Панҷ сол боз дар интизории адолат

Инак, аз замоне, ки Суди Олии Тоҷикистон ба баррасии такрории парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода Азизов Шералӣ, Давлатмуродзода Саъдӣ ва корманди бахши ошкор намудани кушторҳои силсилавию фармоишии шуъба оид ба парвандаҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ Наимов Эраҷ оғоз намуд, аллакай як моҳ сипарӣ гардид. Ҳар се нафар ба истифодаи шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ гунаҳгор дониста мешаванд.

Оид ба парванда тариқи суроғаи зерин маълумоти бештар дарёфт кардан мумкин аст: https://notorturetj.org/tj/news/adolati-mavkufguzoshtashuda.

Ёдовар мешавем, ки пештар, 16-уми январи соли 2020 Суди Олии ҶТ парвандаро бо ин далел барои тафтиши иловагӣ фиристод, ки «… дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ, ки дар истеҳсолоти Прокуратураи генералии ҶТ қарор дошт, хатоҳо роҳ ёфтаву қарори Суди Олии ҶТ ба эътибор гирифта нашуда буд». Инчунин, аз ҷониби суд нисбати яке аз судшавандаҳо чораи набаромадан аз ҳудуди ҷои истиқомат аз «забонхат дар бораи набаромадан» ба «нигоҳдорӣ дар ҳабс» тағйир дода шуд.

Тафтишоти парвандаи мазкур аз соли 2017, аз замоне, ки Ёдгоров Ҳасан - сокини ҷавони шаҳри Турсунзода бо гумони содир кардани куштор ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифта шуд ва ним сол онҷо қарор дошт, идома дорад. Дар ҳабс ў ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор гардид.

Дар ин бора дар суроғаҳои зерин муфассалтар гуфта шудааст:

https://notorturetj.org/news/press-reliz-0;

https://notorturetj.org/news/bozdoshti-mufattish-chi-guna-khasan-yodgorov-8-mokh-kotil-bud-0;

https://notorturetj.org/news/v-tadzhikistane-po-delu-o-pytkah-vzyat-pod-strazhu-eshche-odin-eks-sotrudnik-milicii.

15-уми майи соли 2018 бо қарори Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ёдгоров Ҳ. қатъ гардида, нисбати шахсони аз шиканҷа истифодабурда тибқи чанд модда, аз ҷумла моддаи «Шиканҷа» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Худи Ёдгоров Ҳ. ва модараш Нарзиқулова Ш. мувофиқи қарори Прокуратураи генералии ҶТ аз рўйи парвандаи мазкур ҷабрдида эътироф карда шуданд.

Аз соли 2017, давоми панҷ сол, модару писар аз таъсири оқибатҳои шиканҷа ва таҳқир азоб кашида, барои дарёфти адолат талош мекунанд.

Баррасии мурофиаҳо дар бинои Суди Олӣ бо роҳбарикунандагии судя Маҳмадшарофи Дилбар гузаронида мешавад.

NoTorture.Tj