Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз 22 то 25-уми июн дар доираи аксия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа ГТҶ - ҲРУ (Гуруҳи ташаббускори ҷавон - Ҳадафи рушди устувор)-и назди ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, миёни ҷавонони кишвар ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа аксия гузаронид.
Саволҳо ба доираи ҷавонон нигаронида шуда буданд. Агар иштирокчӣ ба якчанд савол дуруст посух медод ё ба посухи дуруст наздик мешуд, ҳамчун туҳфа, соҳиби футболка бо рамзи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мегардид.
Мақсади асосии гузаронидани аксия иттилоъноксозии ҷавонон буд, то бидонанд, ки 26-уми июн чӣ гуна рӯз қайд карда мешавад, дар кадом ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мафҳуми «шиканҷа» ва манъи истифодаи он зикр гардидааст, кадом ташкилотҳо дар ҳудуди кишвари мо ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона сарукор доранд.
Дар натиҷа, дар аксия 31 нафар иштирок намуданд, ки ба онҳо ба сифати туҳфа футболка (31 дона) тақдим карда шуд. Иштирокчиён барои гирифтани маълумоти нав таваҷҷуҳи зиёд доштанд.