Article Pages

Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷаро, ки аз ҷониби сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов шикоят шуда буд, бекор кард. Мақомоти назоратӣ Прокуратураи ноҳияи Ёвонро уҳдадор кард, ки санҷиши иловагии далелҳои сокини маҳаллиро гузаронад. 31-уми июли соли 2018 сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов барои дастрас кардани ёрии ҳуқуқӣ ба...

26.09.2018 - 20:05

Чорабиниҳои маълумотноксозӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ моҳҳои июл ва августи соли 2018 дар минтақаҳое аз қабили Файзобод, Лахш, Ашт, Ховалинг, Балҷувон, Дарвоз ва Хоруғ дар сатҳи баланд гузаштанд. Чорабиниҳои маълумотноксозӣ ба якчанд рўйдодҳои ба пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар алоқаманд бахшида шуда буданд. Аз ҷумла, муҳимияти иҷрои тавсияҳои аз ҷониби...

07.09.2018 - 12:08

Адвокат Ориф Султонов аз номи судшаванда Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич, ки айни замон дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9\1-и СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз болои қарор оиди рад намудан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят бурдааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан бо таъиноти судяи Суди Олӣ парвандаи се нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошта ва барои санҷиш дар самти...

01.09.2018 - 10:06

Коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шариповро, ки оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт дар РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтида баромад мекунад, аз болои қарори суди зинаи аввал бо асоси «наёфтан»-и хатоӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии кишвар қонеъ накард. «Бинобар...

20.08.2018 - 16:26

Сарбози қаторие, ки дар қисми ҳарбии 3503-и ВКД ҶТ дар ш.Бохтар адои хизмат мекунад, дар ҳар 2 пойҳояш нишони оташи сигор аст... 1 манбаи мӯътамад аз беморхонаи клиникии  №3-и ш.Душанбе занг зада хабар дод, ки сарбозеро бистарӣ кардаанд, ки дасташ осеб дида, дар ҳар 2 пойҳояш захми оташи сигор дида мешавад. Рӯзи 5 август мухбири СССР барои тасдиқ кардани хабар ба аёдати сарбоз ба...

17.08.2018 - 14:13

Нуҳ моҳ пеш Ҳасан Ёдгоров, сокини 34-солаи шаҳри Турсунзода, завлона ба даст дар ҳузури ходимони милиса дар сабти видеоии масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон саҳнаи куштореро шарҳ дод, ки ба гуфтааш, худи ӯ содир карда буд. Дар ин баёноташ Ёдгоров дар куштори Дмитрий Каримов, пешхидмати 42-солаи ошхонае дар шаҳри Турсунзода иқрор шуд. Ҷасади Дмитрий Каримов рӯзи 6-уми ноябри соли 2017...

16.08.2018 - 11:05

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ дар торнамои Notorturetj.org 163 мавод, аз ҷумла бо забони русӣ 64, бо забони тоҷикӣ 91 ва бо забони англисӣ 8 матлаб пахш карда шуд. Рӯзи 4-уми майи соли 2018 аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ намоиши онлайнии муколамаи интерактивии Ҳукумати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба иҷроиши уҳдадориҳо дар мавриди амалисозии Конвенсияи зидди шиканҷа...

09.08.2018 - 08:44

Маркази таҳлилӣ фаъолияти худро дар асоси Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилоф амалӣ намуда, фаъолияти Эътилоф ва гуруҳҳои кориро ҳамоҳанг месозад. Эътилоф бо гузаронидани вохӯриҳо бо дипломатҳо ва намояндагони ҳайатҳои байналмилаливу байниҳукуматӣ, омодасозии гузоришҳои таҳлилӣ ва пешниҳоди тавсияҳои худ дар пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар сатҳи милливу байналмилалӣ фаъолияти...

08.08.2018 - 08:36

Лоиҳа оид ба пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулии Эътилоф аз ҷониби ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” ҳамоҳанг сохта мешавад. Гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” ташхиси баҳогузории ҳолати воқеии хадамоти судӣ-тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронанд. Дар ин самт баҳогузории заминаҳои моддӣ-техникӣ ва мувофиқати онҳо ба...

06.08.2018 - 08:31

Натиҷаҳои фаъолияти Гуруҳи мониторингӣ барои моҳҳои январ-июни соли 2018: Дар давраи ҳисоботӣ аъзои Гуруҳи мониторингӣ аз ҳашт муассисаи пўшидаи кишвар, аз ҷумла муассисаи руҳии вилоятии шаҳри Исфара, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Спитамен, хона-интернат барои шахсони гирифтори мушкилоти руҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Панҷ, МИ ЯС 3/9 СРИҶҶ Вазорати адлия...

05.08.2018 - 14:23

Страницы