Article Pages

Рӯзи 14-уми июн дар яке аз радиоҳои машҳури ватанӣ - «Ватан» барнома бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии СММ ба дастгирии қурбониёни шиканҷа пахш гардид. Рӯзи байналмилалӣ бо мақсади аз байн бурдани шиканҷа ва таъмини амалисозии Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо гузаронида мешавад. Ин рӯз имкон медиҳад, ки...

18.06.2021 - 16:30

ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» - ташкилоти узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар силсилаи тренингҳоро мегузаронанд. Мавзуи тренингҳо «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак...

17.06.2021 - 16:27

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд карда мешавад, чорабинии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!»-ро гузаронид. Намоиши аксҳо дар меҳмонхонаи «Душанбе Серена» гузаронида шуд. Дар доираи чорабинӣ намоиши аксҳои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо...

15.06.2021 - 14:18

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар тренингҳои навбатиро гузаронид. Ин навбат тренинг аз силсилаи «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи зидди шиканҷа,...

14.06.2021 - 16:40

17-уми апрели соли 2014 Фаррух Давлатов - сержанти қисми низомии 2850-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, мустақар дар ноҳияи Мастчоҳ, се нафар сарбози ҷавонро, ки рӯзона барвақттар ба қисми низомӣ гузаронида шуда буданд, наздаш хонда, фармон дод, ки қатор истанд ва баъд аз он ба қисмати шикамашон зарба заданро оғоз намуд. Дар қатор Акмал Давлатов сеюм меистод. Аз як зарбаи сахт Акмал афтод ва...

13.06.2021 - 18:50

Сокини 27-солаи Турсунзода Уктамҷон Игамов рӯзи 2-юми июн дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд эҳтимолан бар асари муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даргузашт. Ӯ 19-уми майи соли 2016 бо айби содир кардани ҷинояти хусусияти экстремистӣ дошта боздошт гардида буд. Номбурда 28-уми май аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ-и вилояти Суғд ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, вале рӯзи 2-...

12.06.2021 - 18:44

Рӯзи душанбе, 14-уми июни соли 2021 дар яке аз радиоҳои машҳури ватанӣ - «Ватан» барнома бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа пахш карда мешавад. Бояд гуфт, ки барнома рӯзи душанбе соати 10:10 дақиқа пахш карда мешавад. Он 30 дақиқа идома ёфта, дар миён фарогири 2 дақиқа реклом хоҳад буд. Рӯзи байналмилалӣ бо мақсади аз байн бурдани шиканҷа ва таъмини...

12.06.2021 - 07:01

27-уми январи соли 2014 якчанд хизматчии ҳарбии нуқтаи назоратии саҳадии қисми низомии 2857, мустақар дар ноҳияи Спитамен, «бо мақсади тарбия додан» сарбозони ҷавонеро, ки аллакай ним сол хизмат карда буданд, қатор карда, ба гулӯ ва дигар аъзои бадани ҳар як сарбоз зарбаҳо мезананд. Баъди латукӯб сарбоз Мақсуд Носиров дар ҳолати беҳушӣ меафтад ва ӯро ба қисми хобгоҳ мебаранд, ки ҳанӯз ба ҳуш...

11.06.2021 - 18:35

То анҷоми хизмати Фарухҷон Ҳайталиев 8 моҳ монда буд. Ӯ моҳи октябри соли 2014 аз ҷониби Комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, ба қисми низомии 2620-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ фиристонида ва баъдан ба қисми низомии 2847, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, гузаронида шуда буд. Дар давоми хизмат ӯ ва дигар хизматчиёни ҳарбии ҳамдаъваташ мунтазам ба латукӯб аз...

10.06.2021 - 18:18

Намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 7-уми май ба хонаи волидони Абдурасул Назаров, ки 28-уми марти имсол эҳтимолан дар натиҷаи истифодаи шиканҷа дар ШВКД Сино-2-и шаҳри Душанбе даргузашт, ба шаҳри Кӯлоб омаданд. Каме пештар ин оила ёдбуди 40-рӯзагии марҳумро гузаронида ва ҳанӯз аз бадбахтии ногаҳонии ба сарашон омада ба худ наомада буданд. Модар Савлатбӣ моро рӯи курпача шинонда, дар...

09.06.2021 - 18:02

Страницы