Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Шиканҷа мушкили мубрам дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор рафта, роҳбарияти ВКД пайваста аз кормандон талаб мекунад, ки дар кори худ аз истифодаи шиканҷа худдорӣ намоянд»,- зикр намуд сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода рӯзи 25-уми октябр зимни баромад дар конфронси «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо» дар шаҳри Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода пайваста таъкид мекунад, ки истифодаи шиканҷа ғайри қобили қабул аст, ҳатто агар ҷиноят нокушода боқӣ монад. «Дар бинои ВКД ҳатто як баннери хурд бо иқтибос аз гуфтаҳои вазир насб шудааст, ки «Бигзор ҷиноят нокушода монад, вале ҳеҷ гоҳ ба шиканҷа роҳ надиҳед!»,- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Машрабзода, бо мақсади пешгирии шиканҷа санҷишҳои ғайриинтизор дар шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, утоқҳои махсус барои бозпурсии гумонбаршудагон ташкил карда шудаааст, ки дар онҳо камераҳои назорати видеоӣ насб карда шуда, барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мавзуи ҳуқуқи инсон ва озодӣ аз шиканҷа тренингҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Инчунин, дар сомона ва рўзномаи ниҳод мақолаҳои кормандон дар мавзўи риояи ҳуқуқи инсон ба нашр мерасанд.
Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии ҶТ бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Фонди Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.
Ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои мубрам дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон буд.
Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва васоити ахбори омма иштирок карданд.