Article Pages

Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд бар асоси шикояти гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон «Ампаро» рўйдоди нангини «облава» дар ин вилоятро, ки чанде пеш сабти видеоии он аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гардон шудаву онро дар сар то сари ҷаҳон тамошо карда буданд, таҳқиқот анҷом дод. Бино ба гузорише, ки дар варақаи матбуотии «Ампаро» расонаӣ шудааст, ҳодиса моҳи ноябри соли 2011 дар шаҳри Исфара рух додааст...

14.03.2014 - 16:39

Пули табобати Шаҳболро кӣ медиҳад? Қисми низомӣ? Давлат? Ё касе ки ӯро маъюб кард? Иловаи ҷузъиёти қазия аз 17-уми март: Бо гузашти 10 рӯз аз маъюб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи бадрафторӣ дар қисми низомӣ то ҳол маълум нест, ки пули табобати ин сарбозро бояд кӣ пардохт кунад? Дилшод Исломов, муовини додситони ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе дар як сӯҳбати телефонӣ бо...

13.03.2014 - 18:37

Дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи марги мармузи Ҳамза Икромзода оғоз шуд. Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, вакили волидайни Ҳамза Икромзода, онҳо аз Вазорати додгустарии Тоҷикистон пардохти 10 милюн сомонӣ ғаромат барои марги ӯро тақозо доранд. Оқои Икромзода соли 2010 ба иттиҳоми доштани силоҳи ғайримуҷоз, тамаъҷӯйӣ ва ғорат барои 11 сол ба зиндон маҳкум шуда буд. Ҳамза Икромзода...

06.03.2014 - 12:22

Масъулони Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди даргузашти Ёқуб Салимов, аз фардондеҳони пешини Фронти халқӣ ва собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон дар зиндонро тазкиб карданд. Садриддин Шарифов, сардори СИЗО-и шумораи 9/1 рӯзи 1-уми март дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" чунин овозаҳоро "иғвогарона" хонд. Оқои Шарифов афзуд, ки бо тамоми масъулият баён медорад, ки...

01.03.2014 - 22:19

Иттиҳодияи Урупо тарҳи ҷадидеро барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони зиндонӣ ва маҳбусони озодшуда дар Тоҷикистонро рӯйи даст гирифтааст. Овидиу Мик, як тан аз масъулони дафтари Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Душанбе, рӯзи панҷшанбеи 27феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳазинаи ин тарҳ 400 ҳазор юру буда ва 75 дарсади онро Иттиҳодияи Урупо ва 25 дарсади дигарро Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеъаи...

27.02.2014 - 17:06

Хонаводаи Маҳмадраҳим Саидов, маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе, бо ирсоли аризае ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Раҳматилло Зоиров - раиси Консорсиюми юридикиро ба пахши ахбори гӯиё бардурӯғ муттаҳам дониста, 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд. Ин ариза аз номи Сафаралӣ Саидов, бародари Маҳмадраҳим, навишта шуда, ӯ инчунин аз додгоҳ хостааст, барояшон 1,5 ҳазор...

26.02.2014 - 18:16

Маркази ташхиси судӣ-тиббии вилояти Суғд омилҳои марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ҲНИТ-ро, ки дар бемористони боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд фавтид, муайян ва эълон кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, Тоҷиев “бар асари пайдо шудани тромбаи калонҳаҷм дар рагҳои хунгарди шуш”, ки боис ба пешгирии роҳи нафаскашӣ шудааст, ба ҳалокат расидааст. Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъ, дар суҳбат...

24.02.2014 - 20:54

Гузоришгари вижаи СММ доир ба шиканҷа мегӯяд, ду омили асосӣ - ҳамчун роҳи осони анҷоми тафтишот ва беҷазо мондани омилонаш - боис шудааст, ки шиканҷа дар Тоҷикистон ҳамоно ба сурати фаровон истифода шавад. Хуан Мендес - гузоришгари вижаи СММ доир ба шиканҷа шоми рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли Озодӣ гуфт, умдатан се омил боис шуда, ки дар Тоҷикистон мақомоти...

12.02.2014 - 23:45

10 феврали соли 2014 Вазири корҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Маърӯзачии вежаи СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазоҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфт.  Зимни мулоқот, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид, масъалаҳои татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,...

10.02.2014 - 13:38

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон» Раҳматилло Зойиров ба маълумоти ахири намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқ (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар бораи зиндаву саломат будани маҳбус Маҳмадсаид Раҳимов шубҳа дорад. Ду рӯз қабл бо такя ба маълумоти сарчашмаи худ Зойиров дар бораи марги маҳбус бар асари сардӣ дар...

08.02.2014 - 18:53

Страницы