Article Pages

Сокини деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ Ҳасан Оев, падари Сайидакбари Ҳасан - наваскари 22-солае, ки як моҳ қабл аз шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ бурданду дирӯз, 27-уми май, ҷасадашро дар зодгоҳ ба волидон супурданд, мегӯяд, писараш мавриди латукӯб ва шиканҷаи “дедҳо”-и қисми низомӣ қарор гирифтааст. Номбурда, ки омӯзгори собиқадор аст, имрӯз дар суҳбат бо faraj.tj замоне, ки гиря гулӯгираш мекарду...

29.05.2018 - 09:57

Мудири як мактаби деҳаи дурдасте дар Тоҷикистон баъди ҷалби маҷбурии омӯзгори 19-солаи мактаб аз амалкарди комиссариати ҳарбӣ ба додситонии низомӣ шикоят бурдааст. Гулнора Хоҷаева, мудири мактаб рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, афсарони ин ниҳод Шамсулло Султонов, омӯзгори 19-солаи таърихро ҳангоми дарс ва бо шеваи баде дастгир карда ва ба артиш бурдаанд, ки хилофи қонун аст. “...

26.05.2018 - 09:25

Додситонии ҳарбии Суғд таҳқиқи худкушии Комил Хоҷаназаров, сокини ноҳияи Ашт ва узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро анҷом дода, барои баррасӣ ба Додгоҳи ҳарбӣ фиристодааст. Хоҷаназров соли гузашта баъди боздошту раҳоӣ аз тарафи маъмурони милисаи вилоятӣ худкушӣ кард. ​Се иттиҳом, се муттаҳам Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи...

25.05.2018 - 09:53

Сокини Кўлоб Умрия Латипова ба Эътилофи зидди шиканҷа бо хоҳиши кўмак расонидан ба бародараш Файзалӣ Латипов вобаста ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ дар боздоштгоҳ муроҷиат кард. Дар ин бора адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки аз ҷониби ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» таъмин карда шудааст, иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи Умрия Латипова, бародари 25-солааш Файзалӣ...

25.05.2018 - 09:12

Эндрю Гилмор, ёвари дабири кулли Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар, гуфт, ҳукуматҳо дар зиндагии шаҳрвандони худ нақши муҳим мебозанд, "аммо хирад набояд танҳо монополияи ҳукумат бошад". Зимни суханронӣ дар поёни сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон Гилмор аз мақомоти кишвар хост, барои боз шудани фазои ҷомеаи маданӣ шароит фароҳам оваранд. Гилмор рӯзҳои 14-15-уми май дар Душанбе бо намояндагони...

17.05.2018 - 11:36

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон рӯзи 15 май ба баррасии парвандаи ҷиноии як сарбози қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Норак оғоз мекунад, ки ба марги ҳамхизматаш айбдор шудааст. Дар курсии айбдоршаванда - Муҳсинхӯҷа Султонов, сарбози 21-сола аз вилояти Суғд нишастааст, ки ба гуфтаи тафтишот ҳамхизматашро шадидан латтукӯб ва оинномаи артишро нақз кардааст. Иттиҳом...

15.05.2018 - 09:17

Муфаттишони Додситонии низомии Тоҷикистон сабаби марги як сарбозро, ки хонаводааш иддао дорад, дар гулӯи ӯ захми тирро дидаанд, худкушӣ номид. Раҷабалӣ Каримови 21-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, дар ҳайати Горди Миллӣ дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт хидмат мекард. Ҷасади ӯро рӯзи 3-юми май ба наздиконаш супурдаанд. Раҷабалӣ Каримов соли гузашта аз деҳаи Ниёгони ҷамоати Дурбати ноҳияи...

12.05.2018 - 14:41

Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар доираи лоиҳаи «Муттаҳидсозии кушишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон», ки бо дастгирии Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Сафорати Финляндия дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, рўзҳои 10-11-уми майи соли 2018 оид ба масоили пешбурди ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тренинги...

11.05.2018 - 09:42

Аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон пурсиданд, ки чаро ба омилони шиканҷа ҷазои сабук дода, қурбониёни чунин ҳодисаҳоро бо пизишк ва вакили дифои мустақил таъмин намекунад.  Қазияҳои пурсарусадо ва маҳкумшудаҳое, ки ҳомиёни ҳуқуқ парвандаашонро “сиёсӣ” унвон мекунанд, аз суолҳои дигаре ба намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Женева буд. Мақомоти...

06.05.2018 - 13:43

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гузориши муштаракро ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ (КЗШ) дар бораи тадбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа аз ҷониби давлат омода намуданд. Ҳуҷҷати мазкур маълумот оид ба заминаи қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарии марбут ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаро дар бар мегирад. Дар гузориш...

25.04.2018 - 10:27

Страницы