Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи марти соли 2017 расонаҳо дар мавриди шиканҷа матолиби гуногун пахшу нашр карданд. Вале бахусус инъикоси масъалаи даъват ба сафи артиш дар ин моҳ идома ёфт.
Ҳафтаномаи «СССР» рӯзи 2-юми март (№9 (442)) андешаи муаллими собиқадор аз мактаби №49-и ноҳияи Ёвон Холмурод Раҳмоновро таҳти унвони «Облава - бадбахтии миллист» нашр намуд, ки ӯ аз ҷумла мегӯяд: «Ягон бобои мо дар ҷанги зидди немисҳо ширкат карда, изҳори пушаймонӣ кардагӣ нест ва бо фахр мегуфтанд: «Мо Ватанро аз фашистон ҳимоя кардем!». Бадбахтона, чунин патриотизм имрӯз нест! Имрӯз ҳамон патриотизми СССР мебуд, камаш 100 сол пеш мерафтем. Ҳоло мавсими «облава» фаро расад, падар ба писараш мегӯяд: «Бачам, наё, ки облава сар шуд!». Дар замони шӯравӣ вақте ба хостгорӣ мерафтанд, ҷониби духтар мепурсид: «Писарат дар армия хизмат кардааст?». Хизмат накарда бошад, духтар намедод. Имрӯз баръакс, пеш аз даъвати аскарӣ бачаҳоро аз хона мегурезонем: Ба Русия! Ин бадбахтии миллист, ки бачаи моро бо облава ба хизмат баранд!!!».
Санаи 4-уми март бошад, торнамои Радиои «Озодӣ» гузорише бо номи «Боздошти ду афсару як сарбоз барои марги Эҳсон Элчибеков» пахш карда, хабар дод: «Мақомоти тафтишот ба хонаводаи Эҳсон Элчибеков - сарбози қисми низомии 06870-и Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар робита ба марги ӯ ду афсар ва як сарбоз дастгир шуда, феълан дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Худоназар Элчибеков ва Таҷаммулшо Акобиршоев - ду пайванди Эҳсон рӯзи 4-уми март дар суҳбат гуфтанд, ки мулоқоти онҳо бо мақомоти тафтишот рӯзи 2-юми март дар Душанбе сурат гирифтааст. Ба қавли онҳо, сарбози дастгиршуда бар асоси моддаҳои 373 ва 110 ва ду афсар бар асоси моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешаванд. Онҳо гуфтанд, ҳоло кумисюни таҳқиқи марги Эҳсон Элчибеков кори худро ба поён набурдааст. Вале афзуданд, ин кумисюн шомили афроди муҳим, аз ҷумла додситони ҳарбии гарнизони Душанбе буда, интизор доранд, ки мунсифона ҳал хоҳад шуд».
Эҳсон Элчибекови 19-сола, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати дифоъ, воқеъ дар Душанбе, хидмат мекард, рӯзи 16-уми феврали имсол ба таври мармуз даргузашт ва ҷасади ӯро рӯзи 21-уми феврал ба волидонаш дар деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон супурданд. Баробари дастрас кардани ҷасади фарзанд, наздикон ба ҳодисаи марги табиии писари сарбозашон шубҳа карда, аз мақомот хостанд, ки омилони марги писарашонро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин сарбоз моҳи майи соли 2016 ба хидмат даъват шуда буд.
Зимнан, ҳафтаномаи «Озодагон» рӯзи 7-уми март (№10 (465)) мақолаи таҳлилиеро таҳти унвони «Аскаркушӣ дар артиш то кай идома меёбад?» ба табъ расонд, ки дар он оид ба фоҷиаҳои марги сарбоз Эҳсон Элчибеков ва маъюбшавии Шаҳбол Мирзоев сухан меравад. Дар ин замина, муаллиф барои ба эътидол омадани вазъ якчанд пешниҳод дорад:
«Бовар дорам, Артиши Тоҷикистон имконияти молиявии пардохти масрафи муолиҷаи Шаҳболро дорад.
Дар акси ҳол аз хазинаи Вазорати тандурустӣ, ки барои муолиҷаи баъзе беморони вазнин дар ҳолати истисноӣ пул ҷудо мекунад, истифода бурдан мумкин аст. Барои ин танҳо кӯшиш ва хоҳиш даркор аст…
Суоли муҳими дигар он аст: оё имкон дорад, меҳтарсолорӣ, агар бо забони оддӣ гӯем, азобу шиканҷа ва қатли сарбозон барҳам дода шавад?
Посухи ман мутаассифона, манфӣ аст, зеро барои ин амали манфиро решакан кардан солҳои наздик имкон надорад.
Аммо шумораи чунин фоҷиаҳоро кам кардан имкон дорад? Бале, ҳаст!
Пеш аз ҳама мурофиаҳои чунин фоҷиаҳо дар қисмҳои ҳарбӣ гузаронида шаванд! Чунин таҷриба дар солҳои шӯравӣ хеле самаранок истифода мешуд. Зеро вақте худи аскар ва афсар бо чашми сар мебинанд ва мешунаванд, ҳатман ба хулоса меоянд…
Албатта ҳар рӯз чунин мурофиа намешавад. Бинобар ин, ин мурофиаҳо ба навор бардошта, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариатҳои низомӣ бо шарҳу эзоҳҳо намоиш дода шаванд.
Пешниҳоди дигар он аст, ки барои пардохти масрафи муолиҷаи сарбозони мубталои чунин муносибатҳои манфӣ гардида ҳама гуна коғазбозиҳо кам карда шавад. Як сабаби ин коғазбозиҳо ва саркашии раёсатҳо дар он аст, ки аз назари ман дар буҷаи онҳо барои муолиҷаи чунин маъюбҳо пули кифоя ҷудо карда намешавад.
Бинобар ин, ҳатман ба буҷаи Вазорати мудофиа маблағи муайян бо дарназардошти қимати болорафти муолиҷа ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷ (агар тиби мо аз уҳдаи муолиҷа набарояд) ҷудо карда шавад, то ки Шаҳбол барин ҷавонони ватанпараст пушаймон аз карда нашаванд ва вақте мавсими даъват ба хидмат расад, худи ҷавонон ба сафи Артиши Тоҷикистон пайванданд, на баръакс».
Ин ҳам дар ҳолест, ки торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 6-уми март бо пахши хабаре таҳти унвони «Муҳокимаи афсари тоҷик дар додгоҳ шуруъ мешавад» аз ҷумла зикр карда буд: «Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи як афсари неруҳои марзбониро шуруъ мекунад, ки ба гуфтаи муфаттишон бо рафтори бади худ як сарбозро ба худкушӣ расонидааст. “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми март хабар дод, ки муҳокимаи афсар Саидов Ё. рӯзи 7-уми март шуруъ мешавад. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бо такя ба парванда навиштааст, Саидов “худсарона нақши муфаттишро ба худ гирифта ва ду сарбозро ба дуздии амволи низомӣ муттаҳам кардааст ва аз онҳо хостааст, пули зиёни расондаашонро ҷуброн кунанд. Афсар ба сарбозон таҳдид кардааст, ки дар сурати наовардани пул ба додситонӣ хабар медиҳад ва волидонашонро ба қисми низомӣ даъват карда, ҳардуро дар назди дигар сарбозон «беобрӯ» мекунад. Ба навиштаи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, Ҷаҳонгир Қурбонов, яке аз ин сарбозони қаторӣ ба таҳқирҳои пайваста ва бадрафторӣ тоб намеорад ва моҳи сентябри соли 2016 худкушӣ мекунад».
Чанде баъд аз ин, санаи 17-уми март торнамои Радиои «Озодӣ» гузориши муфассале бо номи «Азим Иброҳим: “Облава” накунед» пахш намуд.
- Азим Иброҳим - муовини нахуствазири Тоҷикистон аз комиссариатҳои ҳарбии кишвар тақозо кардааст, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба иҳотагарӣ - "облава" ё даъвати иҷборӣ роҳ надиҳанд. Вай дар як ҷаласаи рӯзи 16-уми март дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, баъд аз анҷоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш бо айби иҳотагирӣ 51 комиссари ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар иваз шуданд,- навишт торнамои мазкур.
Дар ҳамин маврид ҳафтанома «Тоҷикистон» рӯзи 20-уми март (№12 (1210)) хабаре бо номи «Азим Иброҳим: Облава бас!» ба нашр расонида, аз иштироки муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи корӣ доир ба масъалаҳои омодагӣ ба даъвати баҳорӣ ва чунин як таъкид ёдовар гардид: «Дар ҷаласа таъкид шуд, ки зимни маъракаи даъвати соли гузашта барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо аз 73 комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳо 51 нафар аз вазифаашон сабукдӯш карда шуда буданд».
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Фараж» ҳам санаи 22-юми март (№12 (538)) мақолаи таҳлилие таҳти унвони ««Облава» дар мекӯбад?» ба табъ расонида, аз қазияҳои вобаста ба меҳтарсолорӣ нигаронӣ кард.
Муаллифи ин мақола назари Дилрабо Самадова, роҳбари созмони ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»-ро дар матлабаш ба кор бурдааст, ки ба қавли ӯ, соли гузашта вобаста ба «облава» шудани ҷавонон 2-3 шикоят гирифтаанд ва якеаш аз вилояти Хатлон будааст.
- Ба прокуратура муроҷиат кардему прокуратура шикоятҳои моро ҷиддан дида баромад. Ҳамаи кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамоатҳое, ки ба «облава» даст зада буданд, ба ҷавобгарии интизомӣ ва ҷиноятӣ кашида шуданд. Хушбахтона, сол то сол «облава» кам шуда истодааст, комиссариатҳои ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷамъият зиёд карда истодаанд. Ин хело хуб аст,- гуфтааст Д. Самадова.
- Коршиносон бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳ ва озори сарбозонро яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ дар сафи артиши Тоҷикистон медонанд. Ҳамасола ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мешавад. Дар бисёр мавридҳо омилони ин ҷиноятҳо, ки шаъни Артиши миллии кишварро мерезонанд, ошкор шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд ҳам, вале сарбозони маъюбгардида «рӯ ба раҳми Худо» партофта мешаванд ва ҷониби мақомоти марбута барои пурра сиҳат ёфтану ба по рост шудани сарбоз кӯмакашонро дареғ медоранд. Як мисоли равшани он Шаҳбол Мирзоев аст, ки наздиконаш мегӯянд, то ҳанӯз ягон ёрмандии лоиқе аз ҷониби Вазорати мудофиа надидаанд,- хулоса шудааст дар анҷоми ин матлаб.
Ниҳоят, торнамои Радиои «Озодӣ» рӯзи 28-уми март хабар дод, ки «Лейтенант барои марги Ҷаҳонгир 9 сол зиндонӣ шуд».
- Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе як афсари неруҳои марзбониро дар пайи марги сарбози қаторӣ Ҷаҳонгир Қурбонов ба 9 соли ҳабс маҳкум кард. Ҳукми Ёрибек Саидов рӯзи 28-уми март дар бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуд ва ӯ бар асоси моддаи «баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ» муҷрим шинохта шуд. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ӯро барои “тамаъҷӯӣ” ва “вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон” муттаҳам дониста ва барояш 14 соли зиндон хоста буд. Ёрибек Саидов дар сухани ниҳоии худ рӯзи 28-уми март гуфт, ки “ҳар тақозое қонун талаб мекунад, онро қабул дорад”. Вале ҳукми додгоҳ ҷониби даъвогарро қонеъ накард ва онҳо гуфтанд, аз болои ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд. Дилшод Ҷӯраев - намояндаи созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки аз ҳуқуқи волидони Ҷаҳонгир Қурбонов ҳимоя мекунад, бо изҳори норизоятӣ аз ҳукми додгоҳ гуфт, “ӯ мебоист, бар асоси моддаи 143, иловаи 1 маҳкум мешуд. Дар вақти муайянкардаи қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ ба Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ мебарем”,- навишт торнамо.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ инчунин инъикоси талошҳо барои аз байн бурдан ё ҳадди ақал кам кардани шиканҷа зиёд буд. Рӯзи 9-уми март торнамои Notorture.Tj хабар дод, ки «Натиҷаи фаъолияти солонаи Эътилофи зидди шиканҷа омода шуд» .
- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳисоботи солона оид ба натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2016-ро омода намуд. Бино ба маълумоти дар ин ҳисобот дарҷшуда, дар соли 2016 ба Эътилоф, ки ба он 11 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 6 шахси воқеӣ дохил мешаванд, имкон даст дод, то ба тағйироти бузург дар самти муборизаи самаранок ба муқобили шиканҷа дар кишвар муваффақ гарданд. Аз ҷумла, 57 ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд. Дар мавриди 41 парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуд, ки аз ин шумора 30-тояш парвандаи нав буда, 11-тои дигар парвандаҳое мебошанд, ки аз солҳои пеш аз ҷониби ҳуқуқшиносони Эътилоф ба қайд гирифтаву пеш бурда мешаванд. Дар натиҷаи кори фаъолонаи адвокатҳо дар соли 2016 нисбати парвандаҳои хизматчиёни ҳарбӣ панҷ қарори айбдоркунӣ бароварда шуд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани ҳайати афсариро низ дар бар мегирад. 13 нафар ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд, ки аз ин теъдод 6 нафарашон ба ҳайати роҳбарикунанда дахл доранд,- аз ҷумла навишт ин торнамо.
Дар ин маврид хабаргузории «Озодагон» санаи 10-уми март бо номи «Бурду бохти як соли мубориза бо шиканҷаю беҷазоӣ» ва торнамои Faraj.tj низ рӯзи 10-уми март таҳти унвони «Тоҷикистон: Дар як сол 57 ҳолати шиканҷа ба қайд гирифта шудаааст» хабар пахш карданд.
Худи ҳамин рӯз, яъне 10-уми март, торнамои Notorture.Tj бо пахши матлабе таҳти унвони «Оғози вохӯриҳои Эътилофи зидди шиканҷа»
хабар дода буд: «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ваколатдори ҳуқуқи инстон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми март, силсилаи вохӯриҳои иттилоотониро барои кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар оғоз мекунанд. Ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ дар вохӯриҳо стандартҳои ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва шахсони дар ҳабс қарордошта, тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди нафарони боздоштшуда, инчунин фаъолият дар самти мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо мақсади огоҳонидан аз шиканҷаро баррасӣ мекунанд».