Модари як сарбозе, ки чанд моҳи пеш писараш бар асари латукӯб ҷон дод, дар мурофиаи додгоҳӣ қотили фарзандашро бахшидааст. Ин амали Навбаҳор Суюнова -- сокини шаҳри Леваканд, ки ҳанӯз доғи фарзанд бар сина дорад, бисёриҳо, бавижа сарбозонро ҳайратзада кард. Муҳсинхӯҷа Султонов, ки барои қатли Ҳасан Каримов аз сӯи додгоҳ ба 10 сол зиндон маҳкум шуд, дар мурофиа гуфтааст, ки пас аз адои мӯҳлати...
Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон