Article Pages

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори шоҳидии Шарифҷон Раҳматов, муттаҳами дуюми 20-сола дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариати ноҳияи Синоро нашр кард.    Тибқи гузориши Вазорати умури дохилӣ Раҳматов ва Умедҷони Амрохони 21-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотӣ бо кормандони комиссариат рӯбарӯ мешаванд: “Зимни гуфтушунид боздоштшудагон беасос ба...

21.11.2015 - 20:38

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти гумонбари дувум дар куштор ва захмӣ кардани чаҳор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 18 ноябр аз боздошти гумонбари дувум дар қатлу захмӣ кардани чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт хабар дод. Вазорат аз ин нафар Раҳматов Шариф Куканович, соли таваллудаш 1995,...

18.11.2015 - 14:39

Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, ки иллати марги Манучеҳр Сабуров дар яке аз қисмҳои низомии ноҳияи Мурғобро таҳқиқ мекунад. Аммо мақомоти ин ниҳод эҳтимоли латту кӯби ин сарбозро рад карданд. Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба таҳқиқи марги Манучеҳр Сабурови 20-сола дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ дар ноҳияи Мурғоб оғоз кардааст. Ин сокини ноҳияи...

18.11.2015 - 10:21

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр видеои шоҳидии Умедҷони Амрохон, нафари гумонбар дар қатл ва захмӣ кардани чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро нашр кард. Дар ин навор гумонбар мегӯяд, ин воқеа субҳи 7 ноябр, ҳангоми ба кор рафтанаш, иттифоқ уфтоадаст. “Шахсони номаълум омада бо ман салом карданд, онҳо чор нафар буданд. Ҳар чорашро бо корд задам. Ин кордро...

16.11.2015 - 12:20

Гумонбар дар қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино боздошт шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр аз боздошти гумонбар дар қатли ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино хабар дод ва гуфт, ки ин нафар Умедҷони Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб будааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Умедҷони Амрохон дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-...

13.11.2015 - 15:06

Манобеъ дар мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, муноқишаи маргбори 7 ноябр, ки бо марги ду корманди комиссариати ҳарбӣ анҷомид, зимни муайянсозии шахсият рух додааст.  Дар пасманзари сарусадоҳо, ки гӯиё муноқишаи кормандони комиссариат бо афроди номаълум ҳангоми “облава” сурат гирифтааст, манбаи “Озодагон” изҳор дошт, ки муноқиша зимни талоши кормандони комиссариат барои муайян кардани шахсияти...

11.11.2015 - 13:43

Афроди номаълум бо 4 корманди Комиссирати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муноқиша карда, бо корд онҳоро сахт маҷрӯҳ сохта ва аз ҷойи ҳодиса фарор кардаанд. Афроди номаълум бо 4 корманди Комиссирати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муноқиша карда, бо корд онҳоро сахт маҷрӯҳ сохта ва аз ҷойи ҳодиса фарор кардаанд. Бино ба иттилои торнамои ВКД, ин ҳодиса соати 7-у 20 дақиқаи рӯзи 7 ноябр...

08.11.2015 - 15:38

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе дубора ба баррасии парвандаи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев дар қисми низомии 2620-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шуруъ кардааст. Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе аз сари нав ба баррасии қазияи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев -- сарбози собиқ ва маъюбшудаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз кардааст, ки дар пайи он сутунмуҳрааш шикаста, то ҳол...

04.11.2015 - 09:07

Падари яке аз омӯзгорони ҷавон дар мактаби рақами 38-и ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки писарашро иҷборӣ ба сафи артиш бурдаанд, дар ҳоле ки ӯ ҳам ба мактаб зарур будааст ва ҳам беморӣ доштааст. Волидони Исломиддин Муродов -- омӯзгори ҷавон дар мактаби рақами 38-и Бохтар аз гӯё иҷборӣ сафарбар шудани фарзандашон ба артиш шикоят доранд. Онҳо рӯзи 2 ноябр дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфтанд,...

03.11.2015 - 10:06

Наздикони Акмал Шамсов, сокини ноҳияи Бохтар иддао карданд, ки писари онҳо дар вақти"облава" латукӯб ва дар бемористон бистарӣ шудааст. Вазорати дифоъ мегӯяд, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Наздикони Акмал Шамсов, сокини деҳаи Эргаши ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар иддао доранд, ки кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳангоми бо зӯрӣ ба бинои комиссариати ҳарбӣ бурдани фарзанди...

22.10.2015 - 21:38

Страницы