Article Pages

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон тақозо карданд, ки наворбардори "Озодагон"-ро ба таври оҷил аз ҳабси ҳафтрӯза раҳо намояд. Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ, Шӯрои ВАО ва сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабри бо нашри баёнияи муштарак, аз мақомоти вазорати корҳои дохилӣ тақозо карданд, ки оҷилан наворбардори "Озодагон"-...

26.12.2013 - 13:37

Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, ки зуҳри имрӯз, 25-уми декабр дар назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд, аз ҷониби маъмурони пулис мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Шукуров, ки то ҳол аз боздошт раҳо нашудааст, мегӯяд, ки ин латту кӯб ҳангоми овардани ӯ аз назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ то Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи...

25.12.2013 - 19:49

Имрӯз Суди олии ҶТ соҳибкори шинохта Зайд Саидовро ба муҳлати 26 сол маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулкаш маҳкум кард. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» ҳимоятгари ӯ Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод. Номбурда барои шунидани ҳукми зерҳимояаш ба...

25.12.2013 - 19:15

Парвандаи Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов ду узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд ба ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ ва экстремистӣ айбдор мешавад, ҷамъбаст шуда, қарор аст рӯзҳои наздик ба суд ирсол шавад. Дар ин бора ба TojNews Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Зуҳур Иброҳимов иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи вакили дифоъ, маводҳои парванда ду ҳафта пеш ба онҳо дастрас шуда,...

24.12.2013 - 22:51

Прокуратураи вилояти Суғд эҳтимол меравад, нисбати кормандони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара, ки ба латукӯб ва шиканҷаи узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гумонбар мешаванд, парвандаи ҷиноӣ оғоз кунад. Амон Рофиев, муовини прокурори вилояти Суғд қарори Прокуратураи шаҳри Исфараро, ки дар он гуфта мешуд, Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ шиканҷа нашудааст ва дархости вакили дифоъи ӯ дар бораи ба...

18.12.2013 - 16:58

Северин Шаппаз, роҳбари дафтари Кумитаи Салиби Сурх дар Душанбе мегӯяд, айни ҳол барои боздид аз зиндонҳои Тоҷикистон бо мақомоти кишвар гуфтушунид доранд. Шаппаз, ки 18 декабр, зимни таҷлил аз 150-солагии Салиби Сурх ва 20-умин солгарди фаъолияташон дар Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, айни ҳол қонунгузории Тоҷикистонро барои боздид аз зиндонҳо мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ӯ гуфт ҳадафи...

18.12.2013 - 15:57

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 16 декабр даъвои волидони Ҳамза Икромзодаро дар бораи рӯёндани даҳ миллион доллар ҷуброни зарари маънавӣ рад кард. Ҳамза Икромзода тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Наздиконаш бовар доранд, ки маъмурони зиндон ӯро куштаанд, вале Вазорати адлия мегӯяд, Икромзода худкушӣ кардааст. Вакили мудофеъ ...

16.12.2013 - 19:44

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ корманди Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум намуд. Суд Машраф Алиевро мутобиқи моддаи 143-и КҶ ҶТ (Шиканҷа) гунаҳкор эътироф намуда, айбнома тибқи моддаи 316, қ. 1-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-ро бекор кард. Суд ҳамчунин қарор кард, ки аз Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон...

12.12.2013 - 19:09

Як гурӯҳ маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт ба TojNews телефонӣ муроҷиат карда, аз иҷро нашудани талаботи қонун дар ин муассиса изҳори нигаронӣ карданд.  Бино ба қавли ин маҳбусон, феълан дар ин муассиса ҳудуди 150-200 нафар дар низоми нисбатан сахт нигоҳдорӣ мешаванд, ки аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро паси сар карда, мебоист ба колонияҳои сукунатӣ интиқол дода шаванд. - Тибқи...

10.12.2013 - 11:15

Созмони Афви Байналмилал (АБ), аз созмонҳои муътабари дифоъи ҳуқуқи башар бо интишори баёнияе аз рабуда шудани паноҳҷӯи тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда ва хостори таҳқиқи ин қазия аз суи мақомоти Русия шудааст. Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки Исмон Азимов, аз маркази нигаҳдории муваққати муҳоҷирон дар вилояти Твери Русия рабуда шудааст. Ин созмон мегӯяд бими он меравад, ки ин паноҳҷӯи...

09.12.2013 - 22:35

Страницы