Article Pages

Дар давраи вазъияти фавқулодда ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад. Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулоддаро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.      

18.07.2024 - 21:40

18-уми июл Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела таҷлил мешавад, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ моҳи ноябри соли 2009 ба хотири эътирофи саҳми собиқ президенти Африқои Ҷанубӣ дар роҳи сулҳу озодӣ таъсис дода шуд. Моҳи декабри соли 2015 Ассамблеяи Генералӣ тасмим гирифт, ки доираи Рӯзи байналмилалии Нелсон Манделаро васеъ намояд ва ҳамзамон онро барои мусоидат ба таъмини шароити...

18.07.2024 - 21:31

Имрӯз силсилаи маълумотҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела, ки ҳамасола 18 июл таҷлил мегардад, оғоз мешавад. Нелсон Мандела арбоби давлатӣ ва сиёсатмадори Африқои Ҷанубӣ буд. Яке аз фаъолони машҳури мубориза барои ҳуқуқи инсон дар давраи апартеид, ки барои он 27 сол зиндонӣ шуд. Моҳи ноябри соли 2009 Ассамблеяи Генерали СММ 18 июлро Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела эълон кард...

18.07.2024 - 21:26

Мандела дар китоби худшиносии худ бо номи "Роҳи тӯлонӣ ба сӯи озодӣ" ва суханрониҳои сершумори худ дар бораи масоили муҳим андешаҳои худро баён карда ва хостори ҳалли онҳо шудааст. Мо иқтибосҳоро аз китоб ва суханрониҳои Нелсон Мандела омода кардем. Маъракаи иттилоотӣ дар доираи лоиҳаҳои зерин амалӣ карда мешавад: - «Роҳ ба сӯи адолат: Таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа...

18.07.2024 - 21:12

Ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон ягон вақт осон набуд. Дар Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон аз соли 1948 муқаррароти мушаххасе, ки ба маҳбусон алоқаманд бошанд, вуҷуд надоранд, гарчанде ҳуқуқҳои дар он номбаршуда, аз ҷумла манъи шиканҷа, ҳуқуқ ба мурофиаи судии одилона ва эҳтимолияти бегуноҳӣ нисбати онҳо низ татбиқ мегардад. Бо гузашти ҳафт сол, соли 1955 дар Конгресси якуми Созмони Милали Муттаҳид...

18.07.2024 - 13:12

18-уми июли соли 2024 аз соати 15:00 то 17:00 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо мақсади маърифатноксозии ҳуқуқии доираи васеи ҷомеа дар масоили ҳуқуқи инсон дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои аҳолӣ машварати сайёри ҳуқуқӣ баргузор намуд. Чорабинии мазкур ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии...

18.07.2024 - 10:42

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон мегардад. Мӯҳлати вазъияти фавқулодда то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин мӯҳлатро Президенти...

17.07.2024 - 21:37

Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист (22 майи соли 2016). Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.          

16.07.2024 - 21:33

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.        

14.07.2024 - 17:05

Страницы