Article Pages

Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад (22 майи соли 2016). Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.      

19.06.2024 - 13:38

Дар матлаби мо шумо метавонед оид ба чорабиниҳои иттилоотӣ ва вохӯриҳои машваратие, ки аз ҷониби Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар се соли охир (2021-2023) гузаронида шудаанд, маълумот пайдо намоед. 2021: Чорабиниҳои иттилоотӣ: 1. Дар давраи ҳисоботӣ бо адвокатҳо дар ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Ҷ. Расулов, шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон,...

19.06.2024 - 11:55

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.        

18.06.2024 - 13:23

Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиени хукукии Чумхурии Точикистон» бо иштироки намояндагони тамоми субъектҳои хифзи хукуки инсон дар вилояти Сугд ба наворбардории ток-шоу дар мавзӯи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» омодагиро огоз намуд. Наворбардории ток-шоу рӯзи 20 июн соати 11:00, аз ҷониби ТРК «АЗИЯ» сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус дар чаҳорчӯби лоиҳаи...

17.06.2024 - 22:10

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки...

17.06.2024 - 13:09

Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар фаъолияти худ барои солҳои 2021-2023 нақзи асосии ҳуқуқи инсонро дар ҷараёни боздошт ва тафтишот муайян кардааст. Тафсилот дар маводи мо... 2021: боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона; зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, зарбаи барқ; таҳдиди таҷовуз ба ҷабрдида ва/ё аъзои оила; тарсонидан аз зиндон ва...

17.06.2024 - 10:52

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад (22 майи соли 2016). Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ё...

16.06.2024 - 12:51

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи...

15.06.2024 - 12:43

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.          

14.06.2024 - 12:35

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тоҷикистониёнро бо яке аз идҳои асосии мусалмонон - Иди Қурбон табрик мегӯяд! Бигзор подоши боадолати тамоми фикру зикр ва амали некатон бахту саодат, саломатии бардавом ва умри дароз бошад. Дар қалби худ неруи имон, эҳтироми бузургон ва муҳаббат ба наздиконро бипарваред!      

14.06.2024 - 10:33

Страницы