Article Pages

Муаррифии гузориши пешакӣ аз рӯйи натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон 15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат меварзанд. Мониторинги мазкур дар соли 2014 аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ...

13.09.2014 - 14:00

Модари Низомиддин Ҳомидови 27-сола баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ рӯканиву мӯканӣ кард. Додгоҳи ноҳияи Вахш як афсари милисаро барои роҳ додан ба марги як муттаҳам ба ҷиноят гунаҳкор донист ва ӯро 36 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Аҳлиддин Назаров, додраси ин парванда рӯзи 14-уми август гуфт, ки Зайнуддин Назриев, тибқи моддаи 322 -и Кодекси ҷиноӣ, яъне "хунукназарӣ" гунаҳкор шинохта шуд ва...

15.08.2014 - 11:46

Дар маҳалли хидмати Шаҳбол Мирзоев, сарбози осебдида аз лату кӯби ҳамсафонаш, ки номаш тайи моҳҳои ахир забонзади расонаҳост, дурбинҳои мадорбаста насб шудааст. Ба гуфтаи як сарбози ягони низомие, ки оқои Мирзоев дар он ҷо хидмат мекард, феълан дар гӯшаҳои мухталифе аз ин ягон (част)-и низомӣ дурбинҳои мадорбаста насб шудаанд ва фармондеҳон метавонанд фаъолияти сарбозонро пайваста зери назар...

09.07.2014 - 20:25

Волидайни Ҷӯрабой Ҳомидов, як сарбози нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбе ба таври мармуз ҳалок шудааст, хостори таҳқиқи марги фарзанди худ ҳастанд. Акрам Холиқов, падари сарбози ҳалокшуда Ҷӯрабой Ҳомидов, ки дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ зиндагӣ мекунад, дар як тамос ба Радиои «Озодӣ» гуфт, писарашро субҳи рӯзи душанбе як афсар ва ду сарбоз бо иттифоқи раис ва сарвари милисаи ноҳия...

09.07.2014 - 17:49

Пайвандони як донишҷӯ дар Душанбе аз як афсари милиса шикоят доранд, ки ҳамроҳи 5 шарикаш писари онҳоро ҳангоми тарбузфурӯшӣ латтукӯб кардаанд. Мақомот мегӯянд, қазияро таҳқиқ мекунанд. Пайвандони Қаноатзода Сорбони Тағдиршо, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт аз тарафи Низом Баротов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи...

28.06.2014 - 03:38

Созмонҳои миллӣ ва байнулмилалии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал меоранд, ки шиканҷа ва беҷазоиро хотима бахшанд. 26-уми июни соли 2014, дар Рӯзи байнулмилалии дастгирии ҷабрдидагони шиканҷа, Эътилофи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукуматҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ даъват ба амал меорад, ки ба таври ошкоро ва қотеона шиканҷаро маҳкум карда, чунин мавқеъгирии...

26.06.2014 - 15:57

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июн Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоевро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июн фелдшери нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмоналӣ Ғайратовро барои бадрафторӣ бо сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоев ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳи ҳарбии Душанбе дар...

19.06.2014 - 14:29

Усмоналӣ Ғайратов, муттаҳами асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 11 июн дар додгоҳ гуфт, набояд товони зарари Шаҳболро танҳо ба гардани ӯ бияндозанд. Шарафҷон Нарзуллоев, додраси додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 11 июн аз Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва муттаҳами асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба...

11.06.2014 - 17:43

9-12 июни соли 2014 Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикии Дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ва Маркази ҳуқуқӣ инсон барои табибони рӯҳшинос, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул омӯзиш мегузаронанд. Иштирокчиёни тренинг тӯли чор рӯз ба...

06.06.2014 - 11:24

Парвандаи марги мармузи сарбозе, ки мақомоти қисми низомӣ мегуфтанд, нон дар гулӯяш дармонда, сабаби маргаш шудааст, ба додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд рафтааст. Додситони ҳарбии гарнизони Суғд таҳқиқи парвандаи сарбози қисми ҳарбии марзбонии воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ сержанти хурд Давлатов Фаррухро, ки бар асоси моддаи 391, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба «сӯиистифода аз...

05.06.2014 - 23:21

Страницы