Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аз шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ҷамъбастии худро пас аз баррасии гузориши чоруми даврии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр намуд.

Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул гардиданд.

Шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс

Дар мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ оид ба гузориши чоруми даврии Тоҷикистон Кумитаи зидди шиканҷаи СММ иқдомҳои аз ҷониби давлат гирифташударо ҷиҳати беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс зикр намуд, аммо ба як қатор мушкилоти боқимонда дар системаи пенитенсиарӣ ишора кард.

Кумита талошҳои давлатро дар самти беҳтар сохтани шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс тавассути татбиқи лоиҳаҳои таъмиру сохтмони муассисаҳо, зиёд намудани маблағгузории системаи пенитенсиарӣ ва дигар чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегияи ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ барои солҳои 2020-2030 эътироф кард.

Ҳамзамон, Кумита аз боқӣ мондани серодамии ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс ва шароити ғайриқаноатбахши моддиву маишӣ изҳори нигаронӣ кард. Миёни мушкилот ҳолати номусоиди беҳдошт ва санитария, нокифоя будани вентилятсия ва гармидиҳӣ, ғизои номуносиб, инчунин ғайриқаноатбахш будани инфрасохтор дар як қатор муассисаҳои ислоҳӣ зикр гардиданд.

Ба ғайр аз ин, Кумита ба мавҷуд набудани маълумоти мукаммал дар бораи шумораи шахсони дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳдоришаванда, бо ҷудокунии онҳо аз рӯйи муассисаи мушаххас ва мақоми шахсони нигоҳдоришаванда - то суд дар ҳабс қарордошта ва маҳкумшудагон таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Хабарҳо оид ба сарбории зиёди кормандон бинобар норасоии кормандон дар баъзе муассисаҳои пенитенсиарӣ, инчунин набудани маълумоти мушаххас дар бораи таъминоти кадрӣ дар колонияи ислоҳии занона нигаронии ҷудогона ба бор оварданд.

Кумита инчунин мавҷуд набудани маълумоти муфассал дар бораи истифодаи чораҳои алтернативӣ ба ҳабс ҳам дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ ва ҳам баъди баромадани ҳукмро зикр намуд. Ҳамзамон, дар ҳуҷҷат таҳияи лоиҳаи Қонун «Дар бораи пробатсия» ва дигар тадбирҳои пешбинишуда барои коҳиш додани серодамии муассисаҳои пенитенсиарӣ ба эътибор гирифта шудааст.

Боз як мавзуи нигарониҳо хабарҳо дар бораи маҳдуд будани иртиботи боздоштшудагон ва маҳкумшудагон бо ҷаҳони беруна, аз ҷумла дахолат ба мукотибаи оилавӣ, маҳдуд кардани мулоқот ва суҳбатҳои телефонӣ будааст. Ҳамзамон, Кумита бо қаноатмандӣ иттилоъ оид ба баррасии имконияти истифодаи зангҳои видеоиро ҳамчун воситаи иловагии муошират зикр намудааст.

Таваҷҷуҳи махсус ба вазъи духтароне равона гардидааст, ки бо қонун дар ихтилоф қарор дошта, дар колонияи ислоҳии занонаи шаҳри Норак ҳамроҳ бо занони калонсол нигоҳдорӣ мешаванд. Кумита инчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки духтарони аз озодӣ маҳрумшуда ба таҳсилоти миёнаи умумӣ дастрасӣ надоранд, дар ҳоле ки писарони дар муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта чунин имкониятро доранд.

Тавсияҳои Кумита

Кумита ба Тоҷикистон тавсия дод, ки талошҳои худро барои мутобиқ сохтани шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс мутобиқи Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии СММ оид ба муносибат бо маҳкумшудагон (Қоидаҳои Нелсон Мандела) идома диҳад.

Ба давлат тавсия дода шудааст, ки барои коҳиш додани серодамии муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла бо роҳи қабули қонунгузорӣ оид ба чораҳои алтернативии маҳрум сохтан аз озодӣ, чун пробатсия ва дигар ҷазоҳои бе ҷудо кардан аз ҷомеа чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Ҳамчунин идома додани нақшаҳо оид ба корҳои рушд, таҷдид ва навсозии инфрасохторҳои пенитенсиарӣ ва тафтишотӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ тавсия шудааст.

Кумита даъват намуд, ки ҳамаи муассисаҳои пенитенсиарӣ бо шумораи кофии кормандони соҳибихтисос бо дарназардошти масъалаҳои баробарии гендерӣ таъмин гардида, баҳри беҳсозии шароити меҳнат, омодагӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони системаи пенитенсиарӣ чораҳо андешида шаванд.

Ғайр аз ин, ба давлат тавсия дода шуд, ки маълумоти омории пурра дар бораи ҳамаи шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳдоришавандаро бо ҷудокунии онҳо аз рӯйи муассиса ва мақоми ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ ва пешниҳод намояд.

Кумита ҳамчунин зарурати таъмин намудани имконияти нигоҳ доштани робитаи мунтазам бо ҷаҳони беруна, пеш аз ҳама бо аъзои оила ва дӯстонро барои ҳамаи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, бо шумули истифодаи воситаҳои алоқаи аудио ва видеоӣ, мукотибаи бидуни сензура ва мулоқотҳои мунтазами оилавӣ зикр намуд.

Тавсияҳои алоҳида ба қонеъ намудани эҳтиёҷоти махсуси духтарони аз озодӣ маҳрумшуда, аз ҷумла ҷудо нигоҳ доштани онҳо аз занони калонсол, таъмини дастрасӣ ба таҳсил ва барномаҳои офиятбахшӣ, инчунин истифодаи васеътари чораҳои алтернативӣ ба ҳабс дахл доранд.

Дар мавриди шахсоне, ки худро ҳамчун лесбиян, ҳамҷинсгаро, бисексуал ва трансгендер муаррифӣ мекунанд, Кумита тавсия дод, ки эҳтиёҷоти махсуси онҳо сари вақт муайян ва қонеъ карда шуда, кафолатҳои дақиқ барои ҳимоя аз зӯроварӣ ва табъиз таъмин гарданд ва ҳамчунин, омодасозии кормандони ҳамаи ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ташкил карда шавад.

Матлаб дар доираи маъракаи иттилоотӣ бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа таҳия шудааст. Чорабинии мазкур ба боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои мавҷудаи ҳимоя аз шиканҷа ва имкониятҳои дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагон равона гардидааст.

NotortureTj