Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Имсол низ чун соли гузашта дар моҳи июн расонаҳои Тоҷикистон аз Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи қурбониёни шиканҷа ёдовар шуданд. Аммо то ин замон, яъне то фаро расидани 26-уми июн, қазияҳои дигари марбут ба шиканҷа, бахусус, латукӯби сарбозон бозтоб ёфтанд.
Рӯзи 2-юми июн торнамои «Озодӣ» гузориши муфассалеро таҳти унвони «Муаррифии мониторинги деринтизори қисмҳои низомии Тоҷикистон» манзури хонанда кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дафтари Омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, ки хулосаҳои мониторинги воҳидҳои низомӣ, ки тобистони соли 2014 шурӯъ шуд, рӯзи 10-уми июн дар як ҳамоише мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Дар муддати тақрибан як сол кормандони дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамроҳ бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба воҳидҳои низомии артишу неруҳои марзбонӣ ва дигар қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар Хатлону Суғду Душанбе ва дигар ноҳияҳо рафта ва дар мулоқот бо сарбозон пурсидаанд, ки оё афсарон ба ҳуқуқи онҳо эҳтиром мегузоранд, бадрафторӣ намекунанд, латукӯб шудаанд ва шароити хидматашон чӣ гуна аст».
Ба қавли як ҳомии ҳуқуқ, ки торнамо нашр кардааст, авзоъ дар неруҳои мусаллаҳ рӯ ба беҳбудӣ овардааст, вале чораҳои андешишуда кофӣ нест ва барои доштани артише, ки сарбоз ба он содиқ бошаду ҷонфидоӣ кунад, давлати Тоҷикистон бояд заҳмати зиёде бикашад.
- Фирор аз сафи қувваҳои мусаллаҳ, худкушии сарбозон, бар асари латукӯбу маъюб шудани онҳо ва инъикоси васеи ин ҳодисаҳо дар матбуот соли гузашта Вазорати дифои Тоҷикистонро маҷбур кард, ки намояндагони дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба қисмҳои низомӣ роҳ бидиҳад. Танҳо дар соли 2014 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва ё дедовшина 3 сарбоз ба ҳалокат расид. Аз ҷумла моҳи апрели соли 2014 Акмал Давлатов - сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар воҳиди низомиаш ҷон дод ва табибон аввал гуфтанд, ки нон дар гулӯи Акмал дармонда ва сабаби марги ӯ шудааст. Баъдан маълум шуд, ки ӯ бар асари латукӯби ҳамяроқонаш ба ҳалокат расидааст. Хуршед Кенҷаев - сарбози дигари ҷавон низ моҳи апрел аз тири ҳамхидматаш ҷон дод. Теъдоди онҳое, ки ҳангоми хидмат дар сафи артиш маъюбу дардманд шудаанд, кам нестанд. Яке аз онҳо Ромиз Шарифов, сокини шаҳри Айнӣ аст, ки дар қисми низомии 12019 дар Душанбе хидмат мекард ва ҳамхидматаш ӯро барои он, ки “саломи низомиро” нодуруст додааст, зери мушту лагад гирифт ва ҳоло Ромиз аз сухан гуфтан мондааст. Косахонаи сари Баҳриддин Насриддинов, як сарбози дигар аз неруҳои зудамали Вазорати умури дохилӣ баъди латукӯби бераҳмонаи ҳамхидматаш шикаст ва ӯ баъди 20 рӯз ва ҷарроҳии сараш ба по хест. Қазияи Шаҳбол Мирзоев, ки ҳоло ҳам роҳ рафта наметавонад, ба аксарият маълум аст, - навишт торнамо.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки як мушкили асосии сарбозон надонистани ҳуқуқашон аст ва аз ин рӯ, сарбозони калонсолу афсарон агар бадрафторӣ ҳам кунанд, онҳо хомӯш меистанд ва ба ҳар гуна таҳқиру тавҳин тоқат мекунанд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон бошад, гуфтааст, ки қисмҳои низомӣ ҳамарӯза санҷида мешаванд ва тафтишҳои алоҳида низ аз тарафи додситонии ҳарбӣ сурат мегираду вазъи сиҳатии сарбозон санҷида мешавад. Аз сӯи дигар, ҷазо гирифтани чанд сарбозу афсар барои бадрафторӣ дар ду-се соли ахир ва инъикоси густурдаи масъала дар матбуот, афсарони тоҷикро тарсонида ва дар муносибат бо сарбозон андаке эҳтиёткор кардааст. Танҳо дар аввали ҳамин сол додгоҳи низомӣ як гуруҳи 6-нафариро барои латукӯби бераҳмонаи ҳамхидматашон ба 5-солии зиндон маҳкум кард.
Рӯзи 12-уми июн худи ҳамин торнамо, яъне «Озодӣ» гузориши дигаре бо номи «Таърифу танқиди ИА аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» пахш карда, навишт, ки рӯзи 11-уми июн, қабл аз шуруъи Муколамаи ҳуқуқи башари ИА ва Тоҷикистон, 3 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон - Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар, марказаш дар Полша ва Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар, марказаш дар Белгия, бо нашри як муроҷиатнома аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, то дар музокирот бо ҳайати Тоҷикистон чанд мавриди пурсарусадои шиканҷа дар ин кишвари пасошӯравиро дар миён гузоранд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла баррасии парвандаҳои Хушвақт Қаюмов, як сокини 17-солаи ноҳияи Ёвонро, ки баъди шиканҷа шуданаш дар пулис қасди худкушӣ кардааст, Шаҳбол Мирзоевро, ки дар пайи бадрафтории ҳамхидматаш маъюб шуд ва Шамсиддин Зайдуллоевро, ки дар моҳи апрели соли 2015 дар шароити мармузе дар боздоштгоҳ вафот кард, зикр кардаанд. Ин се созмон ин се қазияро баёнгари таҷрубаи доимии боздоштҳои махфӣ дар рӯзҳои аввали боздошт, набуди механизми таҳқиқоти мустақил ва бархӯрди беш аз ҳад нарми қонунҳои Тоҷикистон ба омилони шиканҷа номида, гуфтааст, ки аз соли 2011 то поёни 2014 танҳо Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳар сол беш аз 20 мавриди шиканҷаву бадрафториро аз сӯи мақомоти ин кишвар сабт кардааст».
Зимнан, гуфта мешавад, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин бо истиқбол аз иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо шиканҷа, аз Душанбе хостааст, то ҷиҳати мубориза бо беҷазо мондани омилони шиканҷа ва бадрафториҳои дигар талоши бештар ба харҷ диҳад.
Аз пахш шудани хабари муаррифии мониторинги қисми низомӣ муддате нагузашта, рӯзи 4-уми июн хабаргузории «Озодагон» матлабе бо номи «Идомаи мурофиаи марбут ба латукӯб ва "облава"-и Саидалӣ дар Додгоҳи ҳарбии Хуҷанд» пахш кард. Ба иттилоихабаргузорӣ, «Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар пайи анҷоми ташхиси тиббии судӣ ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Урунбек Тошев, собиқ корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ки дар латукӯби Саидалӣ Ҳақбердиев, як ҷавони 24-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, идома медиҳад».
Аз “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба хабаргузорӣ иттилоъ додаанд, ки мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 5-уми июн дар Додгоҳи ҳарбии Хуҷанд оғоз мешавад. Манбаъ гуфтааст, ки Урунбек Тошев бо дастрасии моддаи 316, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.
Аммо10-уми июн худи «Озодагон» хабаре бо номи «Норозигӣ аз қарори додгоҳ нисбати корманди собиқи комиссариати Панҷакент» нашр карда, навишт, ки Урунбек Тошев, собиқ корманди Комиссариати ҳарбии Панҷакент, ки дар латукӯби Саидалӣ Ҳақбердиев, як ҷавони 24-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, бо қарори Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд се сол аз ҳаққи ишғоли вазифа дар мақомоти низомӣ маҳрум шудааст».
Торнамои Pressa.tj низ рӯзи 11-уми июн таҳти унвони ««Облава»-чӣ аз вазифа озод шуд, аммо даъвогарон норозӣ» матлабе пахш кардаву аз тобиши нави қазия хабар дод.
Ба иттилои ин торнамо, Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои Ҳақбердиев гуфтааст, ки аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Ҷӯраев афзудааст, ки онҳо бо хулосаи ташхиси судию тиббии криминалӣ ҳам розӣ нестанд.
- Дар хулосаи ташхис гуфта мешавад, ки эҳтимол Ҳақбердиев худро аз мошин партофтааст, аммо мо бар инем, ки ӯро латукӯб кардаанд, - зикр кардааст вакили дифоъ.
Ёдовар мешавем, ки Саидалӣ Ҳақбердиеви 24-сола, сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент 4-уми ноябри соли 2014 аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия “облава” шуда, ба гуфтаи наздиконаш, дар роҳ то маркази ноҳия латукӯб шудааст. Ба қавли наздикони ӯ, дар пайи ин латукӯб беҳуш шуда, танҳо бо гузашти ду рӯз дар беморхона ба худ омадааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи 10-уми июн хабаргузории «Азия-Плюс» аз қазияи нохуши дигар хабар дод. Торнамо матлабе бо номи «Марги навбатии сарбоз дар артиши Тоҷикистон» пахш карда, навишт, ки ҷасади наваскари 22-солаи артиши Тоҷикистон Фирдавс Раҳматовро ҳамагӣ баъди 1 моҳи адои хизмат барои ба хок супурдан ба волидонаш овардаанд.
Ба қавли ин хабаргузорӣ, Ғанӣ Раҳматов, падари сарбози фавтида дар саҳифаи худ дар шабакаи «Фейсбук» дар ин бора менависад: «Писари ман Раҳматов Фирдавс Ғаниевич, санаи таваллудаш 22.12.1993, зода ва сокини шаҳри Хуҷанд. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки қотилони фарзанди азизам ӯро латукӯб карда ва ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмониву ба марг расониданд. Писарам дар қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом, вилояти Суғд санаи 07.05.2015 ба сафи ҳарбӣ даъват шуда, санаи 07.06.2015 ҷасадашро гирифта оварданд».
Модари Фирдавс - Дилором Раҳматова бошад, дар суҳбат бо “Озодагон”, ки рӯзи 10-уми июн бо номи «Модари Фирдавс: Пас аз як моҳи сарбозӣ ҷасадашро оварданд» дар саҳифаи ин хабаргузорӣ пахш шуд, гуфтааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латукӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.
Вале ба иддаои модар, дар ҷасади писараш нишонаҳои латукӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард.
Баъдан, рӯзи 11-уми июн хабаргузории «Озодагон» матлабе таҳти унвони «Ташкили гуруҳи корӣ барои таҳқиқи марги наваскари 22-сола» пахш карда, хабар дод: «Вазорати дифои Тоҷикистон барои таҳқиқи марги Фирдавс Раҳматов, як наваскари 22-сола, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ ҷасадаш ба хона оварда шуд, гуруҳи тафтишотие ташкил кардааст».
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ дар суҳбат бо хабаргузорӣ ин хабарро тасдиқ кардаву гуфтааст: «Инчунин аз сӯи Додситонии ҳарбии гарнизони вилояти Суғд низ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ҳайати гуруҳи мо дар якҷоягӣ бо кормандони ин додситонӣ омили марги Фирдавс Раҳматовро таҳқиқ хоҳанд кард».
Хабаргузории TojNews ҳам 11-уми июн хабаре бо номи «Таҳқиқи қазияи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов аз ҷониби Вазорати мудофиа» пахш карда, илова намуд: «Сухангӯи Вазорати мудофиа аз шарҳи бештари маълумот худдорӣ карда, гуфт, ки баъд аз анҷоми таҳқиқ маълумоти бештарро дар ихтиёри расонаҳо хоҳад гузошт».
Сипас, рӯзи 11-уми июн торнамои «Озодӣ» гузорише таҳти унвони «Додситонии ҳарбӣ: Фирдавс аз зарбулат фавтидааст» пахш карда, навишт: «Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд рӯзи 11-уми апрел зимни нишасти хабарӣ дар робита ба куштори Фирдавс Раҳматов, ки аз сӯи ҳамхизматонаш ба ҳалокат расид, изҳор назар кард. Додситони низомии Суғд дар ин робита аз ҷумла гуфт, ки "санҷиши гуруҳи тафтишотӣ дар ҷои ҳодиса то ин лаҳза ошкор намуд, ки 7-уми июни соли ҷорӣ тахминан соати 15 сержантҳо Сулаймонов Раббонӣ ва Комрон Раҳимов дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро барои қазои ҳоҷат бурда, аз чашми афсарон пинҳон, ин сержантҳо ва аскари собиқадори қаторӣ Айём Назаров аскари навдаъват Фирдавс Раҳматовро зарбу лат мекунанд, ба гардан ва қафаси синаи вай мезананд, ки дар натиҷа Фирдавс нафасгир шуда, дар давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад».
Торнамои Pressa.tj низ 11-уми июн хабаре бо номи «Прокурор: Фирдавс аз латукӯб фавтидааст» пахш карда, аз қавли сардори шуъбаи тафтиши Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд Ашурмат Зарифӣ дар бораи натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов чунин навишт: “Сабаби ба ҳалокат расидани сарбоз Фирдавс Раҳматов дар натиҷаи тафтиши аввалия ошкор карда шуд, ки дар натиҷаи латукӯб аст. Вобаста ба содири ин ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст ва тафтиши онро як гуруҳи таҳқиқотӣ пеш мебарад”.
Хабаргузории TojNews ҳам рӯзи 12-уми июн ба ин қазия дахл намуда, матлабе таҳти унвони «Прокуратураи ҳарбӣ: Сарбоз Раҳматов дар давоми 10 дақиқаи латукӯб ба ҳалокат расидааст» нашр кард.
- Абдулқодир Нуров, прокурори ҳарбии вилояти Суғд дар бораи қазияи ба ҳалокат расидани сарбози қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом эълон дошт, ки тибқи натиҷаҳои санҷиш, Раҳматов дар натиҷаи латукӯб роҳи нафасаш гирифта шуда, дар давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ба гуфтаи прокурори ҳарбии вилояти Суғд, ҳодиса 7-уми июн, тахминан соатҳои 15:00 рух додааст. Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимов, ду сержанти қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро баъди хӯроки нисфирӯзӣ барои қазои ҳоҷат бурда, ҳамроҳ бо як сарбози дигар Айём Назаров наваскар Фирдавс Раҳимовро зери зарбу лат қарор медиҳанд, дар ноҳияи гардан ва қафаси синааш зарбаҳои сахт мерасонанд. Алайҳи сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов, Комрон Раҳимов бо моддаи 391, қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ) ва нисбати сарбози қаторӣ Айём Назаров мутобиқи банди 273, қисми 2 (вайрон намудани талаботҳои оинномаи умумиҳарбӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, - навишт хабаргузорӣ.
Рӯзи 12-уми июн Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки «Раиси Хуҷанд ба аёдати оилаи наваскари ҳалокшуда рафт».
- Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанде қабл ба аёдати оилаи сарбози дар қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом фавтида, сокини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Раҳматов рафта, изҳори ҳамдардӣ кард ва ба оилаи онҳо маводи хӯрока дастрас намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ҳамон рӯз раиси шаҳри Хуҷанд ба хабаргирии боз се оилаи ниёзманди шаҳр - оилаҳои Ҳасанов Бӯрибой, Дадобоев Пӯлодҷон ва Ҳабибова Қумрӣ низ рафт, ки рӯзи шанбеи сипаришуда барои гирифтани кӯмак ба раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда буданд, - менависад хабаргузорӣ.
Худи ҳамин рӯз, 12-уми июн, хабаргузории «Озодагон» низ хабаре таҳти унвони «Қазияи Фирдавс: Аз 1000 сомонию ваъдаи раис то зарбаи марговар ба гулӯ» пахш карда, аз қавли модари сарбози ҳалокшуда Дилором Раҳматова навишт, ки раиси шаҳри Хуҷанд дар раъси як ҳайат ба хонаи онҳо омада, кӯмаки молӣ низ кардааст. Ба гуфтаи модари Фирдавс, шаҳрдори Хуҷанд ваъда додааст, ки қазияи писари онҳо таҳти назорати шахсии ӯ қарор дошта, омилони куштор ҳатман муайян ва ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд. Хонум Раҳматова хабар додааст, ки шаҳрдории Хуҷанд ба хонаводаи онҳо ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ва миқдоре равғану орд низ кӯмак кардааст.
Ниҳоят, рӯзи 16-уми июн хабаргузории «Азия-Плюс» хабар дод, ки «Фармондеҳони наваскари ҳалокшуда аз хизмат барканор шуданд».
- Фармондеҳони полк, баталйон ва ротаи қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом дар робита ба марги сарбози навдаъватшуда Фирдавс Раҳматови 22-сола аз хизмат барканор шуданд, - навишт ин хабаргузорӣ.
Дар ин бора ба хабаргузорӣ сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дода, афзудааст, ки тақдири минбаъдаи се нафар фармондеҳони аз хизмат барканоршуда баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноӣ, ки аз ҷониби Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд аз рӯйи далели марги Ф. Раҳматов боз шудааст, маълум мешавад.
Дар ин бора 16-уми июн TojNews ҳам бо пахши матлабе таҳти унвони «Барканории се фармондеҳи қисми низомии Конибодом баъди марги сарбоз» хабар дод.
Дар пайи пахши ин ҳама ахбор, ҳафтаномаи «Самак» мақолаи таҳлилие бо номи «Қотили сарбоз: Офтоб ё ҳамхизмат?» (№25 (189), аз 17-уми июни соли 2015) ба нашр расонид.
- Хабари марги сарбоз Фирдавс Раҳматови 22-сола ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ сарусадои зиёдро ба бор овард. Фирдавс Раҳматовро, ки дар курси чоруми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар бахши ғоибона таҳсил мекард, ба гуфти волидонаш, як моҳ қабл аз маргаш тариқи «облава» ба Артиш бурда будаанд. Ҳафтаи гузашта (7-уми июн) ҷасади ӯ ба назди падару модараш оварда шуд. НаздикониФирдавс Раҳматов гуфтаанд, ки масъулини қисми ҳарбии мазкур ба онҳо сабаби марги фарзандашонро «баста шудани роҳи нафас ҳангоми фурӯравии забон» гуфтаанд. Аммо ба таъкиди падару модари Фирдавс, бар асари латукӯб ба саломатии фарзандашон зарари вазнини ҷисмонӣ расида, ба ҳалокат расидааст, - навишт ҳафтанома.
Нашрия ҳамзамон аз чанд қазияи дигари марбут ба латукӯб ёдовар мешавад: «Соли 2014 дар натиҷаи вайрон кардани ойиннома ё низомномаи ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ сарбозон Акмал Давлатов, Хуршед Кенҷаев кушта, Ромиз Шарифов, Баҳриддин Насриддинов ва Шаҳбол Мирзоев маҷрӯҳ ва маъюб шуда буданд, ки то кунун тафтиши парвандаҳои бархе аз онҳо идома дорад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, бархеҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки парвандаҳои марбут ба марги сарбозон пурра ҳалли худро намеёбанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бар он назаранд, ки мардум дар бештари маврид бо дарназардошти муносибатҳои динӣ марги фарзандонашонро «амри тақдир» дониста, аз даъво даст мекашанд».
Рӯзи 26-уми июн торнамои NoTorture.Tj бо номи «Мактуби кушода ба фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди Тоҷикистон» муроҷиати Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғдро ба генерал-майор Эмомалӣ Собирзода, фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди Тоҷикистон дар мавриди ҳолатҳои муносибатҳои ғайрионномавӣ дар қисмҳои ҳарбии таҳти тобеияти ӯ қарордошта пахш кард.
Дар ин мактуб ба чанд қазияи латукӯби сарбозон ишора шуда, муроҷиаткунандагон даъват ба амал овардаанд, ки ба масъалаи «дедовшина» - муносибатҳои ғайрионномавӣ ва дигар сӯйистифода дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Дар моҳи июн аз як қазияи навтарин дар мавриди шиканҷа низ хабар дода шуд. Рӯзи 3-юми июн торнамои «Озодӣ» матлабе таҳти унвони «3 соли ҳабси ҷавоне, ки шикамашро буридааст» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Равшан Раҳматов, як сокини ҷавони Хуҷанд, ки гуфта мешуд гӯё баъди шинканҷа шуданаш дар коргоҳи муфаттиш шиками худро бо корди конселярӣ буридааст, ба се соли зиндон маҳкум шуд. Боздошт ва инак, ҳабси Раҳматов ба муноқишаи ҷавонон дар яке аз майдонҳои волейболи шаҳри Хуҷанд марбут аст, ки рӯзи 6-уми март рух додааст».
Тавре Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Раҳматов дар суҳбат бо торнамои мазкур гуфтааст, новобаста ба он, ки шоҳидони муноқиша даст доштани Раҳматовро дар он рад кардаанд, додгоҳи Хуҷанд Раҳматовро ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Самадова афзудааст, шахси зерҳимояаш ҳангоми бозпурсӣ дар коргоҳи муфаттиш мавриди шиканҷа қарор гирифта, дар фурсате шикамашро бо корди конселярӣ буридааст. Ба ақидаи вакили дифоъ, бо ин амал нафари таҳти ҳимояташ эътирози худро аз зӯроварӣ ва ҷараёни тафтишот баён доштааст.
Қазияи дигари пурсарусадо сарнавишти маҳбус Сунатулло Ризоев буд, ки он ҳам дар моҳи июн бори дигар расонаӣ шуд. Торнамои «Озодӣ» дар ин маврид рӯзи 8-уми июн гузорише бо номи «Маҳмурод Одинаев хостори баргузории пикет шуд (ВИДЕО)» пахш кард, ки дар он хабар дода мешавад: «Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус Сунатулло Ризоев ба нишони ҳимоят аз ҳуқуқҳои фарзандаш дар маҳбаси Хуҷанд барои баргузор кардани пикет ба Вазорати адлияи Тоҷикистон ариза пешниҳод кард».
Маҳмурод Одинаев ба торнамо гуфтааст, ки ба Вазорати адлияи Тоҷикистон аризаи баргузории як пикетро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи вай, дар ин маърака ба қатъи таҳқиру табъизи писараш дар маҳбаси Хуҷанд даъват хоҳад кард. Ба гуфтаи ҷаноби Одинаев, писараш дар зиндон бо ҳар баҳона аз тарафи кормандони маҳбаси Хуҷанд мавриди таъқиб ва латукӯб қарор мегирад ва зуд-зуд ӯро барои чанд рӯз дар камераи ҷаримавии маҳбас нигоҳ медоранд.
Аз пахши ин матлаб чанде гузашту рӯзи 22-юми июн гузориши дигарро таҳти унвони «Маҳмурод Одинаев: Писарамро дар зиндон даҳ корд зада, маҷрӯҳ кардаанд» хабаргузории TojNews пахш кард.
- Маҳмурод Одинаев мегӯяд, ки писари маҳбусашро дар зиндони шаҳри Хуҷанд беш аз даҳ корд задаанд. Ӯ мегӯяд, иттилои дақиқ гирифтааст, ки Сунатулло Ризоевро дар муассисаи ислоҳи ҷазои 3/3 шаҳри Хуҷанд беш аз даҳ корд задаанд, вазъи писараш ваҳим арзёбӣ мешавад. Ба Маҳмурод Одинаев имкон надодаанд, ки аз писараш дидан кунад. Маҳмурод Одинаев бо пешниҳоди ариза ба унвонии шаҳрдории Душанбе хостааст, ки барои баргузор кардани пикет дар маркази шаҳр иҷозат диҳад. Ӯ ягона роҳи ҷалби таваҷҷуҳ ба вазъи писарашро дар баргузор кардани пикет медонад. Падари маҳбус Ризоев мегӯяд, ки бо Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ мулоқот карда, вазъро фаҳмонидааст. Ҷаноби Ализода ваъда кардааст, ки барои дидани писараш мусоидат хоҳад кард,- навиштааст хабаргузорӣ.
Аммо дар дафтари Ваколатдор воқеият доштани ин хабарро рад мекунанд. Ҳусниддин Нидоев, муовини сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, ки ин қазияро таҳқиқ кардаанд, исботи худро наёфтааст ва онро иғвое беш намедонад.
Ёдовар мешавем, ки Сунатулло Ризоев бо иттиҳоми авбошӣ барои 16 сол равонаи зиндон шуда буд. Исми ӯ ҳамроҳи Садриддин Тошев, маъруф ба Қорӣ Садриддин, фармондеҳи мухолифини пешин замоне расонаӣ шуд, ки дар паҳн кардани сабти наворҳои шиканҷа дар зиндон муттаҳам шуданд. Суди шаҳри Хуҷанд дар соли 2013 Тошевро 8 сол ва Ризоевро 9 сол барои пахши ахбори бардурӯғ ва таҳрикомез аз озодӣ маҳрум кард. Бар иловаи ду соли боқимонда, Ризоев бояд беш аз 11 сол дар зиндон боқӣ мемонд.
Қазияи дигари пурсарусадо, латукӯби як нафар сокини ноҳияи Ёвон низ дар моҳи июн инъикос ёфт. Торнамои «Озодӣ» 11-уми июн таҳти унвони «Волидони Хушвақт аз вазорат 50 ҳазор евро талаб доранд» ва торнамои Pressa.tj бо номи «300 ҳазори Хушвақтро кӣ медиҳад?» дар ин маврид матолиб нашр карданд.
- Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи даъвои волидони Хушвахт Қаюмови 17-сола, сокини ноҳияи Ёвонро барои пардохти 50 ҳазор евро, муодили 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ шуруъ кардааст. Хуршед Исоев, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфт, ки дар мурофиа намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хушвақт Қаюмов бо падараш ҳузур доштанд,- навишт «Озодӣ» ва илова кард: «Тавре созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯянд, Хушвақти 17- соларо Машраф Алиев, корманди умури дохилаи ноҳияи Ёвон барои ба гардан гирифтани дуздӣ дар моҳи апрели соли 2012 ба Шӯъбаи умури дохила оварда, латукӯб мекунад. Бар асари фишору латукӯб Хушвақт ба гуноҳи худ “иқрор” мешавад ва бегоҳи ҳамон рӯз дар оғили хонаашон худро бо ресмон овехтанӣ мешавад. Волидонаш ӯро дар ҳолати беҳушӣ, ресмон дар гарданаш пайдо мекунанд».
Pressa.tj ҳам иловатан хабар дод, ки «дар соли 2013 Машраф Алиев ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо аз озодии Машраф Алиев аз маҳбас дар соли равон огоҳ шудаанд, ки тибқи қонуни афви соли 2014 барои “ахлоқи намунавӣ” раҳо ва муваззаф шудааст, ки ҳар ҳафта худро дар мақомоти интизомӣ сабт намояд».
Қазияи дигари нигаронкунанда дар тавқифгоҳи АНМН фавтидани шаҳрванд Шамсиддин Зайдуллоев буд. Дар ин маврид хабаргузории «Азия-Плюс» рӯзи 11-уми июн бо номи «Наздикони сокини дар АНМН ҳалокшудаи пойтахт натиҷаҳои эксгуматсияро интизоранд» хабар пахш кардаву навишт: «Наздикони сокини дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ ҳалокшуда Шамсиддин Зайдуллоев ва адвокати онҳо Саймумин Кабиров мегӯянд, ҷавон бар асари латукӯбу шиканҷа ба ҳалокат расидаааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи натиҷаҳои расмии ташхиси судиву тиббӣ, ӯ дар натиҷаи бемории варами шуши дутарафа ҳалок шудааст. Адвокат Саймумин Кабиров, ки хизматгузориаш аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, дар ин робита иттилоъ дод, ки волидони фавтида ба натиҷаи ташхиси дар боло зикршуда розӣ нашуда, дархост кардаанд, ки ташхиси комиссиявии судиву тиббӣ гузаронида шавад, зеро Шамсиддин қаблан аз ҳеҷ беморие шикоят намекард. Ба гуфтаи адвокат, рӯзи 14-уми май Прокуратураи генералии ҶТ ташхиси комиссиявии судиву тиббиро таъин кардааст, ки ба ҳайати он намояндагони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ, Вазорати тандурустӣ ва мудофиа шомил шудаанд».
- Рӯзи 27-уми май дар ҳузури ман ҷасади Шамсиддин Зайдуллоев барои ташхиси дубора аз макони дафн (гӯр) берун оварда шуд (эксгуматсия карда шуд). Натиҷаҳои ин ташхисро ахири моҳи июн интизорем, - иброз доштааст адвокат.
Хабаргузории «Озодагон» рӯзи 26-уми июн хабаре бо номи «Мақомот: Шамсиддин аз шиканҷа не, аз дарди шуш фавтидааст» нашр карда, навишт: «Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳуқуқи инсон аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардаанд, ки 26-уми июн, Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷаро эҳтиром гузоранд ва поён гузоштан ба ин падидаро ба уҳда бигиранду адолатро дар баробари одамони мавриди шиканҷа риоят кунанд. Ба гуфтаи ин созмонҳои ҳуқуқи башар, қурбониёни шиканҷа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бурдани шикоят метарсанд ва ҷуръати кӯмак гирифтан аз вакили мудофеъро ҳам надоранд. Аз рӯи ҳисоби Эътилофи созмонҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз аввали соли 2015-ум 20 мавриди шиканҷа ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳайси намуна дар иттилоияи ин созмонҳо қазияи Шамсиддин Зайдуллоев омадааст, ки наздиконаш иддао доранд, ӯ дар пайи латукӯб аз ҷониби маъмурини Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нимаи моҳи апрели соли равон ҷон додааст».
Ёдовар мешавем, ки ахири моҳи апрели соли равон Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯи далели марги сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Шамсиддин Зайдуллоев тибқи аломатҳои қ.3, моддаи 143, дараҷ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Тавре қаблан зикр карда будем, моҳи июн моҳи чорабиниҳо оид ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи қурбониёни шиканҷа буд. Дар ҳамин замина рӯзи 19-уми июн торнамои NoTorture.Tj бо нашри як матлаб хабар дод, ки «Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷаро дар Тоҷикистон қайд мекунанд».
- Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» иқдомеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор мекунад.
Дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир мегардад, ки дар он саргузашти воқеии қурбониёни шиканҷа инъикоси худро меёбад.
Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст,- иттилоъ дод торнамо.
Чанд муддат аз ин баъд, рӯзи 26-уми июн хабаргузории «Азия-Плюс» матлаби чандрасонаие бо номи «Иқдоми «Нест бод шиканҷа!» дар Тоҷикистон» пахш карда, хабар дод: «Имрӯз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар толори конфронси «Маркази Вефа» як иқдомеро ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор намуд».
Ин хабаргузорӣ аз қавли Нигина Баҳриева, роҳбари Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон муддати 20 сол боз узви Конвенсияи зидди шиканҷа буда, он соли 1995 дар Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт.
- Аз ҳамон сол Тоҷикистон зидди шиканҷа муборизаи қотеъона эълон кард ва мебояд гуфт, ки бахусус тайи панҷ соли охир корҳои зиёде дар ин самт анҷом дода шуданд. Мо яке аз кишварҳои аввалин будем, ки моддаи «Шиканҷа»-ро ба Кодекси ҷиноӣ маҳз дар ҳамон шакле, ки дар Конвенсияи зидди шиканҷа дарҷ ёфтааст, ворид кардем. Ҳамчунин, Тоҷикистон яке аз нахустин давлатҳоест, ки дар он мурофиаҳои судӣ оид ба ҷубронпулӣ ба ҷабрдидаҳо аз шиканҷа сурат гирифтанд, - гуфтааст ӯ.
Хабаргузории TojNews ҳам рӯзи 26-уми июн бо нашри хабар таҳти унвони “Шиканҷа ҳамоно аз мушкилоти доғ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад” аз ҷумла навишт: «Нигина Баҳриева, сарвари Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо нигаронӣ мегӯяд, ки ҳамоно ин падидаи номатлуб яке аз мушкилоти доғ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аз ҳамкориҳояшон бо мақомоти ҳукуматӣ истиқбол кард, ки шиканҷаро яке аз мушкилот эътироф кардаанд».
Торнамои Faraj.tj матлаби чандрасонаиро бо номи «Бобоназарова: Нафароне, ки шиканҷа мекунанд, набояд авф шаванд!» пахш карда, навишт: «Ҳуқуқшиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа дар Душанбе доир гашт, аз афзоиши шиканҷа дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфт, шахсоне, ки дигаронро зери шиканҷа қарор медиҳанд, набояд авф карда шаванд. Ба назари бонуи ҳуқуқшиноси тоҷик, пештар ҳукуматдорони мо мегуфтанд, ки шиканҷа дар кишвари мо мавҷуд нест, вале чун дар солҳои охир чандин далели шиканҷа ошкор гашт ва нафарони бегуноҳ аз ҳаёту саломатӣ маҳрум шуданд, баъд онҳо қоил шуданд, ки дар ҷомеа шиканҷа вуҷуд дорад... Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, аз ҷониби Омбудсмен ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон изҳороте оид ба шиканҷа пахш нашудааст, ё худ маротибае дар парлумон низ баромад накардаанд роҷеъ ба шиканҷаву муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра».
Аммо Ҳусниддин Нидоев - муовини сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки «дар натиҷаи гузаронидани мониторинг маълум шуд, ҳоло дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шароит хеле пеш рафтааст ва муносибати сарбозон низ хуб шудааст. Ман дар бораи он қисмҳои ҳарбие гап мезанам, ки дар ноҳияҳои Данғара, Ашт, Конибодом ва Ⱪӯрғонтеппа буданду онҷо мо мониторинг гузаронидем. Дар вақти гузаронидани мониторинг ягон шиканҷа ба назар гирифта нашудааст».
Аммо хабаргузории TojNews рӯзи 27-уми июн бо номи «Ойниҳол Бобоназарова: Вақте сарбозеро латукӯб мекунанд, ӯ Ватанро ҳимоя намекунад» суҳбатеро пахш кард, ки дар он ин ҳуқуқшинос муфассалтар изҳори назар мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа соли 1997 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ таъсис дода шуд. Мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин дигар санадҳои байнулмилалие, ки Тоҷикистон пазируфтааст, шиканҷа дарду азоби ҷисмонӣ ё маънавие мебошад, ки намояндагони мақомоти давлатӣ нисбат ба шаҳрвандон барои ба даст овардани иқроршавӣ раво дидаанд.