Article Pages

Додгоҳ барои рӯшан кардани он ки оё Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми даъвати тирамоҳии артиш латту кӯб шудааст ва ё худро аз мошин ба берун партофта, ҷароҳат бардоштааст, ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ таъин кард. Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд барои дақиқ кардани он ки оё Саидалӣ Ҳақбердиев – сокини 24-солаи шаҳри Панҷакент, воқеан, ҳангоми "облава" латту кӯб шудааст ваё аз мошин парида ҷароҳат...

05.03.2015 - 17:26

Ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо пахши як изҳороти муштарак таъкид мекунанд, ки қабули лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи хидмати ҳарбӣ метавонад, “облава”-ро қонунӣ гардонад.  Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқ дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки феълан аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ дар сомонаи Вазорати адлия нашр...

04.03.2015 - 10:22

Наҷмидди Қаюмов -- як сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл захмӣ шуда буд, мегӯяд, ки қасди худкушӣ надошт, балки аз беэҳтиётӣ тир ба манаҳаш бархӯрдааст. Наҷмиддин Қаюмов, сарбози қисми ҳарбии ”17 651”-и вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 26 феврал барои бори нахуст сабаби захмӣ шуданашро шарҳ дод ба таври хаттӣ баён кард, ки қасди худкушӣ надошт ва аз беэҳтиётӣ ва муомилаи...

26.02.2015 - 10:31

Сарбози Вазорати мудофиа Наҷмиддин Қаюмов, ки рӯзи 8 феврал бо захми тир бистарӣ шуда буд, муваффақона ҷарроҳӣ шуда, таҳти муоинаи мунтазами ҳайати тиббии Маркази миллии тиббӣ қарор дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, алҳол табибон ба бозпурсиву суҳбат бо ӯ иҷоза намедиҳанд, вале ҳарчанд зиёд гап задан ба ӯ тавсия нашуда бошад ҳам, сарбоз аллакай...

19.02.2015 - 17:55

Аз шумораи умумии иштирокдорони як назарпурсии торнамои Faraj.tj дар посух ба суоли «Аз соли 2014 чӣ дар ёди Шумо монд?» 14 нафар (8,81%) посух додаанд, ки «латукӯби одамон аз ҷониби намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ». Бояд гуфт, ки ин назарпурсӣ то 19-уми феврали соли ҷорӣ идома ёфта, дар он 159 нафар иштирок кардаанд. Дар назарпурсии мазкур 22 нафар (13,84%)  «гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ...

19.02.2015 - 17:41

Созмони ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа бо нашри як изҳорот аз коҳиш наёфтани ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.  Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, 10 феврали соли равон, расо 20 сол мешавад, ки Тоҷикистон эъломия дар мавриди мубориза алайҳи шиканҷа ва бадрафториро ба тасвиб расондааст, аммо то ҳол ин рафторҳои номатлуб дар Тоҷикистон васеъ кор бурда мешаванд:“Мақомоти...

12.02.2015 - 12:39

Созмони Ҷаҳонии алайҳи Шиканҷа (СҶШ) бо интишори изҳороте гуфтааст, ки бо гузашти 20 сол пас аз пайвастан ба паймони байналмиллалӣ алайҳи шиканҷа, ин падида дар Тоҷикистон ҳамчунон густарда аст. Тоҷикистон 10-уми феврали соли 1995 Кунвенсиюни алайҳи шиканҷа ва бархурди бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё иҳонатомезро тасвиб карда буд. Бо тасвиби ин санад Тоҷикистон дар пеши ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва...

12.02.2015 - 10:18

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал ба номаи Садриддин Тошев, ки соли гузашта навори шиканҷааш дар зиндони Хуҷандро “саҳнасозӣ” ва “дурӯғ” номида буд, ҷавоби рад додааст. Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал гуфтааст, парвандаи эҳтимоли шиканҷа шудани зиндонии тоҷик - Садриддин Тошев, маъруф бо лақаби "Қорӣ"-ро, ки аз ҷумла ба терроризм гунаҳкор дониста шудааст, баррасӣ намекунад. Дар...

06.02.2015 - 11:54

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, бо ирсоли як муроҷиатнома унвонии Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон аз шиканҷаи гумонбарон аз сӯи мақомоти пулис хабар дода, хостори дахолати ӯ ба ин масъала шудааст. Хонум Воҳидова мегӯяд, қаблан чунин номаеро ба Шерхон Салимзода, собиқ прокурори генералӣ ҳам фиристода буд, аммо посухе дарёфт накард. Ӯ изҳори умед кардааст, ки...

02.02.2015 - 19:50

Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои радди даъвои хонаводаиШаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷикро қонеъ накард.  Зоиршо Назиров, намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз додгоҳ хоста буд, даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев барои рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ рад карда шавад....

31.12.2014 - 15:27

Страницы