Январ-феврал: Эътирофи мавҷудияти шиканҷа

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2018 қазияҳои вобаста ба шиканҷа ба таври васеъ инъикос ёфта, мавҷудияти шиканҷа эътироф ҳам гардид.

Санаи 26-уми январ торнамои NoTorture.Tj хабаре таҳти унвони «Прокуратураи генералӣ: Ду муроҷиат оид ба шиканҷа тасдиқ шуд»  пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «Дар соли 2017 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид шудааст, ки 2 адади онҳо тасдиқи худро ёфтаанд. Дар ин бора рўзи 25-уми январи соли ҷорӣ Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод. Номбурда зикр намуд, ки «дар натиҷаи баррасии 20 муроҷиат 2 муроҷиат тасдиқи худро ёфт ва мо бо моддаи «Шиканҷа»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардем, мавриди тафтиш қарор додем ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ҳама вақт пешгирии шиканҷа, пешгирии тарзу усулҳои ғайриқонунӣ дар рафти таҳқиқу тафтиш, таъқиби ҷиноятӣ дар мадди назари прокуратура ва таҳти назорати прокурорҳо қарор дорад»».

- Мутаассифона, на ҳама ҷабрдидаҳо ба мақомоти прокуратура муроҷиат мекунанд. Дар сурати муроҷиат кардан, мо ҳатман мебинем, ҳатман нисбати он корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки нисбати шаҳрванд воситаҳои ғайриқонуниро истифода бурдааст, чорабинӣ мекунем,- афзудааст Аҳмадзод.

- Зикр гардид, ки аз ду ҳолати тасдиқшудаи шиканҷа якеаш аз ҷониби сарнозири минтақавии ШВКД-1 ноҳияи Сино Ҳакимов сурат гирифтааст, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар суд ҷазои маҳкумӣ таъйин карда шудааст. Ба ҳамин монанд, нисбати ду нафар корманди ваколатдори оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон Файзов ва Зардов низ тафтишот идома дорад,- навиштааст дар идома торнамо.

Рўзи 1-уми феврал бошад, торнамои Faraj.tj бо номи «Шоҳиён: 1 нафар шиканҷаву 14 нафар сафед шуданд»  хабаре пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён мегўяд, дар соли гузашта танҳо як парванда бо моддаи 143 эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Шиканҷа” дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст. Номбурда иброз дошт, ки бо ин модда нисбати сарнозири маҳкамаи муваққатии рақами 19-и ШВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳакимов Одилҷон парванда баррасӣ гардида, ҷазои маҳкум кардан аз озодӣ татбиқ карда шудааст».

Ин ҳам дар ҳоле, ки рўзи 22-юми январ торнамои Радиои Озодӣ таҳти унвони «Омбудсмен: На ҳамаи латукўб ва муносибати бераҳмона шиканҷа аст»  хабар пахш карда, аз ҷумла навишта буд: «Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, алайҳи се корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои истифодаи шиканҷа парванда ҷиноятӣ боз шудааст. Ў рўзи 22-юми январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, онҳо ҳамчунин 8 шикоят дар бораи бадрафториву азият дарёфт кардаанд. Ализода гуфт: “Як чизро қайд карданӣ ҳастам. На ҳамаи латукўб ва муносибати бераҳмона шиканҷа ҳисобида мешавад. Танҳо ҳамонаш аст, ки агар мақсад гирифтани нишондод бошад, мақсад гирифтани маълумот бошад. Ё нисбати худи шахси боздоштшуда ё нисбати наздикони вай. Ин шиканҷа намешавад, бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ мешавад”. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, на дар ҳама ҳолат шикоят дар бораи шиканҷа исбот мешавад. Вале борҳо боздоштшудаҳо ё наздиконашон аз муносибати бераҳмонаи кормандони мақомот ҳангоми боздошт ё тафтишот ба расонаҳо шикоят кардаанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегўяд, аз се пулисе, ки соли 2017 дар шиканҷа муттаҳам шуданд, ду нафар аз маъмурони пулиси вилояти Хатлон ва яке дигар аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт мебошанд. Аммо Зариф Ализода нагуфт, ки онҳо дар кадом ҳолат аз шиканҷа истифода кардаанд. Созмонҳои байналмилалӣ мегўянд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон барои ба даст овардани эътироф, муттаҳамон ба ҷиноятро шиканҷа мекунанд ва аз ҳукумат хостанд, ба ин тамоюли манфӣ хотима гузорад».

Зимнан, инъикоси қазияи пурсарусадое, ки охирҳои соли гузашта оғоз шуда буд, ба соли 2018 кўчид. Санаи 7-уми феврали соли 2018 торнамои NoTorture.Tj матлабе бо номи «Мурофиаи судӣ вобаста ба марги Толибҷон Дўстов шуруъ шуд»  пахш карда, баъдан, санаи 12-уми феврал бо пахши матлаб таҳти унвони «Мурофиаи марги Дўстов: Идиев аз додани нишондод даст кашид» , рўзи 13-уми феврал - «Навбатдори ШВКД дар ноҳияи Дўстӣ: Ҷабрдидаҳоро ба қайд гирифта будем» , санаи 16-уми феврал - «Кормандони ШВКД: Дўстовро ба беморхона зинда оварда будем» , рўзи 26-уи феврал - «Сабаби марги Толибҷон Дўстов аз нав ташхис мешавад»  мавзуи мазкурро пайгирӣ намуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ айби ба Маҳмадулло Идиев эълоншударо қироат намуда, изҳор доштааст, ки М. Идиев дар вазифаи ваколатдори калони гуруҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Дўстӣ фаъолият намуда, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ вобаста ба кушодани ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Чунончи, ҳангоми коркарди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷўӣ ва дастгир намудани шахсони гумонбар бе иштироки шахсони холис ҷабрдида Ҳалимҷон Сайдуллоевро кофтуков намуда, аз охирон 7,1 грамм маводи мухаддири навъи ҳашишро гирифта, бе тартиб додани протоколи дахлдор дар ҷайбаш задааст. Баъдан ҳардуро дастгир карда, ба ШКВД-и ноҳияи Дўстӣ бурдааст. Рўзи дигар, яъне 25-уми июли соли 2017 ҳангоми гузаронидани хариди озмоишӣ дар ошхонаи «Авиценна»-и ноҳияи Шаҳритуз аз шаҳрванд Толибҷон Дўстов ҳарчанд охирон маблағи 100 сомонии Маҳмадулло Идиев ба ҷабрдида Ҳалимҷон Сайдуллоев барои хариди озмоишӣ додаро дар даст нагирифта будааст, Идиев ўро мавриди латукўб қарор дода, ба дастонаш дастбанд зада, ба мошин савор карда ба тарафи ноҳияи Дўстӣ ҳаракат мекунанд. Дар роҳ вазъи саломатии Толибҷон Дўстов бад мешавад ва ўро ба беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён мебаранд, ки охирон онҷо вафот мекунад. Бо ин рафтораш Маҳмадулло Идиев ҷинояти дар моддаи 316 қисми 3 банди “а”-и КҶ ҶТ-ро содир кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки санаи 6-уми феврал торнамои Радиои Озодӣ бо пахши гузорише таҳти унвони «Ду корманди милисаи тоҷик ба шиканҷа айбдор мешавад»  аз қазияи нав хабар дод.

- Додситонии минтақаи Кўлоб алайҳи ду корманди пулиси вилояти Хатлон бо иттиҳоми шиканҷаи як муттаҳам парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Додситонӣ Файзов ва Зардов, собиқ ваколатдорони оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро ба он муттаҳам мекунад, ки як ҷавони гумонбар дар роҳзаниро ҳангоми боздошт дар ноҳияи Балҷувон латукўб кардаанд, то ба ҷиноят иқрор шавад. Моҳи декабри соли 2017 ин ду ходими полис боздошт шуда, баррасии ин қазияро додситонии минтақаи Кўлоб аз рўи моддаи 143, эзоҳи 1, яъне “шиканҷа” идома медиҳад. Пас аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ин ду кормандашро аз сафи пулис ихроҷ кардааст,- гуфта мешавад дар ин гузориш.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ кўшишҳо барои пешгирии шиканҷа зиёд буданд. Санаи 11-уми январ торнамои NoTorture.Tj бо номи «Маркази ҳуқуқи инсон амалисозии лоиҳа оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулиро оғоз кард»  манзури хонандагон намуд.

- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ лоиҳаи «Коркарди муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва боло бурдани иқтидори кормандони мақомоти прокуратура оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ»-ро амалӣ менамояд.

Мувофиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, на танҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, балки азобҳои ахлоқиву равонӣ низ бояд баҳогузорӣ карда шаванд. Барои баҳогузории оқибатҳои равонии шиканҷа гузаронидани ташхиси маҷмуии равонӣ-руҳӣ ба хотири муаяйн намудани ҳолати стрессии баъди ҷароҳатбардорӣ ё депрессияи амиқ зарур аст. Аммо на ҳама табибон барои гузаронидани ташхисҳои руҳӣ омодаанд. Муқаррароти дохиливу варақаҳои тиббии хадамоти руҳӣ бошанд, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў нестанд. Дар таҷрибаи амалӣ оид ба аризаҳо дар бораи истифодаи шиканҷа оқибати истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона аз ҷониби ташхисгарон на ҳамеша баҳогузорӣ карда мешаванд. Ба ҳамин хотир, дар доираи лоиҳа дар якҷоягӣ бо таҳлилгарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва коркарди муқаррароти нав мувофиқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои Протоколи Истамбулӣ гузаронида мешавад. Инчунин, дар доираи лоиҳа дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани тренингҳо барои кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд дар масъалаи тафтиши самараноки далелҳои шиканҷа ва таъин намудани ташхис оид ба баҳогузории оқибатҳои равониву ҷисмонии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ба нақша гирифта шудааст. Тренингҳо дар доираи Барномаҳои таълимӣ дар самти ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 таҳти №678 тасдиқ шудааст ва Нақшаи миллии амал барои иҷрои тавсияҳои давлатҳои узви Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи тартиби Тафсири даврии универсалӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июни соли 2017 таҳти №РП-901 тасдиқ гардидааст) гузаронида мешаванд,- омадааст дар матлаб.

Ҳамин торнамо рўзи 24-уми январ бо пахши матлаби дигар таҳти унвони «Табодули таҷриба дар мавриди ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа»  навишт, ки «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон  баҳри табодули таҷриба дар мавзуи “Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона тибқи Протоколи Истамбулӣ” аз 23 то 24-уми январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои адвокатҳо, табибони клиникаҳои хусусӣ, табибон - руҳшиносони мустақил вохўрии корӣ баргузор намуд. Дар ин вохўрӣ коршиносони байналмилалии ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» Русудан Бериашвили ва Лиа Муакашвили аз таҷрибаи кории худ ба ҳамкорони тоҷикашон гуфтанд. Парвина Наврўзова, коршиноси миллӣ оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ гуфт: «Дар вохўрии номбурда мавзуҳои ҳуҷҷатгузории тиббӣ, банақшагирии тренингҳо оид ба мавзуи “Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона тибқи Протоколи Истамбулӣ”, омода кардани адвокатҳо барои иштирок дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, дурнамои ҳамкории ҳамаҷониба бо намояндаҳои ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» бо мутахассисони тоҷик, ҳамчунин омода будани табибон барои гузаронидани муоинаи тиббӣ ва ҳуҷҷатгузории тиббӣ вобаста ба парвандаҳои шиканҷа, тарзи дуруст дарҷ кардани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.

Бояд зикр намуд, ки Протоколи Истамбулӣ дастурамал оид ба таҳқиқи самаранок ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ба шумор меравад. Он принсипҳои байналмилалии пешбурдӣ оид ба баҳогузории вазъи қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин пешниҳод намудани хулосаҳои чунин баҳогузориро ба мақомоти судӣ ё дигар мақомоте, ки масъули таҳқиқи далелҳои шиканҷаанд, дар бар мегирад.

NoTorture.Tj