Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (ШБҲИ) изҳори нигаронӣ доранд, ки сокини 44-солаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) Амриддин Аловатшоев метавонад таҳти хатари истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин мурофиаи судии беадолатона ва дигар нақзи ҳуқуқи инсон баъди бозгашташ аз Федератсияи...

07.02.2022 - 23:59

Мақсади Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо расонидани ёрии ҳадди ақал имконпазир ба қурбониён дар барқарорсозии мустақилият, қобилияти ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин ҳамгироии пурраи иҷтимоӣ ва иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар соли 2021 фаъолияти Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо бештар ба хизматрасонӣ ва баланд...

04.02.2022 - 10:19

Дар давраи ҳисоботӣ Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ (ГКҲ) 24 муроҷиат оид ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ҳуҷҷатгузорӣ кард, ки 5 адади онҳо аз ҷониби занҳост. Муроҷиаткунандагон асосан ба нақзи ҳуқуқи инсон дар давраи боздошт ва гузаронидани тафтишот, ба монанди боздоштҳои ғайриқонуниву худсарона, латукӯб, пайвастан ба ҷараёни барқ, таҳдиди таҷовузи худи қурбонӣ ва/ё аъзои оила, тарсонидан...

03.02.2022 - 23:52

Дар соли 2021 ба идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 15 шикоят дар мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид шуда, вале ҳеҷ яке аз онҳо тасдиқ нашудааст. Дар ин бора рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ сардори бахши ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар Муқим Ашӯров хабар дод. «Ҳамаи муроҷиатҳо барои тафтиш ба Прокуратураи...

03.02.2022 - 21:07

Тавре раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2021 нисбати се корманди милиса ба иттиҳоми шиканҷа ҳукмҳои айбдоркунӣ бароварда шудаанд, ки бар асоси онҳо ба гунаҳгорон ба муҳлатҳои 10, 12 ва 13 сол ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ таъин гардидааст. Шермуҳаммади Шоҳиён номи маҳкумшудаҳоро зикр накард, вале эҳтимол сухан дар бораи...

02.02.2022 - 21:10

Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолияташро дар соли 2021 натиҷагирӣ кард. АКСИЯҲО, НАМОИШГОҲҲО, ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА 26-УМИ ИЮН Аз 26-уми май то 26-уми июни соли 2021 Эътилоф дар доираи аксияи «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» силсилаи чорабиниҳоро гузаронид. Мақсади асосии аксия: Чӣ тавр метавон вазъиятро беҳтар сохт? Роҳ...

01.02.2022 - 12:35

Дар Тоҷикистон шумораи умумии истифодабарандагони интернет 4,2 миллион нафар аст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои соли 2021 зикр гардид. Муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дар нишасти матбуотии имрӯза иттилоъ дод, ки алоқаи мобилӣ дар саросари кишвар мутобиқи стандартҳои милливу байналмилалӣ кор мекунад. Дар...

31.01.2022 - 12:00

Аъзои Платформаи ҳамрайъии шаҳрвандӣ (ПҲШ) ва дигар ТҒД, аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва нақзи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ки паёмадҳои ҷиддии манфӣ барои иқтисодиёт, тиҷорат, пешрафт ва тандурустиву таҳсилот дорад, нигаронем. Дастрасӣ ба интернет аз 25-уми ноябри соли 2021, пас аз оғози гирдиҳамоии стихиявӣ дар маркази маъмурии вилоят -...

28.01.2022 - 12:06

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муноқишае хабар дод, ки бо кордзанӣ анҷом ёфтааст. Бино ба иттилои манбаъ, “Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо моддаи 110, қисми 1 (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнини барои ҳаёти инсон хавфнок)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045...

22.01.2022 - 12:47

Як сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми хидмат ба ҳалокат расидааст. Наздикони ӯ мегӯянд, Миралӣ Боқиеви 20-сола зимни ҷанҷол барои болопӯши зимистонаи ҳарбӣ ё "бушлат" аз тарафи сарбози дигар латукӯб шудааст. Намояндагони неруҳои марзбонӣ воқеаро шарҳ намедиҳанд. Ҷасади Миралӣ Боқиев рӯзи 19-уми январ дар зодгоҳаш, деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент, ба хок супурда шуд. Наздиконаш...

21.01.2022 - 18:42

Страницы