Гурӯҳи офиятбахшӣ: дар ним сол ба 10 қурбонии шиканҷа ва хешовандони онҳо кумак расонида шуд

Тавре Гурӯҳи офиятбахшии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, дар шаш моҳи аввали соли 2021 барои офиятбахшӣ 10 нафар ворид гардидаанд, ки аз онҳо 3 нафар мард ва 7 нафар занонанд. Аз шумораи умумии қурбониён 5 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 5 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба шумор мераванд. Ҳамаи ин нафарон дар марҳилаи гузаштани курси офиятбахшӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Гурӯҳ, нисбати панҷ қурбонии бевосита аз шиканҷа зарардида шиканҷаҳои зерин истифода шудаанд: латукӯб бо бастани пову дастҳо, гузаронидани ҷараёни барқ тавассути нохун ба дастҳо, зарбаҳо ба шикам, сар ва рӯй, зарбаҳо бо калтак ба қисмати зонуҳо, фишор ба сутунмӯҳра, таҳдиди таҷовуз.

Дар натиҷаи ташхис дар қурбониён ва хешовандони онҳо ҷароҳатҳои хислати тиббӣ доштаи зерин муайян гардидаанд: баландшавии фишори хун, дарди дил, дард дар сутунмӯҳра, баландшавии қанд дар хун, сактаи мағзи сар, дард дар зонуҳо, шиддат гирифтани панкреатит.

Баъди муоинаи табибон 8 нафар табобати амбулаторӣ ва 2 нафар табобати статсионарӣ гирифтаанд.

Дар қурбониён ва хешовандони онҳо оқибати равонии ҳам шиканҷа ва ҳам муносибати бераҳмона ба миён меояд: изтироб, дамдуздӣ, эҳсоси танҳоӣ, хоби нооромона ё канда-канда, асабоният, хашмгинӣ, худкамбинӣ, ҳиси бетафовутӣ, гумшавии иштиҳо, фаромӯшхотирӣ, ашкрезӣ.

Айни замон 6 нафар кумаки равонӣ гирифта, чор нафари боқимонда хоҳиш кардаанд, ки расонидани кумак то муҳлати дертар мавқуф гузошта шавад.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ панҷ нафар (се зан ва ду мард) кумаки такрории тиббӣ гирифтаанд. Кумак дар асоси қарори консилиум ва тавсияи табиб расонида шудааст. Баъди расонидани кумаки тиббӣ ду нафар бо тавсияи табиби табобаткунанда табобати санаторӣ-курортӣ гирифтаанд.

Ин ва дигар маълумотҳоро метавонед дар торнамои мо - https://notorturetj.org/, инчунин дар саҳифаҳои иҷтимоӣ дарёфт намоед:

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

NoTorture.Tj