Май - 2019: Омодагӣ ба дастгирии қурбониёни шиканҷа

Моҳи майи соли ҷорӣ бештар мавзуи сарбозон ва ҳамзамон, роҳандозӣ намудани тасмимҳо ба хотири пешгирии шиканҷа расонаӣ шуданд.

Санаи 7-уми майи соли 2019 торнамои Радиои Озодӣ гузорише таҳти унвони «Ҷавоби додситонӣ ба гузориши «Писарамро «облава» карданд»» (https://www.ozodi.org/a/military-prosecutor-reaction/29925944.html) пахш намуда, чунин хабар дод: «Додситони ҳарбии шаҳри Душанбе ба артиш бурда шудани як сокини ноҳияи Фирдавсиро, ки ба қавли наздиконаш ягона саробони оила буда, то соли 2022 аз хидмат озод аст, қонунӣ донист. Дар оғози моҳи апрели имсол Дилором Шаропова, модари Ҳадятулло Носиров шикоят карда буд, ки маъмурони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ писарашро "маҷбурӣ аз кӯча ба артиш бурдаанд" ва намедонад ӯ дар кадом қисми низомист. Ин гузориш рӯзи 6-уми апрел дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд».

Мансур Ҳокимзода, додситони ҳарбии шаҳри Душанбе дар номае, ки рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ фиристодааст, аз ҷумла мегӯяд: "Ҳадятулло Носиров рӯзи 3-юми апрел ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ ҳозир шуда, пас аз ташхиси тиббӣ ба қисми низомии 0202-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бурда шуд". Ба гуфтаи ӯ, далелҳое, ки гӯё Носировро бо роҳи "облава" ё зӯран ба артиш бурдаанд, "исбот нагардид". Ба қавли Ҳокимзода, ин сокини ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 30-юми март шахсан даъватномаро гирифта ва имзо гузоштааст.

Рӯзи 18-уми май ҳамин торнамо, яъне Радиои Озодӣ бо номи «Фармондеҳи ротаи Гвардияи миллиро ҷарима бастанд” (https://www.ozodi.org/a/29949284.html) хабар пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Додгоҳи низомии Душанбе фармондеҳи як ротаи Гвардияи миллии Тоҷикистонро барои сӯйистифода аз мақом бештар аз 13 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Додгоҳи мазкур рӯзи 16-уми май хабар дод, ки майор Алиакбар Назаров, командири ротаи ҳифз ва таъминоти қисми ҳарбии 051057 латукӯби яке аз сарбозони ин воҳиди низомиро пинҳон доштааст ва барои фош нашудани қонуншиканӣ Самандар Қувватови маҷруҳро 10 рӯз ба хона ҷавоб додааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Нуралишо Нажмиддинов, яке аз ҳамхидматони Самандар рӯзи 23-юми март бе ҳеҷ сабаб ва бо ҳадафи худнамоӣ бо зарби мушт ҷоғи Самандарро шикастааст. Муфаттишон гуфтаанд, Алиакбар Назаров, ки бояд аз ин қонуншиканӣ ба фармондеҳон хабар медод, ин корро накарда ва зоҳиран Самандар Қувватовро барои муолиҷа рухсатӣ додааст. Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 13-уми май содир кардаанд, гуфта нашудааст, ки сарбозе, ки Самандар Қувватовро озор додааст, чӣ ҷазо гирифт. Аммо фармондеҳи ротаи Гвардияи миллӣ ҳаққи шикоят аз ҳукмро дорад ва аз ҳаққи ишғоли вазифа ҳам маҳрум нашудааст”.

Рӯзи 23-юми май бошад, торнамои NoTorture.Tj бо иситинод ба сомонаи www.centralasian.org матлабе таҳти унвони “Имомдод Таваллоев барои марги писари сарбозаш 260 855 сомонӣ товон мехоҳад” (http://notorturetj.org/tj/news/imomdod-tavalloev-baroi-margi-pisari-sarbozash-260-855-somoni-tovon-mehokhad-video) пахш кард.

- Баъди се соли ҳалокати як сарбози Горди миллии Тоҷикистон, Додгоҳи Душанбе ба баррасии даъвои волидони ӯ барои пардохти ҷуброни моддиву маънавӣ оғоз кард. Шуҳрат Таваллоев соли 2016 дар як қисми низомӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Мақомот далели марги ӯро худкушӣ номиданд, вале наздиконаш ба он шубҳа доранд. Уғулой Бобоева, вакили мудофеи хонаводаи сарбоз, рӯзи 22-юми май гуфт, онҳо мехоҳанд бар асоси қонунгузорӣ Горди миллӣ ва сарбоз Мирзоҳабиб Мирзобоев, ки дар робита ба марги Шуҳрат маҳкум шудааст, 260 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт намоянд. Нахустин мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 22-юми май дар Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе доир гардид. Имомдод Таваллоев, падари сарбози фавтида гуфт, пас аз марги писараш ба афсурдагӣ ва бемории сахт гирифтор шудааст ва ҳоло даъвои талаби ҷубронро дорад. Таваллоев дар аризаи даъвоии худ аз ҷумла гуфтааст: "Марги Шуҳрат ба ман таъсири сахт расонд. Ҳангоми ба хотир овардани ҳодиса ғамгин шуда, гиря мекунам, дар ҳолати афсурдагӣ қарор дорам. Ба ягон кор машғул шуда наметавонам. Соли 2017 саломатиам бад шуд ва ба беморхона рафтам. Дар ташхиси дактилоскопӣ маълум шуд, ки ба бемории саратони рӯда гирифтор шудаам". Уғулой Бобоева иброз дошт, ки онҳо аз Горди миллии Тоҷикистон 120 ҳазор сомонӣ ва аз сарбози маҳкумшуда Мирзобоев 140 ҳазору 855 сомонӣ зарари моддиву маънавӣ талаб доранд,- аз ҷумла омадааст дар ин матлаб.

Бояд гуфт, ки Шуҳрат Таваллоевро моҳи майи соли 2016 ба хидмат дар артиш даъват карданд ва сарбози қисми низомии Горди миллӣ, воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе гардид. Аммо пас аз панҷ моҳи хидмат, ҷасади беҷони ӯро ба наздиконаш супурданд. Мақомот гуфтанд, ин ҷавон бо силоҳи дасташ ва аз беэҳтиётӣ ба худ тир холӣ кардааст. Аммо Имомдод Таваллоев, падари сарбози фавтида, пас аз суҳбат бо муфаттиш ва дидани аксҳои рӯзи марги Шуҳрат ба ин хулосаи мақомот шак кардааст. Дар пайи марги ин сарбоз яке аз ҳамхидматонаш Мирзоҳомид Мирзобоев моҳи январи соли 2017 бо гуноҳи ба марг расондани Шуҳрат Таваллоев ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи додситонҳо, Мирзоҳомид Мирзобоев се ҳамхидматаш - Шуҳрати 21-сола ва ду сарбози дигарро ба утоқе дароварда ва бо камарбанди сарбозӣ ба сару манаҳи онҳо задааст.

Тавре қаблан зикр намудем, дар моҳи май оид ба тасмимҳои роҳандозишуда барои мубориза бо шиканҷа низ матолиб ба нашр расиданд. Торнамои NoTorture.Tj санаи 12-уми май хабар дод, ки “Дар Душанбе гузориши ҳукумат оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ-ро баррасӣ мекунанд”. (http://notorturetj.org/tj/news/dar-dushanbe-guzorishi-khukumat-oid-ba-ichroi-tavsiyakhoi-kumitai-ziddi-shikanchai-smm-ro)

- Рӯзи 10-уми май дар Душанбе вохӯрии корӣ оид ба баррасии гузориши Ҳукумати ҶТ дар бораи раванди иҷрои баъзе тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони Ҳукумати ҶТ, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалие, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудаанд, иштирок намуданд,- навишт торнамо.

Торнамои мазкур ҳамзамон ёдовар шуд, ки Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар рафти ҷаласаи худ соли 2018 гузориши даврии сеюми Тоҷикистонро баррасӣ кард ва тибқи натиҷаҳои баррасӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд. Бо мақсади иҷрои тавсияҳои мазкур аз ҷониби Комиссияи таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсони назди Ҳукумати ҶТ аз 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2020 таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Ҳамин торнамо, яъне NoTorture.Tj рӯзи 23-юми май бо пахши матлабе таҳти унвони «Якҷоя барои адолат» (http://notorturetj.org/tj/news/yakchoya-baroi-adolat) хабар дод: “13-15-уми май дар Алмаато конфронси минтақавии эътилофҳои зидди шиканҷаи се кишвар - Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Чунин вохӯриҳо дар се сол як маротиба баргузор шуда, барои баррасии мушкилоти дардовар ва дурнамои фаъолият имконият фароҳам меоранд. Бартарияти ин вохӯрӣ иштироки ду нозир аз Ӯзбекистон ва шумораи зиёди ташкилотҳои байналмилаливу донорӣ буд”.

- Таҷрибаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона то ҳол барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкили актуалӣ боқӣ мемонад. Анъанаҳои манфии умумӣ дар рафти вохӯрӣ ба таври зайл муайн карда шуданд: истифодаи шиканҷа барои нишондодҳо, чун қоида, ҳангоми нигоҳдорӣ дар шуъбаҳои милитсия барои ба даст овардани нишондоди худиқрорӣ, шумораи парвандаҳои вабаста ба шиканҷа, ки то суд рафтаанд, беҷазоӣ, миқдори ками ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа, татбиқи заифи Протоколи Истамбулӣ - ҳуҷҷати тиббӣ, ки барои муайн намудани изҳои шиканҷа кӯмак ва ҳамчун исбот дар суд хизмат мерасонад,- аз ҷумла навишт торнамои мазкур.

Санаи 27-уми май бошад, торнамои NoTorture.Tj бо пахши матлабе бо номи “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа оғози иқдомро бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа эълон менамояд” (http://notorturetj.org/tj/news/etilofi-chomeai-shakhrvandi-ziddi-shikancha-ogozi-ikdomro-bahshida-ba-ruzi-baynalhalkii) аз тасмими рӯзмаррааш хабар дод.

- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оғози иқдомро бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа эълон менамояд. Аз рӯзи душанбе, 27-уми май то 26-уми июн дар сомонаи Эътилоф ва шабакаҳои иҷтимоӣ яктогӣ иқтибоси фаъолони ҷавон, шахсони машҳур, ҳимоякунандагони ҳуқуқи инсон, соҳибкорон, намояндагони санъати Тоҷикистон оид ба дастгирии озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷойгир карда мешавад. Эътилоф тақвимҳои ҷайбиро бо ин иқтибосҳо омода сохта, рӯзи 26-уми июн дар Душанбе дар рафти чорабинии асосӣ тақсим менамояд,- аз ҷумла гуфта мешавад дар ин хабар.

NoTorture.Tj