиканҷаро нисбати фарзандони мардум раво набинанд".
Аммо Гулрӯхон Азизова, холаи Ҳамза Насибов - яке аз ду корманди кушташудаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт гуфтааст, ки бояд нисбат ба қотилон ҷазои сангин татбиқ шавад. Азизова аз он нигарон аст, ки фарзандони хоҳарзодаи ӯ ҳанӯз ноболиғанд ва таъмини хонаводаи онҳо бар дӯши Ҳамза буд. Ӯ гуфтааст, ки фарзанди онҳо дар роҳи хизмат ба давлат ҳалок шудааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 7-уми ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе чанд нафар бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор намуданд. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.
Рӯзи 18-уми феврал бошад, торнамои Faraj.tj хабаре таҳти унвони «Панҷакент: Милитсионерҳои боздоштшуда 8,5-солӣ зиндонӣ шуданд» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Ду корманди милитсияи шаҳри Панҷакент ба муддати 8 солу 6-моҳӣ равонаи зиндон шудаанд. Тавре як сарчашма аз мақомоти қудратии Панҷакент хабар медиҳад, Суди шаҳри мазкур Худойбердиев Тоҳир ва Равшанов Матлубро, ки дар латукӯби Ғоибов Фарҳод, сокини деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент гунаҳкор дониста шуда буданд, 8 солу 6-моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст».
Торнамо ҳамзамон ёдовар шудааст, ки моҳи октябри соли 2015 Прокуратураи шаҳри Панҷакент аз боздошти ин кормандони ШВКД-и Панҷакент хабар дода буд. Ин ду корманди милитсияи шаҳри Панҷакент дар латукӯби Фарҳод Ғоибов даст дошта, ахирӣ бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мегардад.
Худи ҳамин рӯз, яъне 18-уми феврал торнамои Радиои «Озодӣ» аз «Боздошти ду афсари милиса барои тамаъҷӯӣ ва ҳабси ғайриқонунӣ» хабар дод. Ба иттилои торнамои мазкур, Оҷонсии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо фасод ду афсари пулисро ба иттиҳоми ришваситонӣ ва ҳабси як сокини Ҳамадонӣ боздошт карда, парвандаи якеро ба додгоҳ фиристодааст.
Бояд гуфт, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ хабари қазияе аз хориҷи кишвар низ ба Тоҷикистон роҳ ёфт. Хабаргузории «Озодагон» рӯзи 9-уми феврал иттилоъ дод, ки «Ҳамсари муҳоҷири тоҷик иддао дорад, ӯ аз зарби латукӯби кормандони пулис фавтидааст».
Ба иттилои хабаргузорӣ, Қурбон Ҳамидов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз 26-уми январи соли равон дар беморхонаи шаҳри Ступино дар ҳолати беҳушӣ ё кома қарор дошт, даргузаштааст. Татяна Зуева, ҳамсари Қурбон дар марги ӯ кормандони пулисро муттаҳам медонад. Ба иддаои ӯ, шавҳарашро пулиси маҳаллӣ латукӯб карда, баъдан “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намудаанд. Дар беморхона барои ҷароҳии Қурбон табибон 100 000 рубл талаб кардаанд.
Тавре пештар ишора шуд, дар моҳи феврали соли равон иқдомҳои наве дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳандозӣ гардид. Хабаргузории «Азия-плюс» санаи 10-уми феврал хабаре бо номи «Манъи бозпурсии ноболиғон бидуни ҳузури омӯзгор ва равоншинос» пахш карда, аз ҷумла навишт: Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳуриро ҷонибдорӣ намуд. Мутобиқи он, минбаъд бозпурсии шахсони синни аз 16-сола поён ба сифати шоҳидон ва ҷабрдидагон дар ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ бидуни ҳузури омӯзгорони онҳо ва равоншинос манъ карда мешавад».
Торнамои NoTorture.Tj бошад, рӯзи 11-уми феврал хабар дод, ки «Сомонаи нав дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъол шуд».
Ба навиштаи ин торнамо, дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба фаъолият оғоз кардааст. Ин тасмим дар доираи лоиҳаи Фонди ихтиёрии СММ оид ба Тафсири Даврии Универсалӣ (ТДУ) бо дастгирии бахши минтақавии Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардидааст.
Тавре муовини сардори Идораи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Шараф Каримзода гуфтааст: «Таъсиси ин сомона намунаи хуби ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо механизмҳои ҳуқуқи башари СММ аст. Сомона барои ба таваҷҷуҳдоштагон расонидани маълумоти зарурӣ дар бораи фаъолияти Комиссия, мониторинги татбиқи тавсияҳои механизмҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳисоботҳои Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон имконият фароҳам меорад».
Санаи 24-уми феврал бошад, ҳамин расона - NoTorture.Tj аз «Вохӯрии аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа» хабар дод.
- Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзҳои 22-23-юми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳарсолаи худро баргузор намуд, ки дар он намояндагони 11 ташкилоти ҷамъиятӣ - аъзои Эътилоф ва шарикони он иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ гузоришҳо аз натоиҷи фаъолияти роҳбари Эътилоф, сардори Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ, Гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, Гуруҳи мусоидат ба меъёрҳои Протоколи Истанбул, Гуруҳи офиятбахшии ҷабрдидагони шиканҷа шунида шуд,- аз ҷумла омадааст дар гузориши ин торнамо.