Article Pages

Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ду машварати ҳуқуқии сайёр - дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​(18-уми ноябр) ва шаҳри Истаравшан (21-уми ноябр) баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-...

24.11.2022 - 09:24

Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки шомили Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст, ду вохӯрии иттилоотонӣ бо ҷавонон - дар шаҳри Истаравшан (19-уми ноябр) ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​(21-уми ноябр) баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои...

23.11.2022 - 09:21

Коршинос Парвина Наврӯзова, ки рӯзи 10-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Душанбе суханронӣ мекард, дар бораи офиятбахшии тиббии шахсони дар муассисаҳои пӯшида ва ислоҳотӣ қарордошта сухан гуфт. - Шахсони боздоштшуда, ба ҳабс гирифташуда, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд, ба кумаки табобатӣ-профилактикӣ ва санитарию...

18.11.2022 - 12:17

Номзади илмҳои равоншиносӣ, дотсенти кафедраи психологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мадина Шарипова рӯзи 10-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар бораи барномаи маҷмуии офиятбахшии равонӣ ва реинтегратсияи маҳкумшудагон сухан гуфт. - Асосҳои қонунгузорие (қонунгузории миллӣ), ки равоншинос аз рӯйи онҳо амалӣ кор кунад, вуҷуд...

17.11.2022 - 12:19

Абдураҳмон Шарипов ва Азиз Бобоев - ҳуқуқшиносони «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва «Дунёи ҳуқуқ» - ду ташкилоти ҷамъиятии узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар назди майдони марказии ба номи И. Сомонӣ машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ гузарониданд. Шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои марбут ба баҳсҳои манзилию оилавӣ,...

14.11.2022 - 11:07

Абдураҳмон Шарипов ва Азиз Бобоев - ҳуқуқшиносони «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва «Дунёи ҳуқуқ» - ду созмони ҷамъиятии узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми ноябр дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт, назди бозори «Саховат» оид ба масоили мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ доданд...

10.11.2022 - 23:12

Рӯзи 18-уми ноябри соли 2022 аз соати 13:00 то 14:00 ва 22-юми ноябри соли 2022 аз соати 18:00 то 19:00 дар радиои «Азия-Плюс» дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабри соли 2022 таҷлил мешавад, барномаи мустақими радиоӣ баргузор мегардад. Меҳмонони студия...

10.11.2022 - 15:00

"Эътилоф ба қурбониёни шиканҷа ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, мурофиаҳои судии стратегӣ пеш мебарад, муроҷиатҳоро дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ мекунад",- хабар дод Нурмаҳмад Халилов, раиси Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зимни баромад дар конфронси "Мубориза бар зидди шиканча: таҷриба ва дастовардҳо, санаи 25 октябр...

08.11.2022 - 23:28

"Мо қонунгузории хеле хуб дорем, ки яке аз қонунгузориҳои пешрафтатарин аз нуқтаи назари таъмин намудани кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Аммо дар амал чӣ рӯй медиҳад?",- савол дод Гулчеҳра Холматова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ", роҳбари гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни...

07.11.2022 - 23:22

Судяи Суди конститутсионии ҶТ Фотеҳ Қувватзода рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ дар конфронси «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо» изҳор дошт, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои шаҳрвандон риоя ва татбиқи бевоситаи Конститутсияро таъмин мекунад. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, Суди конститутсионӣ дар мавриди озодӣ аз...

04.11.2022 - 10:42

Страницы