Сарусадо оид ба ҳолатҳои нави шиканҷа

Сарусадо оид ба ҳолатҳои нави шиканҷа

Дар моҳи августи соли равон расонаҳои Тоҷикистон идомаи баррасии чанд ҳолатеро, ки оид ба шиканҷа баҳс мекарданд, инъикос намуданд. Вале ҳам дар моҳи август ва ҳам сентябр сарусадо дар мавриди ҳолатҳои нави шиканҷа низ вуҷуд дошт.

Яке аз мавзӯҳои асосӣ қазияи шоҳидони марги маҳбус Ҳамза Икромзода буд, ки ба таври васеъ расонаӣ шуд. Ҳафтаномаи «Озодагон» таҳти унвони «Додгоҳи олӣ ҳукми Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро ғайриқонунӣ донист» (№29 (338), аз 6-уми августи соли 2014) матлаберо ба табъ расонида, хабар дод: «Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев - ду маҳбуси тоҷикро бекор карда, парвандаашонро барои баррасии дубора фиристодааст».

Ҳафтаномаи мазкур барои равшанӣ андохтан ба қазия аз таърихи он мухтасар ёдовар мешавад: «Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми октябри соли гузашта Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, ду маҳбуси муттаҳам ба паҳн намудани иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониёнро мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум карда буд. Он замон адвокат Файзиннисо Воҳидова аз ин ҳукми додгоҳ норизоӣ карда, гуфта буд, ки ба зинаҳои болотар шикоят хоҳад бурд. Ба қавли ин вакили мудофеъ, “додрас барои ҷудо кардани мӯй аз хамир ягон заҳмат накашидааст. Қарорро аз рӯи хулосаи айбдоркунии мақомоти тафтишоти пешакӣ рӯйбардор кардааст".

Бояд гуфт, Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоие, ки дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд нақл мекунад, айбдор шуданд. Ин ду нафар ҳамроҳи як гуруҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги мармузи Ҳамза Икромзода, як сокини ҷавони Ҳисор, дар зиндони рақами яки Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтанд. Баъд аз ин навори видеоие дастраси расонаҳо шуд, ки дар он ин гуруҳи маҳбусон аз шиканҷа дар зиндонҳо шикоят кардаву захмҳои бадани худро намиш медиҳанд. Мақомот ин видеоро сохта дониста, Тошев ва Ризоевро барои паҳн намудани иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониён ба додгоҳ кашиданд.

Худи ҳамин рӯзи нашри ин хабар, яъне 6-уми август, хабаргузории «Озодагон» бо пахши матлаби дигар бо номи «Падари Тошев мегӯяд, баъд аз 7 моҳ иҷоза додаанд, писарашро бубинад» аз қавли падари маҳбус Садриддин Тошев - Бадриддин Тошев навишт, ки мақомот танҳо баъд аз 7 моҳи муроҷиати батакрор иҷозаи вохӯрӣ бо писарашро додаанд. Падари ин маҳбуси тоҷик дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтааст, ки бар асоси ваъдаи мақомот рӯзи 9-уми август бо Садриддин Тошев мулоқот хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки торнамои Faraj.tj рӯзи 6-уми август таҳти унвони «Садриддин Тошев навори шиканҷа дар зиндонро сохта номид» гузорише пахш кардаву аз тобиши нави қазия хабар дод.

- Дар СИЗО-и №1-и шаҳри Душанбе вохӯрии журналистон бо маҳбус Садриддин Тошев баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ Тошев С. аз пахши навори шиканҷае, ки худи ӯ ҳамчун ҷабрдида муаррифӣ мешуд, изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки чунин «иқдомсозӣ»-ҳои нафарони манфиатдор асоси воқеӣ надоранд. Ӯ гуфт, ки ҳизбу ҳаракатҳои алоҳида барои пиёда кардани мақсадҳои худ маҳбусонро истифода мебаранд,- навишт сомона.

Ба иттилои торнамои мазкур, худи Садриддин Тошев дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст: «Наворе, ки тавассути торномаҳои интернетӣ пахш гардид ва дар он гӯё ман ҷойҳои зарбхӯрдаи баданамро ба намоиш гузаштаам, воқеият надорад. Ҳоло техника ва технология пеш рафтааст. Дилхоҳ нафари соҳибақл агар хуб мушоҳида кунад, сохта будани ин наворро пай мебарад».

Инчунин, С. Тошев аз марги Ҳамза Икромзода ёдовар шуда, зикр кардааст, ки шоҳиди марги ӯ набуд.

Ҳамзамон, худи ҳамин рӯз торнамои Faraj.tj хабаре бо номи «Шарифзода: Дар Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд надорад» пахш кардаву аз қавли сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатулло Шарифзода навиштааст: «Дар зиндонҳои мо касе дучори шиканҷа намегардад. Агар маҳбусон тартиботро вайрон кунанд, фақат огоҳ мекунем, ки ин корро дигар такрор накунанд. Шароити маҳбасхонаҳои мо хуб аст. Гузоришдиҳандаи СММ оид ба шиканҷа Хуан Мендес ҳам ба шароиту тартиби зиндонҳои мо ҳангоми шиносоӣ баҳои хуб дода буд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки бигзор аз маҳбасхонаҳои Тоҷикистон дигарон биомӯзанд. Ман ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки маҳбусон мавриди шиканҷа қарор бигиранд».

Ҳаминҷо лоиқ ба зикр аст, ки санаи 13-уми сентябри соли 2014 торнамои NoTorture.Tj бо пахши матлабе таҳти унвони «Натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон муаррифӣ мешавад»  аз муаррифии гузориши пешакӣ аз рӯйи натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон, ки бояд 15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешуд, хабар дод. Дар ин хабар зикр гардид, ки мониторинги мазкур дар соли 2014 аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ гузаронида шудааст.

Дере нагузашта, санаи 15-уми сентябр ҳамин торнамо бо номи «Мониторинг: Аз шиканҷа шикоят нашуд»  аз рафти муаррифӣ гузориш дод. Дар ин гузориш аз ҷумла омадааст: «Дар нишаст мушовири масоили ҳуқуқи инсони Дафтари швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Патрисия Дворачек ва мушовир оид ба ҳуқуқи инсони СММ Лилия Захариева андешаҳои худро иброз доштанд. Сипас муовини сарвари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Таҳмина Ҷӯраева, вакили мудофеъ Худойдод Ёрматов, сармутахасси шуъба оид ба ҳимояи давлатии ҳуқуқи кӯдакони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Парвиз Маҷидов ва муовини сардори шуъба оид ба ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев, ки дар муассисаҳои пӯшидаи кишвар мониторинг гузаронидаанд, шарҳу тавзеҳоти худро матраҳ карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ҷараёни мониторинг касе аз мавҷудияти шиканҷа шикоят накарда, танҳо дар баъзе ҳолатҳо суҳбат оид ба гирифтани вакили мудофеъ ва ё кӯмаки тиббӣ вуҷуд доштааст.

Дар давоми баҳсу баррасӣ таъкид шуд, ки гузориши пешакӣ ҳанӯз номукаммал буда, пас аз таҳлили пешниҳодоти ироашуда такмил меёбад ва дастраси умум мегардад».

Торнамои «Озодӣ» бошад, санаи 6-уми август гузориши муфассале таҳти унвони «Садриддин Тошев видеои шиканҷаро саҳнасозӣ номид» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Хабарнигорони якчанд нашрияи Тоҷикистон бо шумули Радиои Озодӣ рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми август барои боздид ба зиндони рақами 1 даъват шуданд. Иззатулло Шарифзода, раҳбари Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, мулоқот ва сӯҳбат бо рӯзноманигорон тасмими худи Тошев буд ва мақомоти зиндон низ хоҳиши ӯро иҷро карданд. Раиси маҳбасҳои Тоҷикистон воқеияти навори шиканҷаро, ки дар сомонаи «Озодӣ» ва чанд нашрияи дигар чоп шуда буд, инкор кард ва гуфт, ки ҳамаи ин саҳнасозӣ буд».

Ин хабаргузорӣ ҳамзамон нутқи худи И. Шарифзодаро иқтибос овардааст, ки мегӯяд: «Онҳо худашонро латукӯб кардаанд. Тошев иқрор шуд ва аз ин кораш пушаймон шудааст. Ӯ гуфт, ки пушаймон шудааст ва хост бо рӯзноманигорон сӯҳбат кунад. Ӯ гуфт, ки нав фаҳмид, ки онҳоро истифода мебаранд. Хоҳиш кард, ки чун қаҳрамони матбуот буд, ӯро бо онҳо рӯ ба рӯ кунанд ва ҳарфи дилашро гӯяд».

Дар ҳамин маврид ҳафтаномаи «Тоҷикистон» низ як хабари васеъ таҳти унвони «Иззатулло Шарифзода моро ба маҳбас бурд» (№32 (1074), аз 7-уми августи соли 2014) ба табъ расонид, ки дар он аз номи маҳбус Садриддин Тошев аз ҷумла гуфта мешавад: «Ман дар марги Ҳамза пеш аз ҳама бародари ӯ Амиралӣ ва Маҳмурод Одинаев - падари Суннатулло Ризоевро гунаҳкор медонам. Мо чанд нафари гумроҳ, бо дастури онҳо даст ба пахши ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа зада будем. Ман тамоми ҷузъиёти ин ҳодисаро дар назди мақомоти дахлдор гап мезанам. Гумроҳ шуда, ба гапи ин афрод даромадам, набошад барои ба озодӣ баромадан муҳлати каме монда буд. Ман соҳиби ду фарзанд ҳастам. Фарзандам аллакай 14-сола асту падараш дар маҳбас. Касе маро маҷбур намекунад, ки ин суханҳоро гап занам».

Аммо баъдан, санаи 11-уми августи соли 2014 хабаргузории TojNews хабаре бо номи «Вокуниши Зойиров ба "муроҷиат"-и Қорӣ Садриддин»  пахш кард, ки дар сархати он гуфта мешавад: «Раҳматилло Зойиров ба наворҳои видеоӣ, ки дар онҳо Қорӣ Садриддин, яке аз маҳбусон ва шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода, ки шикоятҳояшро дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтан аз ҷониби масъулини маҳбас рад кард, вокуниш нишон дод. Дар ин наворҳо, ки аввал дар интернет ва баъдтар дар расонаҳои наздик ба ҳукумат пайдо шуданд, Садриддин Тошев, маъруф ба Қорӣ Садриддин, аз ҷумла Раҳматилло Зойиров, Маҳмурод Одинаев ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро ба "иғвоангезӣ" дар расонаҳо муттаҳам карда, гуфта буд, ки касе ӯро шиканҷа надодааст ва дар маҳбасҳо шиканҷа умуман вуҷуд надорад».

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар изҳороте дар ин бора, ки 11-уми август пахш кардааст, мегӯяд: "Ман Садриддин Тошевро надидаам, бевосита намешиносам ва ягон бор бо ӯ ҳамсуҳбат нашудаам. Якумин бор дар бораи ӯ хабарро моҳи ноябри соли 2012 шунидаам. Бо падари ӯ танҳо як бор дар соли 2013, як бор дар соли 2014 вохӯрда, ҳамсуҳбат шудам. Бояд қайд намоям, ки мутаассифона Садриддин Тошев байни шиносҳояш ва хусусан маҳбусон номи файласуфро сазовор шуда буд, ба сиёсатбозии провокатсионии таъҷилии роҳбарияти Сарраёсати ислоҳии ҷазои Вазорати адлия, фикр мекунам, ки якҷоя бо шахсони мутасаддии КДАМ-и Тоҷикистон дучор гашта, "бечора" шуд. Барои чӣ ин чорабинии роҳбарияти Сарраёсати ислоҳии ҷазо таъҷилӣ шуд? Барои он, ки Суди Олии Тоҷикистон дар асоси шикоятҳои назоратии ҳимоятгар Файзинисо Воҳидова он қарорҳои судие, ки нисбати Садриддин Тошев ва дигарон вобаста бо айбдор донистан ва "этап" кардани онҳо ба зиндони вилояти Суғдро бекор кард ва бояд ин парвандаҳо аз нав баррасӣ гарданд. Дар ин ҳолат барои сафед кардани худ барои раҳбарияти Сарраёсати ислоҳии ҷазо лозим буд, ки Садриддин Тошев бо ин гуна баёния мавқеъгирӣ намояд… Ман нисбати ҳам Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ҳам Маҳмурод Одинаев ва дигарон, аз ҷумла нисбати худам, яъне Раҳматилло Зойиров, ҳаминро гуфта метавонам, ки мо дар ҷараёнҳои ба миён омада, ки дар бораи онҳо Садриддин Тошев баёния дод, беғараз будем, ҳастем ва мемонем. Ягона ғарази ман ҳамчун ҳуқуқшинос - ин додани ҳақ ба ҳақдор ва ҷазои мунсифона ба ноҳақ аст».

Чанд рӯз баъд аз ин вокуниш торнамои NoTorture.Tj бо пахши матлабе таҳти унвони «Адвокат: Тошев таҳти фишори роҳбарияти СРИҶ баромад кард»  аз норозигии ҳуқуқшиноси дигар, вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова хабар дод.

Адвокат гуфтааст, ки «бояд ҷои қарордоштаи Тошевро низ ба назар гирифт. Баъди интиқоли ӯ аз СИЗО-и шаҳри Хуҷанд ба СИЗО-и шаҳри Душанбе, давоми 7 моҳ ба ӯ иҷозат надоданд, ки бо наздиконаш вохӯрад. Инчунин, боздошти ӯ дар шароити СИЗО ғайриқонунӣ аст».

Ниҳоят, ҳафтаномаи «Озодагон» хабаре бо номи «Дидорбинии Тошев бо зану фарзанд ва падараш дар зиндон» (№31 (340), аз 20-уми августи соли 2014) ба табъ расонида, аз ҷумла навишт: «Масъулони зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе баъд аз ҳафт моҳи муроҷиати батакрори пайвандони Садриддин Тошев, маҳбуси тоҷик, иҷоза додаанд, ки ӯ бо зану фарзанд ва падараш мулоқот кунад».

Бадриддин Тошев, падари ин маҳбус дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтааст, ки бар асоси ваъдаи мақомот, зану фарзанди Садриддин ва худи ӯ тавонистаанд бо писараш 9-уми август мулоқот кунанд. Тошев аз раҳбарияти зиндони рақами 1-и Душанбе ва муовинаш - Раҳмонов миннатдорӣ кардааст, ки билохира баъд аз ҳафт моҳ ба писараш иҷоза доданд, то бо зану фарзанд ва худи ӯ мулоқот кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки хабаргузории «Азия-Плюс» рӯзи 23-юми август таҳти унвони «Сардори маҳбаси ЯС №3/7 Рустам Тоштемиров боз аз мансаб барканор шуд»  хабар пахш карда, навишт: «Сардори муассисаи ислоҳии ЯС №3/7-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Рустам Тоштемиров, ки дар қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз ӯ ном бурда мешуд, бори навбатӣ аз мансаб сабукдӯш гардид. Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ӯ санаи 20-уми август аз вазифааш барканор шуда, ба ҷойи ӯ полковник Тоҷиддин Мирзоев, ки қаблан ба ҳайси сардори яке аз зиндонҳо дар ноҳияи Ваҳдат ифои вазифа мекард, ба ин мансаб таъин шудааст».

Дар Сарраёсат аз шарҳи сабабҳои аз мансаб барканор шудани Р. Тоштемиров худдорӣ варзида, ҳамчунин зикр кардаанд, ки дар бораи ба ягон вазифаи дигар таъин шуданаш ҳам огоҳӣ надоранд.

Ин хабаргузорӣ ҳамзамон ёдрас мешавад, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Иззатулло Шарифов ба хешовандону наздикони маҳбуси ҳалокшуда Ҳамза Икромзода, ки дар назди бинои Сарраёсат бо талаби тафтиши дақиқи марги ӯ дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1 ҷамъ омада буданд, ваъда дод, ки сарфи назар аз натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ, сардори ин муассиса Рустам Тоштемировро аз вазифааш озод хоҳад кард. Ба эътиқоди хешовандону наздикони Икромзода, ӯ бар асари истифодаи шиканҷа ва латукӯби бераҳмона ба ҳалокат расидааст. Зикр гардида буд, ки нисбати чор нафар - Маҳмуд Исмоилов, Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад, вале то имрӯз аз рӯи ин парванда танҳо Маҳмуд Исмоилов муҷозот шудааст.

Чанде баъд, санаи 26-уми август, торнамои «Озодӣ» бо пахши хабар таҳти унвони «Рафаэл ду рӯз пас аз боздошт фирор кард»  навишт: «Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Рафаэл Мақсудов - шоҳиди марги Ҳамза Икромзода, ки рӯзи 24-уми август дар ноҳияи Ҳисор барои содир кардани чанд ҷиноят боздошт шуда буд, фирор кардааст ва феълан дар пайгарди умури дохилӣ қарор дорад».

Ба иттилои хабаргузорӣ, Рафаэл Мақсудов - зиндонии собиқ бо иттиҳоми авбошӣ ва ғоратгарӣ ва бар асоси шикояти чанд сокини ноҳия боздошт шуда будааст.

Аммо нимаи дуввуми моҳи сентябр ҳафтаномаи «Чархи гардун» бо номи «Рафаэл Мақсудовро дар Хуҷанд боздошт кардан» (№38 (942), аз 17-уми сентябри соли 2014) хабаре ба нашр расонид, ки дар сархати аввали он гуфта мешавад: «Рафаэл Мақсудов - шоҳиди парвандаи пурсарусадои марги Ҳамза Икромзода баъди беш аз ду ҳафтаи фирораш аз боздоштгоҳи пулиси ноҳияи Ҳисор дар шаҳри Хуҷанд боздошт шудааст».

Навбатдори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки Рафаэл Мақсудов ҳангоми як амали дуздӣ дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони милиса боздошт шуда, зимни кофтуков аз ҷайбаш 300 сомонӣ ҳам ёфт шудааст. Аз ин шуъба ҳамчунин гуфтаанд, ки барои маълум кардани шахсияти Рафаэл Мақсудов ба идораи ЗАГС-и шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, маълумотнома дар бораи шахсияти ӯро дарёфт кардаанд ва тафтишоти пешакӣ нисбати номбурда идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Рафаэл Мақсудов дар гузашта бо гуноҳи дуздӣ ба сеюним соли зиндон маҳкум шудааст ва ӯро моҳи апрели ҳамин сол баъди адои ҳукм озод карданд. Номи Рафаэл дар матбуот аз он вақт сари забони матбуоти Тоҷикистон шуд, ки ӯро дар робита ба марги Ҳамза Икромзода муфаттишон бозпурсӣ карданд.

Яке аз мавзӯҳои баҳсбарангезу доманадор қазияи сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев буд, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар расонаҳои Тоҷикистон ба таври васеъ инъикос ёфт. Нахуст ҳафтаномаи «Фараж» аввали моҳ мақолаи таҳлилие бо номи «Кӯмакҳои рамазонӣ ба сарбози маъюб» (№32 (401), аз 6-уми августи соли 2014) ба табъ расонид. Ҳангоми таҳлили мавзуъ дар бораи кӯмакҳои хайрияи як қатор мақомоту шахсиятҳои кишвар, бахусус Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев ва инчунин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев сухан меравад. Матлаби нашрия бо назар ва нақл аз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди шиканҷа анҷом ёфтааст, ки мегӯяд: «Ман тааҷҷуб кардам, вақте ки як масъули баландпояи давлатӣ ҳангоми суҳбат бо мақомот шиканҷаро танқид кард, вале ҳамзамон гуфт: «Мефаҳмам, шумо ҳам бояд натиҷа бигиред. Вале эҳтиёт кунед, нагузаронед». Ин чӣ маъно дорад, «мефаҳмам, эҳтиёт кунед, нагузаронед»? Шиканҷа ҷиноят аст, ҷои фаҳмидану эҳтиёт надорад. Вагарна, байни он ҷинояткору мақомот фарқе намемонад, агар ҳарду ҷиноят содир кунанд. Яке аз роҳҳои пешгирӣ аз шиканҷа ба суд кашидани мақомотест, ки аз ин услуб истифода мекунанд ва бекор кардани парвандаҳо, эътирофҳое, ки дар натиҷаи шиканҷа ба даст меоянд. Ҳоло ҳам қонун инро талаб мекунад, вале амалӣ намешавад ин талабот».

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 7-уми август хабаргузории «Озодагон» бо номи «Қарори Додгоҳи олӣ дар бораи 9 сол зиндонӣ шудани Усмон Ғайратов»  хабар пахш карда, иттилоъ дод: «Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8-уми август нуҳ сол зиндони Усмон Ғайратов, фелдшери як қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро, ки дар латукӯби Шаҳбол Мирзоев муҷрим шинохта шудааст, бидуни тағйир боқӣ гузошт».

Хабаргузорӣ ҳамзамон ёдовар мешавад, ки «Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро дар латукӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова - навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнида хоҳад шуд».

Баъдан, санаи 8-уми август, хабаргузории TojNews таҳти унвони «Суди Олӣ ҳукми Усмоналӣ Ғайратовро бетағйир гузошт» ва рӯзи 9-уми август хабаргузории «Азия-Плюс» бо номи «Ҳукм ба фелдшери сарбозро латукӯбкарда бетағйир боқӣ гузошта шуд»  хабарҳо пахш карданд. Ба навиштаи «Азия-Плюс», Абдулмаҷид Ризоев, адвокати сарбози латукӯбшуда иттилоъ додааст, ки адвокатҳои Ғайратов аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ бурдаанд ва коллегияи ҳарбии Суди Олӣ шикояти онҳоро рад намудааст.

Дар пайи ин иттилоот, рӯзи 28-уми август торнамои «Озодӣ» хабар дод, ки «Шаҳболро аз дармонгоҳ ҷавоб додаанд». Ба навиштаи ин торнамо, Шаҳболро рӯзи 25-уми август бо иҷозаи табибон аз Хуҷанд барои 2-3 ҳафта ба хонаашон бурдаанд. Падари ӯ Нӯъмон Мирзоев гуфтааст, ки ҳозир табибон Шаҳболро умдатан бо масҳу молиш табобат мекунанд ва истеъмоли доруро хеле кам кардаанд. Вай афзудааст, ки табибон дар ҳоли ҳозир ба по хезондану машқи қадамзанӣ кунонидани Шаҳболро иҷозат надодаанд: “Ҳозир Шаҳбол лоғар аст. Баъди 10-15 рӯз боз ба дармонгоҳ бармегардем ва умедворем, ки ба по хезонданашро сар мекунем”.

Гуфта мешавад, ки Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ба иттилои расонаҳо, ӯ шоми 6-уми марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латукӯб қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

Мавзӯи дигари баҳсбарангези моҳи август дар мавриди шиканҷа қазияи маҳбус Умед Тешаев буд. Дар ин замина, санаи 1-уми август торнамои «Озодӣ» бо номи «Ҳукми сартароше, ки сардори маҳбасро бо қайчӣ кушта буд, бекор шуд» гузорише пахш кардаву аз ҷумла навишт: «Додгоҳи Олии Тоҷикистон баъд аз баррасии ҳукми Умед Тешаев, ки ҳангоми сартарошӣ бо 18 зарби қайчӣ сардори маҳбасхонаи Кӯлоб Умар Қаюмовро кушта буд, ба натиҷае расид, ки ҳукми 30 соли зиндон барои ин ҷиноят кофӣ нест ва парвандаро ба таҳқиқи дубора фиристод. Ин ҳукм 8-уми апрели соли равон аз тарафи Додгоҳи вилояти Хатлон содир шуда, ҳанӯз ҳамон вақт сабаби эътирози наздикони Қаюмов шуда буд».

Ба иттилои хабаргузорӣ, наздикони Тешаев мӯътақиданд, ки ӯ гирифтори бемории рӯҳӣ аст ва бояд табобат бигирад, аммо додгоҳ дар баррасии охири парвандааш ӯро солим дониста, барои содир кардани ду ҷиноят дар маҷмӯъ 30 сол ҳукми зиндон дод. Наздикони ӯ мегӯянд, ки пас аз ҳодисаи қатли сардори маҳбас, Умед Тешаев мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Бахтиёр Эргашев, тағои Умед Тешаев гуфтааст, ки баъди ин ҳодиса ӯро дар маҳбас таҳти шиканҷа қарор дода, сахт латукӯб ва гӯши чапашро чок кардаанд. Вай афзудааст, ки имрӯз Эътилофи зидди шиканҷа ва Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Душанберо аз ин қазия дар ҷараён гузоштаанд. Аммо муфаттишони парванда шиканҷа шудани Тешаев ва чок задани гӯши ӯро дур аз воқеъият хонда, рад мекунанд.

Аммо санаи 28-уми август хабаргузории TojNews бо пахши як хабар таҳти унвони «Сартароши зиндонӣ ба ҳукми абад маҳкум шуд»  навишт, ки «Суди Олии Тоҷикистон қарори Суди вилояти Хатлонро дар бораи 30 сол ҳабси Умед Тешаев - қотили сардори маҳбаси Кӯлоб бекор карда, ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард. Суди Олии Тоҷикистон дар мурофиаи кассатсионие, ки 27-уми август баргузор шуд, ҳукми Суди вилояти Хатлонро дар бораи 30 сол ҳабси Умед Тешаев сабук шуморид».

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, ахиран модари маҳбус ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, хостори кам кардани ҳукми ҷазо ба фарзандаш шудааст.

Қазияи дигари пурсарусадо сарнавишти як нафар боздоштшудаи фавтида аз ноҳияи Вахш - Низомиддин Ҳомидов буд. Дар ин мавзуъ рӯзи 14-уми август торнамои «Озодӣ» таҳти унвони «Афсари милисаро барои марги маҳбус ҷарима карданд»  ва санаи 15-уми август торнамои Faraj.tj бо номи «Вахш: Милисаро барои марги боздоштшуда ҷарима карданд»  гузоришу хабар пахш карданд. Ҳарду расона низ навиштанд, ки Суди ноҳияи Вахш Зайниддин Назриев, афсари милиса ва навбатдори боздоштгоҳи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахшро барои роҳ додан ба марги як гумонбаршуда ба ҷиноят гунаҳкор дониста, ба миқдори 36 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Аммо ҳукми суд эътирози наздикони Низомиддин Ҳомидовро ба бор овардааст.

Бояд гуфт, ки Низомиддин Ҳомидови 27-сола 30-юми марти соли равон бо гумони дуздӣ боздошт шуда, баъди як шаб мондан дар боздоштгоҳи милиса ба ҳалокат расида буд. Мақомот ба пайвандони Низомиддин гуфта буданд, ки вай дар ҳуҷраи боздоштгоҳ бо майкае, ки дар танаш дошт, худро овехтааст. Вале падари Низомиддин - Ҷунайд Ҳомидов ба фарзияи мақомот бовар надорад ва мегӯяд, ки дар як шаб писарашро ончунон латукӯб кардаанд, ки қабурғаҳояш шикаставу доғҳои сиёҳ дар баданаш рӯшан дида мешуд. Ба қавли падараш, ӯ навори осори шиканҷа дар бадани фарзандашро ба Вазорати корҳои дохилӣ, додситонӣ ва идораҳои дигар бурдааст. Вале мақомоти интизомӣ ин иддаоро рад мекунанд.

Аллакай рӯзи 14-уми августи соли ҷорӣ дар матлаби пахшкардаи торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Халифазода: Аз аввали сол ягон парванда оид ба моддаи «шиканҷа» набуд»  сардори Раёсати назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъадори Додситонии кулли Тоҷикистон Муҳаммадризо Халифазода гуфта буд, ки айни замон дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун барои ба танзим даровардани фаъолиятҳо оид ба пешгирии ҷинояту қонунвайронкуниҳо таҳия шуда истодааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин лоиҳаи қонун банде мавҷуд аст, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорагар аст ва ҳамин банд инчунин метавонад барои пешгирии шиканҷа мусоидат кунад.

Тавре торнамои мазкур менависад, тибқи маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар нимсолаи аввали соли 2014 ба мақомоти прокуратура 10 шикояту ариза дар бораи шиканҷа ва зӯроварӣ ворид шуда, вале ягон далел тасдиқ нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки як сокини ноҳияи Қубодиён Ҳусниддин Қурбонов аз бераҳмиву ноадолатии милисаҳо шикоят карда буд. Рӯзи 11-уми август торнамои NoTorture.Tj бо номи «Сокини Қубодиён аз муносибати бераҳмонаи кормандони милиса шикоят кард»  хабаре пахш карда, аз ҷумла навишт: «Сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз муносибати бераҳмонаи кормандони ШВКД-и минтақавӣ шикоят кард. Сокини 42-солаи деҳаи Чорбоғи ҷамоати Ниёзов - Ҳусниддин Қурбонов дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфтааст, ки 3-юми август, баъди бозии дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиён миёни ҳаводорони футбол ҷанҷол бархостааст».

- Кормандони милиса чанд нафар ҳаводори футбол, аз ҷумла дӯсти маро ҳам ба шуъбаи милиса бурданд. Ман аз кормандони милиса хоҳиш кардам, ки дӯстамро ҷавоб диҳанд, зеро ӯ дар ҷанҷол иштирок надошт. Ҳамин вақт корманди ҷустуҷӯи ҷиноятӣ Изатулло Раҳматов суханҳои ноҷо гуфт ва маро зарба зад. Ҳамон ҷо муовини сардори ШВКД-и ноҳия Пиров низ ба номи модарам дашном дод. Маро аз соати 9 то 20 дар шуъбаи милиса нигоҳ доштанд. Вақте маро раҳо карданд, ба шуъба прокурор омад, ки ба ӯ дар бораи он, ки кормандони милиса маро латукӯб кардаву дашном доданд, нақл кардам,- гуфтааст Қурбонов.

Ба иттилои торнамо, прокурори ноҳияи Қубодиён Суҳроб Ҳусейнов зикр кардааст, ки ба прокуратураи ноҳия то ҳол аз номи Ҳусниддин Қурбонов ягон шикоят ворид нашудааст.

Вале ин ягона ҳолати нав дар мавзӯи шиканҷа нест. Рӯзи 16-уми август торнамои «Озодӣ» бо пахши матлабе таҳти унвони «Шоҳиди парванда мегӯяд, ки ба ӯ таҳдид мекунанд»  аз ҳолати дигари шикоят аз шиканҷа хабар дод.

- Маҳмуд Назиров, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ 14-уми август бояд дар парвандаи Файзалӣ Давлатов, ки бо гумони куштор дар боздоштгоҳ қарор дорад ва парвандаашро Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои баррасии дубора ба додгоҳи Хатлон ирсол кардааст, шоҳидӣ медод. Аммо Назиров мегӯяд, қабл аз мурофиаи додгоҳӣ ӯро ба ШКД даъват карданд ва гуфтанд, ки шаҳодаташро тибқи гуфтаи онҳо баён созад, вагарна ӯро ҷисман маъюб хоҳанд кард. Аммо замоне, ки ӯ ин гуфтаро рад мекунад, ӯро мавриди латукӯб қарор медиҳанд,- менависад ин торнамо ва меафзояд: «Кормандони пулиси ноҳияи Ҳамадонӣ соле пеш Файзалӣ Давлатов, як сокини Ҳамадониро бо гумони «қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марг мешавад» дар марги Дилшод Латипов, сокини дигари ин ноҳия гумонбар дониста, боздошт карда буданд. Аммо наздиконаш иддао доранд, ки Дилшод Латипов, ки Давлатовро дар марги ӯ муҷрим медонанд, худ ҳангоми сархӯшӣ афтода, сараш дар бетон бархӯрда, ҳалок шудааст, на ин ки аз зарби мушт афтодааст. Маҳмуд Назиров ягона шоҳиди афтидани Латипов ба замин аст, ки ҳоло мегӯяд, кормандони ШКД-и Ҳамадонӣ барояш мегӯянд, ин ҳолатро ба гунаи дигар дар додгоҳ баён созад».

Ҳуди Маҳмуд Назиров дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфтааст: «Маро кормандони ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ маҷбур доранд, ки ба хостаи онҳо шоҳидӣ диҳам. Илтимос, маро назананд, ман дурӯғ гуфта наметавонам. Дар ҳама ҷо гуфтам, ки ман дидам, ки Дилшод худаш афтид ва задани Файзалиро надидам. Аммо маро мегӯянд, ҳодисаро дигар хел нақл кун. Чӣ тавр дурӯғ бигӯям? Маро чанд мушт заданд ва як ангуштамро қатъ карданд, ки ҳоло сахт маъюб шудааст».

Ин шоҳиди парванда гуфтааст, ки исми кормандони милисаро намедонад, вале агар бубинад, онҳоро мешиносад. Аммо дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ рух додани чунин ҳолатеро комилан рад кардаанд.

Мавзӯи аз ҳама ҳангомадор, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҷунбиш овард ва дар расонаҳои ватаниву дохилӣ ба таври густарда инъикос ёфт, қазияи ба ҳалокат расидани як нафар тоҷик дар Русия буд.

Санаи 18-уми сентябр торнамои «Озодӣ» таҳти унвони «Ҳалокати як тоҷик дар шӯъбаи пулиси Солнечногорск» , торнамои Faraj.tj бо номи «Шаҳрванди Тоҷикистон аз латукӯби пулиси рус ба ҳалокат расид»  ва рӯзи 19-уми сентябр хабаргузории «Азия-Плюс» таҳти унвони «Ҳалокати як тоҷик аз латукӯб дар шуъбаи пулиси Русия» хабару гузоришҳо пахш карданд. Ба иттилои ин хабаргузориҳо, аз рӯи далели куштори як шаҳрванди Тоҷикистон нисбати кормандони шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорск парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар додааст, муайян карда шудааст, ки кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Ӯрозов Фаррух Алихоновичи 39-сола будааст.

Бино ба иттилои хабаргузориҳо, шоми 17-уми сентябр ба шуъбаи пулис дар шаҳри Солнечногорск дар бораи содир шудани ҷинояти таҷовуз ба номус маълумот расида, ба гумони даст доштан дар ин амал шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст. Дертар ба ин шуъбаи пулис автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ даъват шуда, табибон марги боздоштшударо тасдиқ мекунанд. Дар ҷисми ҳалокшуда табибон осори латукӯби зиёдеро ошкор мекунанд, ки яқинан ба марги ӯ боис гардидааст. Ба андешаи як манбаи хабаргузории «Интерфакс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо эҳтимоли қавӣ боздоштшуда зимни бозпурсӣ ин ҷароҳатҳоро бардоштааст.

- Аз шуъбаи тафтишоти Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав дар шаҳри Солнечногорск ба мо хабар доданд, ки аз рӯи далели марги шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. Ҷараёни тафтиши ин ҳодиса таҳти назорати сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия қарор дорад,- гуфтааст Аҳмадов.

Баъдан, санаи 20-уми сентябр торнамои «Озодӣ» таҳти унвони «Боздошти се пулиси рус дар робита ба марги Фаррух Ӯрозов»  ва рӯзи 22-юми сентябр

хабаргузории TojNews бо номи «Боздошти се пулис барои ба ҳалокат расондани муҳоҷири тоҷик»-у  хабаргузории «Озодагон» таҳти унвони «Боздошти се афсари “арақхӯр” барои марги Фаррух дар идораи пулис»  хабарҳо пахш карданд.

Ба навиштаи «Озодӣ», «Фаррух Ӯрозов шаби 17 ба 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар шӯъбаи пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскави Русия ҳалок шудааст. Табибон гуфтаанд, ки қабурғаҳои ин нафар шикаставу дар баданаш чандин варам (гематома) буд ва зоҳиран ҳамин захмҳо сабаби марги ӯ шудаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, бино ба хабарҳо, шоми 17-уми сентябр бо гумони даст доштан дар як мавриди таҷовуз ба номуси духтари маҳаллӣ боздошт шуда буд. Сомонаи “Нюс.ру” менависад, ки зоҳиран кормандони пулис мехостанд ин боздоштшударо бо шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ кунанд, вале “аз ҳад гузаронидаанд”.

Бино ба навиштаи матбуоти Русия, мақомоти умури дохилии Русия се корманди шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии Солнечгорскро, ки дар утоқи кориашон ҷасади муҳоҷири тоҷик бо нишони латукӯб ба ҳалокат расидааст, боздошт кардаанд. Кормандони пулисро барои роҳ додан ба зиёдаравӣ дар иҷрои вазифаи хидматӣ гунаҳкор медонанд.

Ба иттилои «Озодагон», дар наворҳои видеоӣ лаҳзаи ба шуъба овардани ин муҳоҷири тоҷик сабт шуда, сабтҳои дигар тоза карда шудаанд. Табибон мегӯянд, ки бинию қабурғаи Ӯрозов шикаста, пардаи гӯшаш дарида будааст. Тибқи иттилои пешакӣ, дастандаркорони ин қазия дар лаҳзаи боздошт ва латукӯби муҳоҷир дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Ниҳоят, рӯзи 22-юми сентябр торнамои «Озодӣ» бо номи «Ҷасади Фаррухро ба Тоҷикистон оварданд»  матлаби дигар пахш кардаву навишт: «Намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки ҷасади Фаррух Ӯрозов, як сокини 39-солаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархорро, ки шаби 17-уми сентябр ғолибан бар асари латукӯб ва шиканҷа дар шуъбаи пулиси ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскави Русия ҷон бохтааст, бо парвози Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон фиристодаанд».

Дар ҳоли ҳозир алайҳи се афсари пулис бар асоси моддаи 286-и Кодекси ҷиноии Русия (берун рафтан аз ҳадди салоҳияти хидматӣ бо истифода аз хушунат) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва тафтиши парвандаро ба раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав супурдаанд. Агар ин иттиҳоми даст доштан дар марги шаҳрванди Тоҷикистон дар гардани ин се афсар дайн шавад, онҳоро тибқи Кодекси ҷиноии Русия аз 3 то 10 сол ҳукми зиндон интизор аст.

NoTorture.Tj