Article Pages

Аз ҷониби ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” рӯзи 1-уми август дар шаҳри Кӯлоб барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳисоби ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон дар мавзуи “Озодӣ аз шиканҷа” чорабинии иттилоотӣ гузаронида шуд. Рӯзи 1-уми август дар меҳмонхонаи “Бадахшон”-и шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба...

02.08.2022 - 13:07

Ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, рӯзи 29-уми июл дар шаҳри Хуҷанд ва 1-уми август дар шаҳри Кӯлоб машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон доир намуданд. 29-уми июли соли 2022 аз соати 9:00 то 14:00 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ баргузор...

02.08.2022 - 12:40

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ тафтиши иддаои шиканҷаи зане дар шуъбаи корҳои дохилиро зери назорат гирифтааст. Радиои “Озодӣ” бо пахши наворе (https://www.ozodi.org/a/31961877.html) хабар дод: “Шарофат Салимова, сокини деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ даъво дорад, ки кормандони милиса ӯро латукӯб кардаанд. Ба гуфтаи ин зан, ӯро се рӯз дар шуъбаи корҳои дохилӣ нигоҳ дошта,...

28.07.2022 - 14:25

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаи марговаре хабар дод, ки чанд муддат қабл рух дода будааст. Бино ба иттилои манбаъ, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурд Назаралии Шариф дар давраи адои хизмати ҳарбӣ даст ба содир кардани ҷинояти вазнини муқобили ҳаёт ва саломатӣ задааст. Чунончи, 6-уми январи соли...

27.07.2022 - 14:12

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл Қонун “Дар бораи баробарӣ ва аз байн бурдани ҳама гуна табъиз”-ро қабул карданд. Дар таҳия ва қабули қонуни мазкур аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон низ саҳми худро гузоштанд. ФҶ «Нотабене», Маркази ҳуқуқи инсон ва дигар ТҒД дар таълифи намунаи ибтидоии лоиҳаи қонун фаъолона иштирок намуда, чунин...

25.07.2022 - 13:21

Дар Тоҷикистон муфаттишон ҳақи бозпурсии фосилавӣ бо истифода аз интернетро дарёфт намуданд. Дар робита ба ин, аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар тағйирот ворид карда шуд. - Муфаттишони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки ҷабрдидагон ва шоҳидонро дар хориҷ аз Тоҷикистон ба таври фосилавӣ, тавассути интернет, аз ҷумла тариқи почтаи электронӣ ва дигар...

25.07.2022 - 12:29

Ҷасади як сарбози неруҳои марзбониро дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба пайвандонаш додаанд. Равшан Носиров даҳ моҳ пеш аз ноҳияи Деваштич ба Ишкошим ба аскарӣ рафта буд. Пизишкон сабаби марги ӯро "норасоии шадиди кори дилу роҳҳои нафас" гуфтаанд. Радиои «Озодӣ» бо такя ба иттилои расмӣ хабар дод, ки марзбони тоҷик соати 2-и шаби 11-уми июл дар қисми ҳарбӣ ҷон бохтааст. Пайвандонаш...

21.07.2022 - 14:55

Дар Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба механизмҳои Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД) ва омодасозии Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои даври сеюми ШУД барои солҳои 2021-2024 анҷом ёфтанд. Чорабиниҳо дар марказҳои маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар, вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд, инчунин дар ноҳияи Рашт ва НТМ - ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ,...

20.07.2022 - 11:56

Дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 12,4 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои кори Вазорати корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2022-юм дар ҷумҳурӣ 12...

19.07.2022 - 12:43

Як зани шастсола, ки дар бораи боздошту латукӯб шуданаш аз тарафи маъмурони милиса шикоят карда буд, ҷуброни зарар гирифтааст, аммо мегӯяд, ҳанӯз касе узр напурсид. Элобат Оғалиқова, сокини ноҳияи Спитамен, моҳи июни имсол иддао кард, ки барои шеваи либоспӯшиаш ба ҷашни расмии ваҳдат дар ноҳия роҳ наёфт ва дар идораи милиса зери латукӯб монд. Мақомот, бараъкс, ӯро ба итоат накардан...

17.07.2022 - 14:52

Страницы