Article Pages

Дар доираи чорабинии «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон 2-юми декабр дар радиои Asia-Plus (107 FM) барномаи мустақим ва онлайн-машварат баргузор мегардад. Ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шарипов Абдураҳмон ва Сайфуллоев Салимҷон дар мавриди Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баромад карда, ба...

28.11.2021 - 20:53

Ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати фавт ва захмишавии зиёди шаҳрвандони мулкӣ ҳангоми боздошти худсарона ва гирдиҳамоиҳои сулҳҷўёна дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронии амиқ изҳор намуда, аз мақомоти Тоҷикистон барои гузаронидани тафтишоти қатъӣ дархост ба амал меоранд.   МАТН БАРОИ ИМЗОГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ, ТҒД-И БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ВА МИЛЛӢ БОЗ АСТ. АГАР...

28.11.2021 - 16:43

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава, Лаҳистон) аз 12 то 17-уми ноябр дар шаҳри Душанбе барои тренерҳо дар мавзуи «Ҳуқуқҳои мизоҷони муассисаҳои руҳиро чӣ гуна бояд омӯзонд?» тренинг баргузор намуд. Машғулиятҳоро тренерҳои Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон Александра Ивановска, Янина Агнешка Клосовска ва...

22.11.2021 - 16:24

Тибқи Қонун «Дар бораи афв», ки имсол ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 6-уми сентябр қабул гардидаву баъдан аз ҷониби Президегти кишвар имзо шуд, афв набояд нисбати гунаҳгорон дар истифодаи шиканҷа татбиқ мегардид. «Афв нисбати маҳбусоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, расонидани...

11.11.2021 - 15:36

Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона (ҲББ) ва ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсон (ҲБҲИ) шиканҷа, дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шарафро қатъиян манъ мекунанд. Манъи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона аз Конвенсияи Женева (соли 1949), Протоколҳои иловагӣ ба он (соли 1977), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ...

10.11.2021 - 22:40

Тоҷикистониёни азиз! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ кулли шаҳрвандони Тоҷикистонро ба муносибати иди муҳим - 27-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар табрик мегӯяд. Конститутсия асоси зиндагии шоистаи моро бо тамоми рангорангиаш муайян намуда, ҳуқуқҳои асосиву озодиямонро кафолат медиҳад. Ба ҳама бурдборӣ, рушди иқтидорҳо, пешрафт дар зиндагӣ ва дастовардҳои нав...

06.11.2021 - 16:20

Шарҳи умумии даврии СММ оид ба Тоҷикистонро (Иҷлосияи 39-уми гуруҳи кории ШУД, октябр-ноябри соли 2021) манзури Шумо менамоем Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (Эътилоф), ки 12 гурӯҳи ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон ва 9 коршиноси мустақил, Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (ШБҲИ, Белгия) ва Бунёди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи...

03.11.2021 - 20:58

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ оид ба заҳролудшавии 40 маҳбус дар колонияи Ваҳдатро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, рад кард. Хабар дар бораи заҳролудшавии маҳбусон дар маҳбаси Ваҳдат аз оби сарчашмаҳои зеризаминӣ, ки гӯё аз зарурат истифода бурдаанд, субҳи имрӯз дар «Фейсбук» пахш гардид. Бино ба иттилои СРИҶҶ, ягон далеле вуҷуд надорад, ки...

29.10.2021 - 10:42

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО-и вилояти Суғд дар мавзуи «Инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи Нақшаи миллии амалҳо дар ВАО» семинари омӯзишӣ баргузор намуд. 22-юми октябр дар меҳмонхонаи «DE-LUX»-и вилояти Суғд семинари омӯзишӣ барои намояндагони ВАО ва рӯзноманигорон дар...

25.10.2021 - 14:26

Страницы