Article Pages

Маркази таҳлилии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тариқи гузаронидани вохӯриҳо бо дипломатҳо ва намояндагони ҳайатҳои байналмилаливу байниҳукуматӣ, инчунин омодасозии гузоришҳои таҳлилӣ ва пешниҳоди тавсияҳои худ барои пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар сатҳи милливу байналмилалӣ фаъолияти назаррас дорад. Дар соли 2018 барои омодасозии Стратегияи миллӣ дар самти...

11.02.2019 - 11:38

Узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» (минбаъд ДОШ) фаъолият дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои даъватшавандагон, даъватшудагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро амалӣ менамояд. «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар...

08.02.2019 - 14:14

Лоиҳаи пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулии Эътилоф аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ҳамоҳангсозӣ мешавад. Ҳамоҳангсози лоиҳа инчунин Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф ба шумор меравад, ки оид ба масоили расонидани кӯмак тибқи принсипҳои Протоколи Истамбулӣ кӯмаки машваратӣ мерасонад. Дар солҳои 2019-2020 фаъолияти барнома оид ба иҷрои принсипҳои Протоколи Истамбулӣ ба коркарди барномаи...

07.02.2019 - 15:12

Рӯзҳои 1-2-юми феврал дар шаҳри Душанбе ҷамъомади Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2018 баргузор гардид. Роҳбари Эътилоф Нурмаҳмад Халилов иттилоъ дод, ки соли гузашта тағйирот дар самти муборизаи самаранок бо шиканҷа дар Тоҷикистон муяссар гардид. Аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои узви Эътилоф 44 муроҷиат оид ба шиканҷаву...

06.02.2019 - 08:01

Суди олии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2018 як парванда нисбат ба ду нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба шиканҷа баррасӣ гардида, муттаҳамон ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда шуданд. Раиси Суди олии кишвар Шермуҳаммад Шоҳиён дирӯз, 4-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон шиканҷаро «масъалаи ҷиддӣ» унвон карда, гуфт, бояд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаботи қонун...

05.02.2019 - 12:35

Дар соли 2018 аз ҷониби Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ 44 муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷумла 7 нафар зан бо шикоят аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд. Муроҷиаткунандагон ба шаклҳои зерини истифодаи шиканҷа ишора намудаанд: латукӯб дар қисмҳои гуногуни бадан, аз ҷумла бо истифода аз калтаки резинӣ, гузоштаи қувваи...

04.02.2019 - 12:02

Дар соли 2018 Гуруҳи офиятбахшӣ барои барқароршавии 49 шаҳрванд кӯмак расонд: аз онҳо нафароне, ки бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, 27 нафар ва аъои оилаҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона 22 нафаранд. Аз шумораи умумӣ: занҳо - 20, мардҳо - 29, аз онҳо ноболиғон 3 (2 писар ва 1 духтар) мебошанд. 18 нафар офиятбахшии такрорӣ гузаштанд: 7 нафар табобати...

01.02.2019 - 16:30

Ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҳомиёни ҳуқуқ ва Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ҷазо барои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳоро сахттар мекунад ва афродеро, ки даст ба шиканҷа мезананд, дигар афв наменамояд. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, рӯзи 24-уми январи имсол нақшаеро тасдиқ кард, ки бар асоси он ҳукумат дар чаҳор соли оянда тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи...

31.01.2019 - 18:00

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода имрӯз, 31-уми январ, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки муроҷиатҳои ба институти омбудсмен вобаста ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа воридгардида тасдиқи худро наёфтаанд. Зариф Ализода гуфт, ки соли гузашта 13 муроҷиат вобаста ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ворид шудааст: «Аз 13 муроҷиат дутояш аз ҷониби хешовандони нафароне ворид...

31.01.2019 - 18:00

Гуруҳ оид ба мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар соли 2018 аз 16 муассиса дидан намуда, аз ҷумла аввалин маротиба дар тавқифгоҳи муваққатии зертобеи Агентии назорати маводи нашъаовар гузаронидани мониторингро оғоз кард. Миёни муассисаҳое, ки Гуруҳ оид ба мониторинг аз онҳо дидан намуд, инҳоянд: муассисаи руҳии вилоятии шаҳри Исфара, тавқифгоҳи...

31.01.2019 - 13:53

Страницы