Article Pages

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “мо риши касеро наметарошем ва сатри касеро аз сараш намегирем”.  Дар пасманзари хабари расонаҳои маъруфи ҷаҳон оиди тарошидани риши сокинон аз сӯи милисаҳои тоҷик Раҳимзода, имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе риштарошию сатркаширо рад карда, таъкид намуд, ки дар ин масъала танҳо аз усулҳои фаҳмондадиҳӣ кор...

25.01.2016 - 14:21

Ду вакили дифои турк, ки гуфта мешуд рӯзи ҷумъа аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шудаанд, ба кишварашон баргаштанд. Хабаргузории расмии Туркия -- "Анатолия" рӯзи 23-юми январ хабар дод, ки ду вакили дифои турк -- Эмин Йелдирим ва Гӯлден Сонмез рӯзи шанбе аз Тоҷикистон ба Истанбул баргаштанд. Анҷумани ҳуқуқдонҳои Туркия рӯзи гузашта бо пахши як баёния эълом дошт,...

24.01.2016 - 11:19

Додгоҳи шаҳри Солнечногорск қарор кард, ки парвандаи гумонбарони марги муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов пушти дарҳои баста муҳокима шавад. Наздикони Фаррух мегӯянд, бо ин мехоҳанд аъмоли афсарони пулисро рӯпӯш кунанд. Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав шоми 19 январ ба муҳокимаи парвандаи се афсари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорск Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир...

20.01.2016 - 18:28

Прокурутураи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби комиссияи тиббии Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Онҳо бо моддаи «Хунукназарӣ», барои Эмомиддин Холовро, ки аз бемории вазнини гурдаҳо азият мекашид, ба хизмати ҳарбӣ коршоям донистан айбдор карда...

15.01.2016 - 17:28

Мурофиаи се маъмури пулиси Русия, ки дар қатли Фаррух Урозов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, рӯзи 19 январ дар додгоҳи ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав оғоз меёбад.  Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия дар марги Фаррух Урозов се корманди пулиси ноҳияи Солнечногорск - Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев гумонбар дониста мешаванд. ...

15.01.2016 - 14:52

Дар Маркази Исмоилияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи гирд дар мавзӯи «Ҳуқуқи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Натиҷа ва имкониятҳои минбаъда» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Рустам Байбалаев - муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, Мачей Мадалинский - сардори шӯъбаи кӯмаки техникии намояндагии Иттиҳоди...

15.01.2016 - 12:53

Тафтиши парвандаи гумонбарон дар куштор ва захмӣ кардани чаҳор корманди комиссариати ҳарбии ноҳия Сино ба анҷом расид, аммо Вазорати корҳои дохилӣ ҷоизаи ваъдагиашро барои ошкор кардани куштор ба касе тақдим накардааст. Субҳи 7-уми ноябр дар шаҳри Душанбе чаҳор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро ашхоси номаълум бо корд захмӣ кардаанд, ки аз онҳо ду нафарашон ба ҳалокат расид. Он вақт...

04.01.2016 - 16:30

Маҳбусони зиндонҳои Хуҷанд дар мулоқот бо намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бекориро мушкили умдаи худ номидаанд. Нурулло Ҳомидов, раҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи 29 декабр дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, маҳбусони зиндонҳои ин шаҳр бекории худ дар маҳбасро мушкили асосии худ меноманд. Ҷаноби Ҳомидов афзуд, ки инро зимни дидор...

30.12.2015 - 21:38

Тафтиши парвандаи қатли ду корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба суд ирсол карда мешавад.  Як манбаъ дар Прокуратураи генералӣ ба TojNews гуфт, тафтиши парвандаи онҳо ба анҷом расида, ҳафтаи равон ба Суди олии Тоҷикистон  фиристода хоҳад шуд. Манбаъ аз шарҳи бештари хабар худдорӣ карда танҳо илова намуд, ки “ҳоло ҷонибҳо бо он шинос мешаванд....

30.12.2015 - 12:45

Маъмурони пулиси Маскав як муҳоҷири тоҷикро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаву зимни латукӯб пойашро шикастаанд. Тавре дар навори видеоии аз ҷониби Каромат Шарипов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Русия дар шабакаи "Ютуб" гузошташуда омадааст, маъмурони пулиси ноҳияи "Автозаводская”-и Маскав як шаҳрванди тоҷикро бо ҷурми надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба боздоштгоҳ бурдаву онҷо ӯро латукӯб кардаанд, то ба...

24.12.2015 - 22:35

Страницы