Article Pages

Як маҳбус аз зиндони Қӯрғонтеппа, бинобар латукӯб ва таҳқир дидан аз ҷониби кормандони маҳбас, даст ба гуруснанишинӣ зада, талаб дорад, ки Раёсати ислоҳии зиндонҳо ба арзи вай расидагӣ кунад. Муродҷон Раҳмонов, аз наздикони маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуҷаббор Раҳмонов, 1-уми апрел зимни тамос ба радиои "Озодӣ" гуфт, бародараш беш аз як ҳафта аст, ки даст ба гуруснанишинӣ зада, сарфи...

01.04.2013 - 18:51

Додситонии вилояти Суғд нисбати Садриддин Тошев, маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки бо лақаби “Қорӣ” низ маъруф аст, барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Баҳриддин Тошев, падари маҳбус дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, додситонӣ нисбати писараш, тибқи моддаҳои 332 ва 346-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз намуда, ӯро дар он муттаҳам мекунад, ки оиди авзои зиндон ва...

30.03.2013 - 15:14

Волидайн ва наздикони 59 маҳбусе, ки дар зиндони Хуҷанд ба сар мебаранд, мавриди бозпурсии додситонии махсуси назорати зиндонҳо қарор гирифтаанд. Рустам Азизов, муфаттиши додситонии махсуси назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар як суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки ин бозпурсиҳо дар доираи қонун сурат мегиранд ва тафсилот дар ин маврид пас аз анҷоми...

29.03.2013 - 17:28

Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, мегӯяд, чаҳор рӯз боз нафари таҳти ҳимояташ дар дастрас нест ва наметавонад бо ӯ тамос барқарор кунад. Николаев ин ҳарфҳоро имрӯз, 19 март, дар саҳфаи Твиттер ва Фейсбукаш навиштааст. Умаралӣ Қувватов, раҳбари «Гурӯҳи 24», ки худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кардааст, дар фурудгоҳи Дубай дастгир ва дар боздоштгоҳи муваққат...

19.03.2013 - 19:46

Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон, хусусияти интиқодӣ доштани гузориши ахираш оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро натиҷаи шиносоӣ бо вазъи воқеӣ дар кишвар гуфт. Зариф Ализода дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳеҷ ниҳоде дар марҳилаи аввали фаъолияташ наметавонад, гузориши фарогири воқеиятро оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар таҳия кунад. Ализода дар гузориши ахири худ ба...

19.03.2013 - 13:47

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов, роҳбари боздоштшудаи "Гуруҳи 24" - Қумринисо Ҳафизова ба полиси байналмилалии Амороти муттаҳидаи Араб бо дархости кӯмак ба ӯ ва аҳли оилааш муроҷиат кардааст. Дар ин бора ба TojNews Николай Николаев, вакили дифоъи Умаралӣ Қувватов, иттилоъ дод.  Дар мактуби Қумринисо Ҳафизова ба Интерпол дар АМА, ки бинобар иттилои адвокат шаби гузашта 15-уми март тариқи факс...

16.03.2013 - 17:07

Суд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба пардохти ҷубронпулӣ ба маҳбуси фавтида, ки ба қавли наздиконаш, бар асари лату кӯб ва шиканҷа дар шӯъбаи милиса ба ҳалокат расида буд, водор кард. Дар бораи ин ҳодисаи бесобиқа ба NoTorture.Tj ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод. Хизматрасонии ин ҳимоятгар аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ройгон таъмин...

15.03.2013 - 16:18

Суд шикояти хонаводаи Сафаралӣ Санговро, ки дар боздоштгоҳ бар асари шиканҷа ба ҳалокат расида буд, қонеъ карда, Вазорати корҳои дохилиро ба пардохти маблағи наздик ба 47 ҳазор сомонӣ зарар муваззаф кард. Дар ин бора сомонаи расмии Созмони дифои ҳуқуқи башар дар такя ба суханони Гулчеҳра Холматова, ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида хабар додааст. Бино ба иттилои манбаъ, аризаи шикоятӣ барои ҷуброн...

15.03.2013 - 12:51

Яке аз шабакаҳои муваффақи телевизионии Русия Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба он гунаҳкор кард, ки ба Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати ба Русия истирдод накардани кочоқбари маводи мухаддир Атобек Гулмамадов нота фиристодааст. Бо дархости Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия, ӯ ба Русия истирдод шудааст. Бино ба маълумоти Хадамоти мазкур, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон...

07.03.2013 - 17:39

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 7 март афродеро, ки тоза ба мақомҳои давлатӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфт. Президент Эмомалӣ Раҳмон ин афродро ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ба давлату миллат ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату...

07.03.2013 - 15:12

Страницы