Август: Қазияҳои нави эҳтимолии шиканҷа

Дар моҳи августи соли 2017 воқеаҳое рух доданд, ки наздикони қаҳрамонҳои онҳо аз истифода шудани шиканҷа нисбати пайвандонашон шикоят карданд.

Санаи 1-уми август хабаргузории «Азия-плюс» матлабе бо номи «Ҳалокати як мард дар Шаҳритус баъди боздошти кормандони милитсия»  пахш карда, навишт, ки «сокини ноҳияи Шаҳритус Толибҷон Дӯстови 50-сола дарҳол баъди боздошт аз ҷониби корманони милитсия ҳалок шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, мард аз бемории сактаи қалб аз олам даргузаштааст, вале хешовандони марҳум исрор меварзанд, ки ӯ бар асари зӯроварӣ ба ҳалокат расидааст. Толибҷон Дӯстов рӯзи 26-уми июл дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази ноҳияи Шаҳритус боздошт ва баъди гузашти чанд соат пайвандону наздикон дар бемористони ноҳияи Қабодиён ҷасади ӯро дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи Меҳрӣ Давлатова, модари марҳум, як рӯз пеш аз боздошт ӯ 50-солагиашро ҷашн гирифта, дар бораи боздошти писараш ба ӯ дӯсташ хабар додааст».

- Ӯ ба ман занг зада, изҳор дошт, ки вақте дар қаҳвахона менишастаанд, кормандони милитсия омада, Толибҷонро бо худ мебаранд. Мо дарҳол ба ШВКД ноҳияи Шаҳритус ва Қубодиён муроҷиат кардем, вале ӯро дар он ҷо дарёфт карда натавонистем. Баъдан ба мо хабар доданд, ки писаратон дар беморхонаи ноҳияи Қубодиён аст. Вақте ман он ҷо омадам, писрам аллакай мурда буд. Ҳамчунин ба мо хабар доданд, ки ӯро кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ боздошт кардаанд”,- гуфтааст Меҳрӣ Давлатова.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, «ӯ мутмаин аст, ки марги писараш дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсия сурат гирифтааст».

Дар ин маврид ҳафтаномаи «Пайк» (№25 (192), аз 2-юми августи соли 2017) ҳам мақолае бо номи «Милисаҳои Дӯстӣ одам куштанд» ба нашр расонида, аз ҷумла навишт: «Қобилҷон Муродов - сокини ноҳияи Шаҳритус дар сӯҳбат ба «Пайк» гуфт, ки домоди ӯ - Толибро рӯзи 25.07.2017 кормандони пулиси ноҳияи Дӯстӣ аз дохили як ошхонаи ноҳияи Шаҳритус ба гумони хариду фурӯши маводи нашъадор қапида, ба самти ноҳияи Қубодиён бурдаанд. Дар дохили мошин ӯро латукӯб кардаанд. Дар натиҷа Толиб дар ними роҳ, дар дохили мошин ҷон додааст».

Ин нашрия дар ҳамин шумораи худ оид ба шиканҷа шудани ноболиғе дар ноҳияи Фархор аризаи шаҳрванд Раҳимов Бобоҷонро низ чоп кардааст.

Бояд гуфт, ки торнамои NoTorture.Tj ин қазияро пайгирӣ намуда, санаи 23-юми август мақолаи тадқиқотие бо номи «Ноболиғ аз Фархор: Дар ШВКД маро латукӯб карданд»  пахш кард.

- Як нафар ноболиғе, ки Суди ноҳияи Фархор ӯро бо моддаи 248, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳгор донисту ба мӯҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум кард, аз он шикоят дорад, ки кормандони шӯъбачаи кофтукови ҷиноятӣ ӯро ҳангоми боздошт ва бозпурсӣ мавриди шиканҷа қарор дода, зери таҳдиду латукӯб баёноти худиқрориашро гирифтаанд,- аз ҷумла омадааст дар мақола.

Ноболиғ ҳолати корро чунин қисса мекунад, ки рӯзи 7-уми майи соли равон бо ҳамсояашон Акбар Раҳимов дар кӯча сайругашт мекардаанд ва дидаанд, ки як нафар дар ҳолати мастӣ асту онҳоро ба наздаш даъват мекунад: «Мо аввал ӯро дар маркази ноҳия дидем, ба назарамон нӯшидагӣ менамуд. Баъдан даруни боғи марказии ноҳия рафт ва дар курсие нишасту моро назди худ даъват карда, аз кисааш як 5-сомонии фарсударо бароварда, хоҳиш намуд, то барояш таксӣ пайдо кунем. Мо омадем назди бозор, таксӣ наёфтем ва дигар тарафи ӯ нарафтему омадем хона. Рӯзи 2-юми июн бегоҳ дар хонаи ҳамсояамон маърака буд. Аз онҷо баромадем, ки маро кормандони милитсия дастгир карда, ба ШВКД-и ноҳия бурданд. Дар ШВКД маро латукӯб карданд. Аввал маҷбур карданд, ки дуздии велосипедро ба гардан гирам, «не» гуфтам. Баъдан хостанд, ки дуздии телефонҳои мобилиро ба гардан бигирем, гуфтем, ки «не, мо надуздидаем». Ҳамчунин, соҳибони телефонҳои мобилиро оварданд, вале онҳо гуфтанд, ки «инҳо нестанд». Пас аз ин моро маҷбур карданд, то баёнот диҳем, ки гӯё пулҳои ҷабрдидаро мо гирифта бошем. Вақте гуфтем, ки пули касеро нагирифтаем, яке аз милисаҳо бо номи Икром дар қафаси синаи ман заду маҷбур кард, ки брюки Акбарро, ки дастонаш баста буд, поён кунам. Ӯ мегуфт, ки «брюкашро поён кун, ӯро таҷовуз мекунем». Ман не гуфтам ва боз маро заданд. Моро маҷбур мекарданд, то баёнот диҳем, ки гӯё аз ҷабрдида Талбак Холназаров се дона купюраҳои 500-сомониашро гирифта бошему 500 сомониашро ман гирифта бошам. Лекин мо розӣ нашудем. Баъдан Акбарро ба дигар кабинет бурданд. Маро соати 3-и шаб ба ҷои кори акаам оварданд, ки дар нуқтаи шустушӯйи мошинҳо (автомойка) кор мекард. Як милисааш бо номи «Коко» гуфт, ба акаам нагӯям, ки маро латукӯб кардаанд. Ман тарсида будам. Ҳарчанд акаам пурсид, чизе ба ӯ нагуфтаму гурусна хоб кардам. Рӯзи дигараш соати 6-и субҳ боз омада маро аз автомойка аз хобам гирифта бурданд. Вақте моро дастгир карда буданд, падарам назди милисахона омадаасту пурсидааст, ки «писари ман инҷост?». Ба падарам милисаҳо гуфтаанд, ки «не, писарат инҷо нест». Вақте моро мезаданду маҷбур мекарданд, ки ҷиноятро ба гардан гирем, наздам на модарам, на ягон омӯзгорам набуданд. Моро танҳо мепурсиданд. Ба мо на об медоданду на хӯрока».

Инчунин, санаи 29-уми август торнамои NoTorture.Tj хабаре бо номи «Нисбати кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ парванда оғоз карда шуд»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қазияи сокини ноҳияи Шаҳритус Дӯстов Т., ки наздиконаш мегӯянд, дар натиҷаи латукӯб шудан аз ҷониби кормандони милитсия ба ҳалокат расидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Дар посух бо имзои муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Назарзода Ҳ. ба аризаи сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки Шаҳритус, кӯчаи ба номи Н. Хисрав-30 Давлатова М. гуфта мешавад: «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Шуморо дар хусуси аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳалокат расонидани Дӯстов Т. мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян карда шуд, ки ваҷҳҳои дар ариза зикргардида қисман тасдиқи худро ёфтаанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оид ба ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо моддаи 316 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии он ба муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст»».

Аммо наздикони Дӯстов Т. исрор кардаанд, ки чун ӯ дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби кормандони ШВКД фавтидааст, парванда бояд бо дастрасии моддаи 143 прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешуд.

Бояд гуфт, ки дар моҳи августи соли 2017 масоили марбут ба сарбозон ҳам инъикос гардид. Санаи 4-уми август торнамои Радиои «Озодӣ» гузоришеро таҳти унвони «Хуҷанд. Сержант барои марги сарбоз 9 сол маҳкум шуд»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Тибқи иттилои Додгоҳи низомии гарнизони Хуҷанд, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ як парвандаи марбут ба марги сарбоз баррасӣ шудааст. Абдураҳим Бекзода, раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд 4-уми август дар нишасти хабариаш гуфт, ки моҳи апрели соли равон бо ҳукми додгоҳ Бобур Бозоров, сержанти хурди қисми ҳарбии 05170 дар Панҷакент, барои латукӯбу таҳқири мунтазам ва то ба ҳадди худкушӣ расонидани сарбоз Юсуфҷон Шарифхон ба 9 соли ҳабс маҳкум гардид. Ба гуфтаи раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, Бозоров ҳамчун командири даста сарбозони навдаъватшударо борҳо зери латукӯб гирифтааст. Ҳамин тариқ, сарбоз Юсуфҷони Шарифхон рӯзи ҳаштуми январ бо ҳадафи раҳоӣ ёфтан аз азобу азият ва латукӯби ин афсар, дар оғили ҳамин қисми ҳарбӣ худро овехта ва худкушӣ кардааст. Ҳамхизматони ӯ зимни бозбинии парванда гуфтаанд, ки сержант Бозоров сарбоз Юсуфҷони Шарифхон ва шаш наваскари дигарро ба таври мунтазам мавриди азият ва латукӯб қарор медод».

Ҳамин расона, яъне торнамои Радиои «Озодӣ» рӯзи 22-юми август гузориши дигареро таҳти унвони «Шаҳбол аз мақомоти марзбонӣ "ҷуброни боадолатона" хост»  пахш кард.

- Вакили дифои Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки соли 2014 дар артиш маъюб шудааст, аз қарори коллегияи Додгоҳи низомӣ ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурд. Ҳадаф аз ин шикоят “рӯёндани ҷубронпулии боадолатона аз нерӯҳои марзбонӣ” будааст. Шаҳболи 24-сола, сарбози қисми ҳарбии 2026-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон се сол қабл бар асари латукӯби як ҳамхидматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, ки устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад,- аз ҷумла омадааст дар гузориши мазкур.

Бояд зикр намуд, ки дар моҳи августи имсол баъзе натиҷаҳои мубориза бо қонуншиканиҳо расонаӣ гардиданд. Санаи 19-уми август торнамои NoTorture.Tj матлабе бо номи «Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ: 38 муроҷиати шаҳрвандон дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ шуд»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Дар нимсолаи аввали соли 2017 аз ҷониби Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 38 муроҷиати шаҳрвандон, ки аз шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву пастзанандаи шаъну шараф шикоят намудаанд, ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст».

Ҳамин торнамо рӯзи 30-юми август матлаби дигаре таҳти унвони «Ба қурбониён ёрии тиббӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ расонида шуд»  пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар нимсолаи аввали соли 2017 Гурӯҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба 24 шаҳрванд - 14 мард ва 10 зан барои офиятбахшӣ гузаштан кӯмак расонд. Аз шумораи умумӣ 15 нафарашон бевосита қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, 9 нафари боқимонда хешовандони қурбониёни шиканҷа ё муносибати бераҳмона мебошанд. Аз теъдоди умумӣ панҷ нафарашон ноболиғанд».

- Гурӯҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, дар нимсолаи аввали соли 2017 аз панҷ муассисаи пӯшидаву нимапӯшида ва се қисми низомӣ дидан намуд. Маркази равоншиносии вилоятӣ дар Кӯлоб, колония дар ноҳияи Б. Ғафуров, Муассисаи равоншиносии вилояти Суғд дар Хуҷанд, колонияи ислоҳотии занона дар Норак, Маркази ҷумҳуриявии рӯҳию равонӣ дар Турсунзода аз ҷумлаи онҳоянд. Дар умум, натиҷаҳо аз боздидҳо қаноатбахш буда, ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба қайд гирифта нашудаанд,- омадааст дар матлаби «Боздиди Гурӯҳ оид ба мониторинг аз муассисаҳои пӯшида ва қисмҳои низомӣ» , ки рӯзи 31-уми август дар торнамои NoTorture.Tj пахш шудааст.

Худи ҳамин рӯз, 31-уми август торнамои мазкур матлаби дигаре бо номи «Гурӯҳи расонаӣ: мукофотонии рӯзноманигорон, гузаронидани аксияҳо ва гӯшаи нав»  пахш кард.

- Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2017 аз ҷониби Гурӯҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 124 матлаб дар бахши русӣ, 133 матлаб дар бахши тоҷикӣ, инчунин 10 матлаб дар бахши англисии торнамо пахш карда шуд,- аз ҷумла омадааст дар ин матлаб.

 

NoTorture.Tj