Аз ҳуқуқҳо бояд ҳама одамон бе ягон табъиз истифода баранд

Чаро Рӯзи ҳуқуқи инсон муҳим аст?

То имрӯз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар матни Эъломия инъикос ёфтаанд, дар он чун риштаи сурх мегузарад ва бетағйир боқӣ мондааст, инро ҳомиёни ҳуқуқи башари тоҷик, ки дар самтҳои гуногун ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро дар Тоҷикистонр тарғиб ва ҳимоя мекунанд низ мегӯянд. Инак назари онҳоро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон пешкаши шумо менамоем...

Шозодаева Гулгуна, адвокат: «Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон 10 декабр ҷашн гирифта мешавад. Ин санаест, ки дар он ба ҳамагон ва ҳар як шахс аз ҳуқуқи инсон ҳамчун дастоварди ҷудонопазири тамоми одамон, новобаста аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои дигар ёдовар менамоянд. Аслан ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқ ба зиндагӣ ва озодӣ, раҳоӣ аз ғуломӣ ва шиканҷа, озодии ақида ва озодона баён намудани он, ҳуқуқ ба меҳнату таҳсил ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Аз ин ҳуқуқҳо бояд ҳама одамон бе ягон табъиз истифода баранд...».

Рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:

Вилояти Суғд: 98 787 33 33

Вилояти Хатлон ва ВМКБ: 98 787 66 66

Шаҳри Душанбе ва ШНТҶ: 98 708 76 76

Почтаи электронӣ: Notorturetjk@gmail.com

Сомона: www.notorturetj.org

Оид ба масъалаҳои поймолшавии ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон тариқи телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 933331803 муроҷиат намоед. Телефонҳо инчунин берун аз соатҳои корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид дастрасанд.

NoTorture.Tj