Тафтиш ва таъқиби ҷиноятии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ҷамъбастии худро пас аз баррасии гузориши чоруми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр кард.

Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор гардиданд, баррасӣ шуд. Мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул гардиданд.

Тафтиш ва таъқиби ҷиноятии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона

Кумита бо истинод ба мулоҳизаҳои ҷамъбастии қаблии худ ва баҳогузории гузоришгари Кумита оид ба тадбирҳо аз идома ёфтани хабарҳо дар бораи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, махсусан аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои амниятӣ ҳангоми дар ҳабс дар пулис қарор доштан ва дар марҳилаи ҳабси пешакӣ изҳори нигаронӣ мекунад.

Бо вуҷуди изҳороти оммавии роҳбарияти олии давлат дар бораи манъи бечунучарои шиканҷа, инчунин насби қуттиҳои қабули шикоятҳо дар ҳамаи муассисаҳои пенитенсиарӣ, ки танҳо мақомоти прокуратура ба онҳо дастрасӣ доранд, Кумита ҳамоно аз маълумот дар бораи идома ёфтани истифодаи чунин амалия нигарон аст.

Аз ҷумла, Кумита аз масъалаҳои зерин ҷиддан нигарон аст:

- шикоятҳои маҳкумшудагон то ҳол метавонанд аз ҷониби маъмурияти муассисаи дахлдор баррасӣ шаванд;

- механизми мустақили тафтиши тасдиқот дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона вуҷуд надорад. Амалияи мавҷуда асосан ба мақомоти прокуратура такя мекунад, ки тибқи маълумот, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робитаи наздик доранд ва кафолатҳои кофии мустақилият надоранд, инчунин ба кормандони воҳидҳои амнияти дохилии мақомоти корҳои дохилӣ, ки аз ҷиҳати сохторӣ ё иерархӣ бо гунаҳкорони эҳтимолӣ алоқаманд мебошанд;

- сатҳи пасти ҳукмҳои айбдоркунӣ аз рӯйи парвандаҳои шиканҷа боқӣ мемонад. Аз 105 шикояте, ки дар давраи аз соли 2018 то 2025 ба мақомоти прокуратура ворид шудаанд, танҳо аз рӯйи 13 ҳолат ҳукми айбдоркунӣ содир шудааст. Кумита инчунин қайд мекунад, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон салоҳияти гузаронидани тафтишро надорад ва танҳо метавонад аризаҳои тасдиқшударо барои баррасии минбаъда ба дигар мақомоти салоҳиятдор ирсол намояд. Ғайр аз ин, дар давраи аз соли 2022 то 2025 аз ҷониби ӯ ҳамагӣ 10 шикоят вобаста ба амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс ба қайд гирифта шудааст;

- дар бораи норасоиҳо ҳангоми гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ва судӣ-тиббии ба тарс аз фишор ва мавҷуд набудани мустақилият асосёфта, сарфи назар аз омӯзиши васеи кормандони тиб ва судӣ-тиббӣ тибқи стандартҳои Протоколи Истанбулӣ, инчунин мавҷудияти тартибу дастурҳои дахлдори гузаронидани муоинаҳои судӣ-тиббӣ хабар дода мешавад;

- маълумоти мутамарказ, ҳамаҷониба ва ҷудошуда оид ба шикоятҳо дар бораи амалҳое, ки метавонанд ҳамчун шиканҷа ё муносибати бераҳмона тасниф шаванд, аз ҷумла ҳолатҳое, ки ҳамчун сӯйистифода аз ваколат ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бозтасниф мешаванд, инчунин маълумот дар бораи тафтиш, таъқиби ҷиноятӣ ва ҳукмҳои айбдоркунии бо онҳо алоқаманд мавҷуд нест. Дар ин замина, Кумита ҳар семоҳа ҷамъоварӣ кардани маълумот аз ҷониби мақомоти прокуратура оид ба шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва талошҳо барои таъсиси Системаи ягонаи давлатии бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳоро ёдовар мешавад.

Тавсияҳо

Кумита ба давлат тавсия медиҳад, ки:

- таъмин намояд, то мақомоти салоҳиятдор ҳар вақте ки барои гумони содир шудани шиканҷа, муносибати бераҳмона, истифодаи аз ҳад зиёди қувва ё сӯйистифода аз ваколат асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, фавран ва беғаразона тафтиш гузаронанд;

- татбиқи механизмҳои мавҷудаи пешниҳоди шикоятҳоро идома дода, барои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ҳамаи ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дастрасии самаранок, махфӣ ва бемонеаро ба онҳо таъмин намояд, инчунин кафолат диҳад, ки роҳбарони муассисаҳо ё роҳбарони институтсионалӣ ва ё иерархии онҳо дар қабул, ирсол ё баррасии чунин шикоятҳо иштирок накунанд;

- ҳамаи чораҳои заруриро барои пешгирии тарсдиҳӣ ва фишор нисбати қурбониёни эҳтимолӣ, намояндагони қонунии онҳо ва хешовандонашон андешида, системаи самараноки ҳимояи ҷабрдидагон ва шоҳидонро таъсис диҳад;

- механизми мустақили тафтиши ҳолатҳои шиканҷаро таъсис дода, кафолат диҳад, ки байни муфаттишони ин мақом ва гунаҳкорони эҳтимолӣ ягон робитаи сохторӣ ё иерархӣ вуҷуд надошта бошад;

- татбиқи барномаҳои омӯзиширо барои ҳамаи мутахассисони дахлдор, аз ҷумла кормандони тиб ва равоншиносон, коршиносони судӣ-тиббӣ, прокурорҳо ва судяҳо оид ба муайянсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва тафтиши ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона мутобиқи Протоколи Истанбулӣ идома дода, чунин омӯзишро ба барномаҳои ҳатмии таълимӣ ворид намояд;

- фавран гузаронидани муоинаҳои тиббиро аз рӯйи ҳамаи аризаҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона мутобиқи методологияи Протоколи Истанбулӣ таъмин намуда, дар ҳолатҳое, ки барои гумони шиканҷа ё муносибати бераҳмона асос вуҷуд дорад, маълумотро ба механизми мустақили тафтишот ирсол намоянд;

- талошҳоро барои таҳкими Системаи ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо фаъол гардонида, инчунин ҷамъоварӣ ва нашри маълумоти ҳамаҷонибаи омории ҷудошударо оид ба ҳамаи масъалаҳои марбут ба уҳдадориҳои давлат тибқи Конвенсия, аз ҷумла маълумот дар бораи шикоятҳо аз шиканҷа, ҳолатҳои муносибати бераҳмона, истифодаи аз ҳад зиёди қувва, сӯйистифода аз ваколат ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ҳамзамон маълумот дар бораи тафтишот, ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани гунаҳкорон ва чораҳои барқарор сохтани ҳуқуқҳои ҷабрдидагон таъмин намояд.

Матлаб дар доираи маъракаи иттилоотӣ бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа таҳия шудааст. Чорабинии мазкур ба боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои мавҷудаи ҳимоя аз шиканҷа ва имкониятҳои дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагон равона гардидааст.

NotortureTj