Article Pages

Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи ҶТ ва Созмони байналмилалии Terre des hommes рӯзҳои 8-9-уми ноябр барои кормандони муассисаи давлатии «Маркази кӯмаки ҳуқуқӣ» ва ҳуқуқшиносони идораи ҳуқуқии давлатии шаҳри Душанбе, инчунин ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон тренинг гузарониданд. Мавзуи тренинг ба тавонмандиҳои ҳуқуқиву равонии ҳимояи кӯдак, аз ҷумла...

14.11.2018 - 14:59

Дар толори конфронсии дафтари Раёсати Комиссари Олии СММ[1] оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ оид ба баррасии Нақшаи миллӣ оид ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2018-2022 вохӯрии корӣ баргузор гардид. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дар ҳамкорӣ бо РКОҲИ СММ оид ба Осиёи...

13.11.2018 - 14:55

Парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели марги сокини ноҳияи Исфара Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 ҳангоми боздошт дар РМЗҶМ-и вилояти Суғд дар натиҷаи шиканҷа даргузашт, маротибаи 7-ум боздошта шуд. «Бояд зикр намуд, ки тафтишоти марги Исмонбой Бобоев баъди гирифтани мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз моҳи августи соли 2017-ум 7 маротиба аз сар гирифта шуд. Кумита муроҷиатро баррасӣ...

05.11.2018 - 15:09

Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз чораҳои қонуниву дастрас оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷаву мносибати бераҳмона ва аъзои оилаи онҳо машғул аст. Аз ҷумла, ҳуҷҷатгузории хабарҳо оид ба шиканҷа...

02.11.2018 - 11:21

Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ (ГКҲ) -и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти гуруҳ дар соли 2014 ва 9 моҳи соли 2018 маълумот дод. - Аз ҷониби мо 237 шикояти шаҳрвандон оид ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд. Мо аз манфиатҳои 200 нафар шаҳрвандон дар судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ...

01.11.2018 - 07:54

Огоҳӣ ёфтем, ки Гулнора Гулмирзоева аз дунё гузаштааст. Ӯ дар Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо ба ҳайси равоншинос кор карда, дар фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Гулнора Ҷамъияти равоншиносон-мушовирон ва руҳшиносони Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард ва мо дар якҷоягӣ бо ин ташкилот амалӣ намудани...

26.10.2018 - 09:34

Бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидори маркази таълимии Иттифоқи адвокатҳои ҶТ дар масъалаи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа ва кафолатҳои асосии ҳуқуқҳои боздоштшудагону маҳкумгардидагон рӯзҳои 5-6-уми октябр дар мавзеи «Сароб» тренинги дурӯза гузаронида шуд. Дар тренинг 25 нафар адвокат аз шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Хусусияти фарқкунандаи ин тренинг...

17.10.2018 - 11:57

  Мониторинги Хона-интернат барои шахсони бемори руҳии Восеъ: 16 сомонӣ дар як рӯз барои хӯрок, таҷҳизоти куҳна ва набудани кондитсионерҳо Мониторинги муассисаи давлатии «Хона-интернат барои шахсони бемори руҳӣ» дар ноҳияи Восеъ 17-18-уми июли соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду...

08.10.2018 - 15:00

  Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Дарвоз: касе аз шиканҷа шикоят накард Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии шуъбаи милисаи ноҳияи Дарвоз 22-23-юми августи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ворид гардиданд. Тавқифгоҳи...

08.10.2018 - 10:47

Мониторинги такрории тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғ: дар ҳавлии сайругашт камераи назорати видеоӣ насб карда шуд Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғи ВМКБ 28-29-уми августи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид шуданд. Ҳангоми...

08.10.2018 - 10:40

Страницы