Article Pages

Як сокини шаҳри Хоруғ, гуфтааст, ки вай зарур намедонад аз давлат ва мақомоти кишваре, ки метавонанд ба сӯйи сокинони ғайринизомӣ гулӯла шиллик кунад, ҳимоят кунад. Ин шаҳрванди 54-солаи маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон яке аз афроди захмишуда дар амалиёти низомии давлат дар рӯзи 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ будааст. Ҳамчунин ин фард гуфтааст, ки дар ин рӯз вай, ки шадидан захмӣ...

10.09.2013 - 23:58

Аскар Одинаев, ки рӯзе пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба авбошӣ ва таҳдид ба ҷони талабаи мактаби миёна айбдор карда буд, корманди собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ будааст. Капитани мустаъфии амният феълан дар озодӣ аст. Вай ба TojNews ҷузъиёти ҳодисаи 2-юми сентябрро дар мактаби миёнаи рақами 35-и шаҳри Душанбе ва баъдан латукӯб шуданашро дар ШКД-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нақл...

04.09.2013 - 19:31

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа нисбати собиқ корманди бахши кофтукови ҷиноии ШВКД-и шаҳри Сарбанд Нусрат Ёдгоров ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ ҳукм содир намуд. Н.Ёдгоров дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи аломатҳои моддаҳои 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа) ва 358, қ. 1 (Боздошти ғайриқонунӣ ва ба ҳабс гирифтан)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба 2,5 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум...

28.08.2013 - 23:34

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ба имзои муроҷиатнома (петитсия)-и дастаҷамъона ҷиҳати хотима бахшидан ба истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон ташаббус нишон медиҳад. Созмон ҳодисаи рухдода бо Лӯъбат Бурҳоноваро таъкид месозад. Рӯзи 9-уми августи соли 2009 ба ин зан хабар медиҳанд, ки як рӯз қабл писараш Дилшодбек Муродов бар асари бемории дил дар зиндон ба ҳалокат...

16.08.2013 - 21:06

Ҳимоятгари ноболиғи шиканҷашуда аз болои таъиноти хусусии суди ноҳияи Ёвон дар доираи баррасии парвандаи ҷиноятии собиқ нозири минтақавии милиса Машраф Алиев ба суди вилояти Хатлон шикоят бурдааст. Вакили дифои ноболиғи ҷабрдида Умед Ниёзов, ки хизмати ройгони ӯро Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» таъмин кардааст, мегӯяд, ин таъиноти суди ноҳияи Ёвон аз 24-уми июли соли равон, ки дар...

13.08.2013 - 12:33

Маросими ифтитоҳи толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон имрӯз дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир гардид. Муовини раиси Шӯрои адлияи ҶТ Мавлуда Қаландарова зимни суханрониаш иброз дошт, ки дар Кодекси ҷиноятии ҶТ боби махсус оид ба ҷиноятҳо ба муқобили оила ва ноболиғон бахшида шудааст. Дар меъёрҳои Кодекси мазкур барои иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид...

05.08.2013 - 23:21

Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон барои маҳбусон тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд ва инро метавон аз чеҳраҳои онҳо пай бурд, изҳор дошт зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и ҶТ Зариф Ализода. Омбудсмен таъкид дошт, ки тибқи мушоҳидаҳояш дар муассисаҳои пӯшида тамоми шароит, аз ҷумла ҳаммом, оби гарму хунук мавҷуд аст. «Чеҳраҳои маҳбусон гувоҳи онанд...

01.08.2013 - 23:06

Шӯҳрат Қудратов, собиқ вакили мудофеи Зайд Саидов, тасмим гирифтааст, аз болои Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши Оҷонсии зидди фасоди молӣ, ба Додситонии кулл шикоят бубарад. Оқои Қудратов мегӯяд, Ниёзбадалов ӯро латукӯб карда, ҳуқуқашро нақз ва эътибори корияшро поин бурдааст. Ин вакили мудофеъ, ки рӯзи 29-уми июл бо “Озодагон” суҳбат мекард, гуфт, аз муроҷати қаблияш ба шӯъбаи умури...

29.07.2013 - 21:32

Додгоҳи ноҳияи Ёвон парвандаи пурсару садои маъмури пулис Машраб Алиевро ба Додгоҳи Хатлон фиристод. Шодмон Алиев, раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон рӯзи шанбе ба "Озодӣ" гуфт, парвандаи ҷиноии корманди милисаи ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, ки дар ҳафтаи гузашта бо амри Додгоҳи олӣ дубора дар Додгоҳи Ёвон ба баррасӣ гирифта шуд, бинобар беэътимодии айбдоршаванда нисбати додгоҳ, ба Суди вилояти Хатлон...

27.07.2013 - 12:35

Падари зиндоние, ки соъоте пеш ба иттиҳоми интишори видиюи шиканҷаи зиндониён дар Хуҷанд боздошт шуда буд, пас аз "шиканҷа шудан" аз боздошт фирор кардааст. Маҳмуроди Одина, падари Суннатулло Ризоев, ки дар додгоҳе дар Хуҷанд муҳокима мешавад, дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз чаҳору ним соъати "боздошти ғайриқонунӣ ва рафтори ғайриинсонӣ" бо ӯ тавонистааст аз идораи додситонии...

26.07.2013 - 19:51

Страницы