Моҳи пахши изҳорот оид ба шиканҷа

Моҳи пахши изҳорот оид ба шиканҷа

Моҳи феврали соли 2015 асосан моҳи изҳоротпахшкунии созмонҳо ва таассуф аз мавҷудияти шиканҷа дар Тоҷикистон буд. Аммо, пеш аз ин дигар қазияҳое низ дар расонаҳо бозтоб ёфтанд, ки қаблан низ атрофашон сарусадо вуҷуд дошт.

Санаи 2-юми феврал хабаргузории «Озодагон» номае таҳти унвони «Шикояти Воҳидова аз шиканҷаи гумонбарон ба Прокурори генералӣ»

пахш карда, аз ҷумла навишт: «Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, бо ирсоли як муроҷиатнома унвонии Юсуф Раҳмонов, Додситони кулли Тоҷикистон аз шиканҷаи гумонбарон аз сӯи мақомоти пулис хабар дода, хостори дахолати ӯ ба ин масъала шудааст».

Хонум Воҳидова гуфтааст, ки қаблан чунин номаеро ба Шерхон Салимзода, собиқ Прокурори генералӣ ҳам фиристода буд, аммо посухе дарёфт накард. Ӯ изҳори умед кардааст, ки Юсуф Раҳмонов онро беҷавоб намегузорад. Дар ин нома ҳуқушиноси тоҷик аз мавриди шиканҷа қарор гирифтани зерҳимояҳои худ, аз қабили Охонов Ф. ва Раҳимов М. ёдовар шуда, гуфтааст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дунболи зиёд нишон додани теъдоди дастгиршудаҳо ва бо ин васила ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбати хидматӣ шуда, бархе аз мардуми бегуноҳро таҳти фишор, латукӯб қарор медиҳанд, ки ин боиси парвандасозии сунъӣ мегардад.

Тавре номбурда гуфтааст, 15-уми январи соли равон дар тавқифгоҳи шӯъбаи ВКД дар шаҳри Исфара-1 зимни вохӯрӣ бо зерҳимояаш, Охонов ба ӯ панҷаҳои даст ва пойҳояшро нишон додааст, ки изи сӯхтаи ҷароҳати ҷисмонӣ намудор будааст.

Файзинисо Воҳидова дар номаи худ ба Додситонии кулл иброз доштааст, далелҳои боэътимоде дорад, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтани зерҳимояаш аз ҷониби мақомотро нишон медиҳад.

- Боварии комил дорам, ки Шумо як фарди тоҷик, ҳуқуқшиноси касбӣ ва ҷавонтарин Прокурори генералӣ, ки райисҷумҳур як ниҳоди калидӣ ва бонуфузро бовар карда супорид, аз ин дарди мардум ва қонуншиканиҳои мақомоти зертобеи ВКД бетараф нашуда, мубориза алайҳи шиканҷаро низ дар қатори дигар самтҳои асосии фаъолияти хизматии худ муҳим дониста, барои решакан кардани ин зуҳуроти ғайритабиӣ мусоидат хоҳед кард,- гуфтааст ҳуқуқшинос.

Яке аз мавзӯҳои доғ ва идомадори дигар, ки дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (№5 (1099), аз 5-уми феврали соли 2015) баррасӣ шуд, қазияи марги як нафар ноболиғ дар натиҷаи латукӯб буд. Ин ҳафтанома мақолаи таҳлилиеро таҳти унвони «Ятимкуш», бо зерсарлавҳаи «Ҳоҷӣ Рустам ва посбонаш ноболиғеро куштаву дигарашро маъюб карданд» ба табъ расонид.

Нашрия бори дигар аз шеваи рух додани ҳодиса ёдовар шуд, ки «тахминан соати 1:30 дақиқаи 15-уми январ ноболиғон Исоев Эраҷи 16-сола ва Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, хонандагони мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои «Сабрина», воқеъ дар бозори «Назари нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғавуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтанд. Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огоҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтидан, ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд. Директори бозори «Назари нек» Ҷӯраев Рустами 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор Бобурҷон Юсуфови 29-сола ва Аҳлиддин Файзиеви 37-сола ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмасӣ то ҷон ба ҷонофарин супурдани Зиёдбек ва аз пой афтида, беҳушу ёд шудани Эраҷ мезаданду дилашонро хунук мекарданд. Гӯё худи онҳо зану фарзанд надошта бошанд… Баъди кушта шудани тарбиятгирандаи мактаб-интернати барои ятимон ва кӯдакони хонаводаҳои камбизоат Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мудири ин муассисаро аз вазифааш озод кард. Ба шуъбаи маорифи вилояти Суғд низ хабар расид, ки Гулнора Мадаминова барои бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифа аз мақомаш барканор шуд».

Ҳафтанома ҳамзамон ёдовар мешавад, ки нисбати се нафар масъули бозори «Назари нек» парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, Омбудсмени кишвар Зариф Ализода парвандаи мазкурро зери назари худ гирифтааст.

Яке аз дигар мавзӯҳои доманадор, ки дар моҳи феврал ёдоварӣ шуд, қазияи маҳбус Қорӣ Садриддин буд. Торнамои «Озодӣ» санаи 6-уми феврал бо пахши матлабе таҳти унвони «Созмони Милал аризаи Қорӣ Садриддинро рад кард»  навишт, ки Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал ба номаи Садриддин Тошев, ки соли гузашта навори шиканҷааш дар зиндони Хуҷандро “саҳнасозӣ” ва “дурӯғ” номида буд, ҷавоби рад додааст.

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал гуфтааст, парвандаи эҳтимоли шиканҷа шудани зиндонии тоҷик Садриддин Тошев, маъруф бо лақаби "Қорӣ"-ро, ки аз ҷумла ба терроризм гунаҳкор шудааст, баррасӣ намекунад. Дар номаи кумита ба Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев омадааст, ки азбаски маҳбуси тоҷик дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, посбонҳои зиндон ӯро азобу шиканҷа накардаанд, аз ин сабаб, ариза барои дахолат ба қазияи ӯ ба баррасӣ гирифта намешавад.

Бояд гуфт, Садриддин Тошев ва як ҳамроҳи дигараш Суннатулло Ризоев, ки дувумӣ барои авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, моҳи сентябри соли 2013 ба он гунаҳкор шуданд, ки гӯиё аз даруни зиндон наворҳои бардурӯғеро дар бораи азобу шиканҷаи худашон нашр карданд. Дар видеоҳое, ки соли 2013 баъди марги Ҳамза Икромзода, як маҳбуси тоҷик нашр шуд, Тошев ва Ризоев баданҳои худро нишон дода, мегуфтанд, доғҳои кабуду сурх осори латукӯби посбонҳои зиндон аст.

Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова дар шарҳи ин ҳолат гуфтааст, ки ин изҳорот зери фишор буд ва шиканҷа шудани зиндониён воқеият дорад: “Ман медонам, ки ӯро фиреб додаанд. Ӯ айни замон дар як вазъияте қарор дорад, ки дигар илоҷ надорад ва маҷбур аст ба ҳамин чизҳо розӣ шавад. Шояд ба ӯ фишор оварданд, ба ҳамин натиҷа оварда расониданд. Вале новобаста аз ин, Кумитаи муқобила бо шиканҷа ба ман посух дод, ки парвандаи Тошев мавриди баррасӣ қарор намегирад”.

Тавре қаблан зикр кардем, моҳи феврал дар бисёр расонаҳои кишвар изҳороти созмонҳо дар бораи шиканҷа пахш гардид. Санаи 10-уми феврал торнамои «Озодӣ» гузорише таҳти унвони «Шиканҷа дар Тоҷикистон решакан нашудааст»  пахш кардаву навишт: «7 созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар як баёнияи муштарак гуфтаанд, бо гузашти 20 сол аз пайвастани Тоҷикистон ба паймони зидди шиканҷа бадрафториву шиканҷа дар ин кишвар як падидаи фарогир боқӣ мондааст. Эътилофҳои зидди шиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Сандуқи Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар, мақараш дар Лаҳистон (Полша), Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар, мақараш дар Белгия, Афви байналмилалӣ ё Amnesty International, марказаш дар Лондон ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа (OMCT) рӯзи 10-уми феврал дар як изҳороти муштарак таҳти унвони “Тоҷикистон барои маҳви шиканҷа бояд талоши бештар кунад” (“Tajikistan needs to do more to end torture”) аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравӣ изҳори нигаронӣ карда, барои аз байн бурдани падидаи шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ ба мақомоти Душанбе чанд тавсия додаанд».

Санаи 11-уми феврал хабаргузории «Озодагон» ҳам гузорише бо номи «Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин»  пахш кард, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад: «Созмони ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа бо нашри як изҳорот аз коҳиш наёфтани ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Тавре дар изҳороти ин ниҳод омадааст, 10-уми феврали соли равон расо 20 сол мешавад, ки Тоҷикистон эъломия дар мавриди мубориза алайҳи шиканҷа ва бадрафториро ба тасвиб расонидааст, аммо то ҳол ин рафторҳои номатлуб дар Тоҷикистон васеъ кор бурда мешаванд. Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон 10-уми феврали соли 1995 бо тасвиби созишнома дар мавриди мубориза алайҳи шиканҷа уҳдадор шуданд, то шаҳрвандонро аз бадрафторӣ ҳимоят кунанд.

Ин созмони байналмилалии мубориза бо шиканҷа қазияи Самандар Ҷалолзода ва бобои 64-солаашро зикр намудааст, ки додситонии Панҷакент 7-уми январи соли равон ифтитоҳи парвандаро аз рӯи ин ҳодиса рад кардааст ва феълан ин масъала дар баррасии додситонии вилоят қарор дорад.

Самандар Ҷалолзода, як ҷавони шаҳри Панҷакент қаблан гуфта буд, ки маъмурини пулиси ноҳия шаби 4-уми декабри соли 2014 беасос ӯро латукӯб ва бобои 64-солаашро бо мошинашон даҳҳо метр кашола карда, маҷруҳ намудаанд.

Худи ҳамин рӯз, яъне 11-уми феврал, хабаргузории БиБиСӣ хабаре таҳти унвони «Сабти беш аз сад маврид шиканҷа дар Тоҷикистон дар чаҳор соли ахир»  пахш кард. Дар ин хабар аз ҷумла гуфта мешавад: «Тоҷикистон 10-уми феврали соли 1995 Конвенсия алайҳи шиканҷа ва бархӯрди бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё иҳонатомезро тасвиб карда буд. Бо тасвиби ин санад Тоҷикистон дар пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардумаш таъаҳҳуд кард, ки шаҳрвандонашро аз шиканҷа ва ҳама гуна озор муҳофизат хоҳад кард.

Аммо дар изҳороти СҶШ, ки дар робита ба 20-умин солгарди тасвиби ин конвенсия тавассути Тоҷикистон мунташир шудааст, мехонем, ки бо гузашти 20 сол шиканҷа, муъофият аз ҷазо барои эъмоли он дар кишвар густарда боқӣ мондааст. Аз соли 2011 то 2014 Эътилофи алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон беш аз 100 мавридро, ки гуфта мешавад дар онҳо мардон, занон ва кӯдакон шиканҷа шудаанд, сабт кардааст».

Дар идомаи изҳорот мехонем, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ба мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон дар солҳои ахир таваҷҷӯҳи бештар доштаанд. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки Кумитаи мубориза бо шиканҷа ва Гузоришгари вижа пас аз таҳлили вазъияти марбут ба ин масъала як силсила тавсияҳоро таҳия ва ба давлати кишвар пешниҳод кардаанд. Бо ин ҳама, СҶШ таъкид кардааст, ки давлати Тоҷикистон дар ростои мубориза бо шиканҷа иқдомоти мусбат низ бардоштааст. Аз ҷумла дар изҳорот дар бораи изофа шудани ҷурми шиканҷа дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар соли 2012 ёдоварӣ шудааст.

Дере нагузашта, санаи 25-уми феврал, хабаргузории TojNews матлаберо бо номи «Amnesty International: Дар Тоҷикистон шиканҷаву нақзи ҳуқуқ густариш ёфтааст»  пахш кард ва навишт: «Amnesty International, созмони ҳифзи ҳуқуқи башар гузориши солонаи худро нашр кардааст, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро хуб баҳогузорӣ намекунад. Дар гузориши навбатии ин созмон аз Ҳукумати Тоҷикистон интиқод мешавад, ки соли гузашта маҳдудиятҳои ҷадиде дар озодии баёну андеша ворид карда, шиканҷаву дигар бадрафториҳо густариш ёфтаанд. Аммо омилони шиканҷаву ҳодисот беҷазо мондаанд. Ва мавридҳоеро аз Тоҷикистон ба таҳлил кашидааст, ки аз нақзи ҳуқуқи инсонҳо ҳикоят мекунанд».

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Amnesty International дар бораи мавҷудияти шиканҷа ҳарф мезанад ва зикр мекунад, ки созмонҳои ғайриҳукуматӣ 24 ҳодисаи шиканҷаро аз 1-уми декабри соли 2013 то 8-уми октябри соли 2014 ба қайд гирифтаанд. Аммо гуфта мешавад, ки хушунату бадрафторӣ ва шиканҷа шояд бештар аз ин бошад, зеро аксари хешовандон ва худи қурбониён аз тарс инро ифшо намекунанд.

- Касе мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои шиканҷаи афрод аз нигоҳи қонун таъқиб намекунад ва агар парвандаҳое ҳам боз шуда бошанд, зуд қатъ карда мешаванд. Ба маънии дигар, омилони шиканҷа беҷазо мемонанд. Охири сол танҳо чор корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа маҳкум шудаанд,- менависад хабаргузорӣ бо истинод ба гузориш.

Ҳамзамон, худи ҳамин рӯз, 25-уми феврал, торнамои «Озодӣ» хабари муфассале бо номи «AI: Шиканҷа дар Тоҷикистон фарогир боқӣ мемонад» пахш кардаву аз ҷумла навишт: «Дар бахши Тоҷикистон, дар гузориши солонаи “Amnesty International” гуфта мешавад, ки шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон дар ин кишвар ба сурати густарда боқӣ монда, омилони шиканҷа ҳамчунон беҷазо мемонанд… Дар бахши шиканҷа ва бадрафториҳои гузориш гуфта мешавад, ки бо вуҷуди таҳияи Барномаи амали ҳукумат бар асоси тавсияҳои соли 2013-уми Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, шиканҷа ва бадрафториҳои дигар дар Тоҷикистон як зуҳуроти фарогир боқӣ мемонад. Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2013 то 8-уми октябри соли 2014-ум 24 мавриди шиканҷа нисбат ба боздоштшудаҳоро сабт ва санад кардаанд. Аммо бисёре аз наздикони қурбониёни шиканҷа аз тарси таъқибот аз шикоят ба мақомот парҳез мекунанд ва ҳамин тавр, бисёре аз мавридҳои дигари шиканҷаву бадрафторӣ сабт намешавад».

Аммо ҳуқуқшиноси тоҷик Маҳмадалӣ Ватанов гуфтааст, ки натиҷагирии созмони “Amnesty International” дуруст нест. Ӯ эътироф кардааст, ки «мавридҳои ҷудогонаи бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон ҳанӯз мушоҳида мешавад, вале ин мавридҳои ҷудогона аст, на як падидаи фарогир. Аз тарафи дигар, мо тамоми заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо шиканҷаро фароҳам овардаем ва ҳанӯз дар соли 2012 дар Кодекси ҷиноӣ бахши махсуси шиканҷаро ворид кардем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки торнамои Notorture.tj санаи 19-уми феврал натиҷаи як назарпурсии торнамои Faraj.tj-ро таҳти унвони «Латукӯби одамон дар хотирҳо мондааст»  пахш кардаву иттилоъ дода буд: «Аз шумораи умумии иштирокдорони як назарпурсии торнамои Faraj.tj дар посух ба суоли «Аз соли 2014 чӣ дар ёди Шумо монд?» 14 нафар (8,81%) посух додаанд, ки «латукӯби одамон аз ҷониби намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ». Бояд гуфт, ки ин назарпурсӣ то 19-уми феврали соли ҷорӣ идома ёфта, дар он 159 нафар иштирок кардаанд. Дар назарпурсии мазкур 22 нафар (13,84%)  «гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ», 8 нафар (5,03%) «эълони афв ба муносибати 20-солагии Сарқонуни Тоҷикистон», 35 нафар (22,01%) «паст шудани қурби рубли русӣ ва баланд шудани қурби доллар», 7 нафар (4,4%) «марги қумондонҳо Суҳроб Қосимов ва Қурбон Чолов», 16 нафар (10,06%) «баста шудани сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ»-ро хотирмон қаламдод кардаанд.

Аммо 21 нафар (13,21%) гуфтаанд, ки «ба зиндагии худ овораанд»».

Торнамо ҳамзамон ёдовар гардидааст, ки дар мавсими тирамоҳии соли гузаштаи даъвати ҷавонон ба артиш се ҳодисаи латукӯб гардидани даъватшавандаҳо ва ҳатто волидон аз ҷониби кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент расонаӣ шуда буд ва баъдан, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент ва сардори шуъбаи даъвати ҷавонони ин комиссариатро аз вазифа барканор кард.

Инчунин, торнамои Notorture.tj санаи 26-уми феврал Маълумотномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо доир ба мубориза бар зидди шиканҷаро иҷро мекунад»

пахш кард, ки хонандагон метавонанд маълумоти бештарро аз он пайдо намоянд.

NoTorture.Tj