Article Pages

Дар соли 2018 ГКҲ фаъолияти худро дар самти расонидани кўмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, пешбурди мурофиаҳои судии стратегӣ, ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои истифодаи шиканҷа, омодасозии маводҳо барои ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва гузоришҳои алтернптивӣ ба мақомоти СММ, инчунин дар доираи муколамаҳои байниҳукуматӣ гузаронидани тренингҳо ва чорабиниҳои омўзишӣ оид ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа барои адвокатҳои...

03.08.2018 - 17:03

Дар нимсолаи аввали соли 2018 барои офиятбахшӣ 31 нафар ворид шуданд, ки аз онҳо 17 нафар шахсони бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷабрдида ва 14 нафар аъзои оилаҳоянд. 13 нафар офиятбахшии такрорӣ гузаштанд: 4 нафар табобати амбулаторӣ ва 2 нафар табобати статсионарӣ гирифтанд, ба 3 нафар кўмаки равонӣ расонида шуда, 4 нафар табобати санаторӣ-истироҳатӣ гирифтанд. Аз рўи...

02.08.2018 - 17:05

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» ТҶ «Центр по правам человека» якчоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТ ва ҲИА ҶТ) рўзҳои 25-27-уми июли соли 2018 оид ба мукаррароти Протоколи Истамбулӣ ва хусусиятҳои гузаронидани мониторинги муассисаҳои тиббӣ, тренинги омодабошии мутахассисонро гузаронида истодааст....

26.07.2018 - 20:45

Прокуратураи генералии Тоҷикистон маротибаи ёздаҳум санҷиши муқаддамотии далели марги Саймурод Орзуевро аз сар гирифт. 17-уми июни соли 2014 ба Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон сокини ноҳияи Нуробод Алӣ Орзуев муроҷиат карда, хабар дод, ки 25-уми апрели соли 2014 тахминан соати 16:00 се нафар корманди милитсияи ШВКД-и ноҳияи Нуробод...

25.07.2018 - 14:53

Адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов бори чорум аз сар гирифта шавад. Прокуратураи генералии Тоҷикистон падарро танҳо баъди се соли даргузашти писараш ҷабрдида эътироф кард. Адвокатҳо натиҷаҳои тафтишотро оид ба боз доштани парванда бо сабаби...

25.07.2018 - 08:46

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, барои пайдо кардани як афсари милисаи фирорӣ, ки ба шиканҷа муттаҳам мешавад, ӯро дар ҷустӯҷуи байналмилалӣ қарор доданд. Маҳмадулло Идиев, лейтенанти калони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ, ки ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” муттаҳам мешуд, аз тарси зиндонӣ шудан фирор кардааст ва мақомот намедонанд, ки ҳоло ӯ дар куҷост. Додситонии Хатлон ин...

20.07.2018 - 14:46

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор намудани силсилаи тренингҳоро барои адвокатҳои кишвар идома медиҳад. Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар доираи фаъолияти Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои кишвар рўзҳои 13-14-уми июли соли 2018 барои адвокатҳои амалкунанда...

18.07.2018 - 17:36

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, имсол 2 корманди милиса ва як корманди мақомоти амният бо гуноҳи шиканҷа ба 12 ва 13 соли зиндон маҳкум шудаанд. Айни замон ба гуфтаи ин ниҳод, муроҷиати сокинон дар бораи бадрафториву шиканҷа аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ афзудаст. Шариф Қурбонзода, намояндаи Додситонии кулл рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи соли 2018 аз мардум...

18.07.2018 - 17:27

16-уми июли соли 2018 Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт бо намояндагони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вохўрӣ намуд. Намояндагони Эътилоф оид ба фаъолиятҳои худ дар самти огоҳнамоӣ ва муборизаи самаранок муқобили шиканҷа дар кишвар сухан гуфтанд. Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои оянда дар самти ҳимоя ва рушди...

18.07.2018 - 13:55

Кибриё Юлдошева, як сокини 33-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд иддао дорад, ки кормандони милисаи ноҳия ӯро ҳангоми бозпурсӣ бараҳна ва таҳқир карданд. Ин зан ба тақаллубкорӣ гумонбар шудааст. Бинобар иттиҳом Юлдошева бо санади шахси дигар аз бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” қарз гирифтааст. Кибриё Юлдошева рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, нисфирӯзии 3-уми май дар як утоқи Шӯъбаи...

10.07.2018 - 11:44

Страницы