Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳарчанд ин баҳор аз ҷониби масъулин дар мавриди ҷалби маҷбурӣ, яъне «облава» нашудани ҷавонони ба синни хизмат расида андешаҳо баён гардид, аммо дар моҳи апрел сарусадо атрофи ин масъала зиёд буд.
Санаи 4-уми апрели соли равон хабаргузории «Озодагон» бо пахши хабари кӯтоҳ таҳти унвони «Зикри вазир аз дастури Президент барои даъвати бе «облава»» иттилоъ дод: «Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш давоми ду рӯзи аввали моҳи апрел дар ҷумҳурӣ 17 дарсад иҷро гардидааст».
- Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, қабл аз оғози ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ бо иштироки намояндагони тамоми комиссариатҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ҷамъомад доир гардид, ки дар он вазири мудофиа Шералӣ Мирзо суханронӣ карда, супориши раисҷумҳур дар бораи пешгирӣ аз ҳар гуна қонуншиканиҳо ҳангоми даъвати наваскаронро хотиррасон кардааст,- аз ҷумла навишт торнамои мазкур.
Аммо рӯзи 5-уми апрел худи ҳамин хабаргузорӣ матлаби дигаре бо номи «Сабти нахустин ҳолатҳои “облава” дар мавсими даъвати баҳорӣ» пахш кард, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: «Дар пасманзари ҳушдори вазири мудофиа ва дастури раисҷумҳури Тоҷикистон барои кор набурдани роҳҳои ғайриқонунӣ зимни даъвати наваскарон, манобеи “Озодагон” аз нахустин ҳолатҳои “облава” дар навоҳӣ хабар доданд. Мунис Искандарзода, донишомӯзи 17-солаи литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, пеш аз зуҳри имрӯз, 5-уми апрел дар роҳи бозгашт ба хона дар ноҳияи Ваҳдат ҳадафи “облава” қарор гирифт: “Дар роҳ мерафтам, ки як нафар бо либоси мулкӣ аз пешам баромад ва аз дастам гирифта ба мошини “Мерседес” даровард. Он ҷо нафарони дигар бо либоси низомӣ буданд. Гуфтам барои хизмат ҳанӯз синнам намерасад, соли таваллудам 1999 мебошад. Гуфтам дар литсей мехонам, бовар накарданд ва ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат бурданд. Танҳо баъди 2,5 соат, пас аз дақиқ кардани синну сол ва донишомӯз буданам, маро ҷавоб доданд”.
Дар ҳамин ҳол, санаи 5-уми апрел торнамои «Озодӣ» хабаре таҳти унвони «Дахолати Озода Раҳмон ба қазияи Меҳровар» пахш кард.
- Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, дар ҷавоб ба номаи Мунира Асоева - модари Меҳровар Мақсудов гуфтааст, ки ба қазияи, бино ба қавли наздиконаш, латукӯби ин сарбози Вазорати дифоъ расидагӣ шавад. Дар ин бора 5-уми апрел аз Додситонии низомии Тоҷикистон ба «Озодӣ» хабар дода ва гуфтанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад ва агар Меҳровар воқеан латукӯб шуда бошад, омилонаш ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Карим Салимзода, муфаттиши Додситонии низомӣ низ гуфт, ки номаи Озода Раҳмон ба онҳо рӯзи душанбе дастрас шудааст,- аз ҷумла омадааст дар хабар.
Як рӯз баъд, санаи 6-уми апрел, хабаргузории «Азия-плюс» ҳам дар ин маврид хабареро бо номи «Расидагии омбудсмен ба қазияи латукӯби сарбоз» пахш намуд ва аз ҷумла иттилоъ дод: «Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон далели латукӯби сарбоз Меҳровар Мақсудов дар артишро, ки ба гуфтаи наздиконаш, аз ҷониби ҳамхизматҳояш латукӯб шуда, сипас дар бемористони касалиҳои руҳӣ бистарӣ шудааст, мавриди санҷиш қарор дод».
Ба навиштаи хабаргузории мазкур, бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон корманди масъули Дастгоҳи ВҲИ барои расидагӣ ба ин қазия ва санҷиши ҳолати воқеии сарбоз Меҳровар Мақсудов ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар карда шудааст.
Рӯзи 8-уми апрел бошад, торнамои «Озодӣ» хабар дод, ки «Меҳровар бемори равонӣ набудааст» . Ба навиштаи торнамо, «Меҳровар Мақсудов, сарбози қатории қисми ҳарбии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа рӯзи 7-уми апрел аз беморхонаи касалиҳои руҳӣ ба госпитали ҳарбии Вазорати дифоъ воқеъ дар маҳалали 46-уми пойтахт оварда шудааст. Ба гуфтаи табибон, осори заъфи равонӣ дар вуҷуди ӯ мушоҳида нашуд ва ӯ аз бемории “гулафшон” ранҷ мебурдааст».
Санаи 12-уми апрел худи ҳамин торнамо хабар дод, ки «Меҳровар аз идомаи хидмати ҳарбӣ озод шуд» . Торнамо аз ҷумла навишт: «Меҳровар Мақсудов, сарбози қисми ҳарбии 02011-и қӯшунҳои зудамали Вазорати дифои Тоҷикистон, ба иллати беморӣ аз идомаи хидмати ҳарбӣ озод шудааст ва рӯзи 12-уми апрел наздиконаш ӯро аз бемористони ҳарбӣ ба хонаашон бурдаанд. Мунира Асоева, модари Меҳровар гуфт, ки писараш ҳанӯз аз дарди сар шикоят мекунад ва онҳо қасд доранд ба зудӣ ӯро дар яке аз бемористонҳои пойтахт ташхис карда, баъдан бо табобат фаро бигиранд».
Дар моҳи апрели соли равон қазияи сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев боз расонаӣ гардид. Санаи 8-уми апрел хабаргузории Тojnews хабари хушҳолкунандаеро таҳти унвони «Баъди ду сол. Шаҳбол аз пайдо шудани ҳис дар пойҳояш хушҳолӣ мекунад» пахш намуд.
- Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик бо гузашти ду солу ду моҳ аз беҳ шудани вазъи саломатиаш изҳори хурсандӣ дорад. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори TojNews дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки акнун дарди пойҳояшро ҳис карда, беҳ шудани вазъи саломатиашро умед дорад. То кунун пойҳои ӯ фалаҷ буд, ки ягон ҳиссе надошт,- навишт хабаргузории мазкур.
Аммо рӯзи 14-уми апрел худи ҳамин хабаргузорӣ хабари дигаре бо номи «Ҷарроҳии фаврии гурдаҳои Шаҳбол Мирзоев» пахш карда, иттилоъ дод: «Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик аз сабаби пайдо шудани санг дар гурдаҳояш ҷарроҳӣ мешавад. Худи Шаҳбол дар суҳбат ба TojNews гуфт, ҳоло дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд қарор дошта, интизори натиҷаи ташхис мебошад».
- Ҳарду гурдаам санг доштааст, ҳозир интизор ҳастем, ки натиҷаи ташхис муайян мешавад ва маро ҷарроҳӣ мекунанд. Қариб як ҳафта мешавад, ки таб дорам ва вазъи саломатиам хуб нест,- гуфтааст Шаҳбол.
Лозим ба ёдоварист, ки Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт 8-уми марти соли 2014 аз ҷониби ҳамхидматонаш дар қисми ҳарбии 2620-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ мавриди латукӯби шадид қарор гирифта буд. Бар асари ин ҳодиса гардани Шаҳбол шикаст. Баъди рух додани ин ҳодиса Усмоналӣ Ғайратов, ҳамхидмати Шаҳбол бо иттиҳоми латукӯби ӯ боздошт шуда, 19-уми июн ба 9 соли ҳабс маҳкум шуда буд. Ҳамчунин, Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии мазкур дар ин қазия гунаҳкор дониста шуда, қарор шуд то даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда шавад.
Дар моҳи апрел қазияи дигаре низ, ки баҳсаш муддати тӯлонӣ идома дошт, боз расонаӣ шуд. Санаи 18-уми апрел хабаргузории «Азия-плюс» хабаре таҳти унвони «Дархости ҳукми ҳабси абад барои Умедҷони Амрохон» пахш карда, иттилоъ дод: «Барои гумонбари асосӣ дар парвандаи куштори кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт Умедҷони Амрохон айбдоркунандаи давлатӣ содир шудани ҳукми ҳабси абадро дархост кард. Дар Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҳамла ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино барқарор шуда, ба ҷуз гумонбари асосӣ, боз панҷ нафари дигар дар курсии айбдорӣ ҷавоб мегӯянд».
Дар ин маврид ҳафтаномаи «Чархи гардун» (№17 (1025), аз 20-уми апрели соли 2016) ҳам хабаре бо номи «Ҳабси абад барои қатли ду корманди комиссариати ҳарбӣ» ба табъ расонд.
Ҳафтаномаи «Озодагон» (№15 (420), аз 20-уми апрели соли 2016) бошад, бо нашри матлабе таҳти унвони «Радди дархости муттаҳамони қатли кормандони комиссариат ва таъхир дар эълони ҳукми онҳо» аз ҷумла навишт: «Додситонии кулли Тоҷикистон дархости муттаҳамон дар қатли кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро, ки гуфтаанд, аз ҷониби маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, рад кардааст. Мавлудхон Салихов, вакили дифои Умедҷони Амрохон, яке аз гумонбарони асосии қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ гуфт, ки дар посухи Додситонии кулл омадааст: “Дар амали маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ таркиби ҷиноят ошкор нашудааст”. Қаблан 6 тан аз гумонбарон дар ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ зимни мурофиа дар Додгоҳи шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки дар боздоштгоҳ аз сӯи кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ шиканҷа шудаанд. Гумонбарон аз додраси парванда дархост намуданд, ки нисбати кормандони мақомот барои латукӯбашон қарори қонунӣ қабул шавад. Додрас дархости ҷониби судшавандаҳоро барои тафтиш ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол намуда, то анҷоми он мурофиаҳои додгоҳиро ба таъхир гузошта буд».
Санаи 27-уми апрел бошад, торнамои «Озодӣ» бо номи «30 соли зиндон барои ҳамла ба кормандони «военкомат»» хабаре пахш карда, иттилоъ дод: «Умедҷони Амрохон, гумонбари асосӣ дар ҳамла болои чор корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, ки ду кушта бар ҷой гузошта буд, 30 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми апрели соли ҷорӣ содир гардид ва додрас Тоҳир Мӯсобекзода гуфт, ки Умедҷони Амрохон бар асоси қисми дуи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ (куштани ду шахс ва бештар аз он) гунаҳкор шинохта шудааст».
Бояд гуфт, ки субҳи 7-уми ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе (ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт) чанд нафар бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷруҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.
Дар моҳи гузашта инчунин ҳолатҳои наве ба миён омаданд, ки боиси баҳсҳои зиёд гардиданд. Торнамои «Озодӣ» санаи 20-уми апрел бо пахши матлабе таҳти унвони «Марги мармузи Бахтиёр баъди 5 рӯзи хидмат дар артиш» хабар дод, ки «ҷасади як сарбози Вазорати дифоъ ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи хидмат ба наздиконаш супурда шудааст. Онҳо мегӯянд, ӯ бар асари латукӯб фавтидааст, аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, аз сактаи қалб. Ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19-уми апрел ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз кард».
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Озодагон
» санаи 25-уми апрел хабаре бо номи «Омбудсмен: Таҳқиқи марги Бахтиёр дар артиш идома дорад» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Дафтари Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон эълон кард, ки таҳқиқи марги сарбоз Бахтиёр Қубонмадовро дар қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар минтақаи Рашт зери назорат гирифтааст».
Рӯзи 21-уми апрел бошад, хабаргузории «Озодагон» хабаре бо номи «Ҳалокати Қиёмиддини 19-сола ҳангоми фирор аз «облава»» пахш карда, чунин иттилоъ дод: «Як сокини 19-солаи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод шоми 19-уми апрел ҳангоми фирор аз “облава” дар шаҳри Роғун худро ба дарё андохтааст. Тибқи иттилои манобеи “Озодагон”, марҳум Шарифов Қиёмуддин, сокини 19-солаи деҳаи Алигалабон, ҳангоми фирор аз “облава” тақрибан соати 17:00-и 19-уми апрел дар мавзеи деҳаи Луғуроби шаҳри Роғун худро ба дарёи Вахш андохта, ғарқ шудааст».
Хабаргузории «Азия-плюс» ҳам дар идома бо номи «Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади ҷавони худро ба дарё партофта барои халосӣ аз «облава»» хабар пахш кардаву аз ҷумла чунин иттилоъ дод: «Корҳои ҷустуҷӯии ҷасади сокини 17-солаи шаҳри Роғун, ки 19-уми апрел ҳангоми фирор аз маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват кардан (облава) худро ба дарё партофта буд, идома дорад… Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ ба «Азия-плюс» дар мавриди масъалаи мазкур иттилоъ доданд, ки айни замон ҷасади ҷавон дарёфт нашуда, вале ҷустуҷӯи он аз ҷониби наҷотдиҳандагон идома дорад».
Дар ҳоле, ки атрофи ҳуқуқҳои сарбозон сарусадо зиёд буд, торнамои «Озодӣ» рӯзи 25-уми апрел гузорише таҳти унвони «Ваъдаи вакил барои баҳси "дедовшина" дар парлумон» пахш кард.
- Вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди пахши хабарҳо дар бораи сарбозозорӣ ё "дедовшина" ва марги иҷбории баъзе аз сарбозон дар артиш, то ҳол ҳеч нафар бо ариза ба онҳо муроҷиат накардааст. Рустам Қудратов, узви Кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Тоҷикистон гуфт, ки масъалаи латукӯб ва бадрафторӣ дар қисми ҳарбӣ то ҳол дар ҷаласаҳои парлумон матраҳ нашудааст, вале ӯ ваъда кард, ки баъди бозгашт аз сафари корӣ ин масъаларо баррасӣ хоҳанд кард. Ӯ дар робита ба сарбозозорӣ дар артиш гуфт, “медонед, ҳар рӯз чанд ҳазор қонунвайронкунӣ рух медиҳад. Чаҳор-панҷ нафар узви як кумита фурсати баррасии ҳамаи онро надорад. Албатта, ин масъала вуҷуд дорад ва баъд аз баргаштан мо дар ҷаласаи парлумон баррасӣ мекунем ва ман ин масъаларо бо мақомоти низомӣ низ дар миён мегузорам”,- навишт торнамо.
Санаи 28-уми апрел бошад, ҳамин торнамо гузорише бо номи «11 ҷавоби рад барои сабти Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» пахш карда, хабар дод, ки «созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки бештар аз ҳаққи ҷавонони синни даъват ба артиш ва сарбозон дифоъ мекунад, аз соли 2014 боз натавонистааст намояндагиаш дар вилояти Суғдро фаъол намояд. Дилрабо Самадова, масъули ин созмон гуфт, ки дар тӯли ду соли гузашта барои сабти намояндагии дафтарашон 11 бор ба Вазорати адлия муроҷиат карда, ҳамин қадар ҷавоби рад гирифтаанд. Ҳоло, ба гуфтаи Самадова, бо дархости мақомоти адлия идораи андоз ҳам ба дари намояндагии онҳо дар Суғд муҳр задааст ва ҳеч кас ҳаққи дохил шуданро надорад».
Дар ин маврид Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик назарашро аз ҷумла чунин баён кардааст: «Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар навоҳии кишвар кореро иҷро мекунад, ки бояд мақомоти ҳукумати кишвар анҷом диҳанд. Ин созмон бо ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Вазорати дифоъ барномаҳои муштарак дорад ва бо сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ кор мебарад ва набояд чанд хатои кӯчак боиси сабти ном нашудани бахши вилоятии ин созмон шавад. Шумо бубинед, ин созмон бе маблағ аз сарбозоне, ки дучори шиканҷа мешаванд ва аз навдаъватоне, ки “облава” мешаванд, ҳимоят мекунад. Ҳол он ки, ин вазифаи органҳои давлатӣ аст. Ман намефаҳмам, вақте ки ҳамкории давлат бо ҷомеа мегӯем, маънояш дастгирии ҳамин созмонҳои ҷамъиятӣ аз тарафи мақомот аст. Барои ман нофаҳмо аст, ки барои чӣ ба ин созмон ин қадар часпидаанд? Агар хатое ҳам дар ҳуҷҷатҳои он вуҷуд дошта бошад, ислоҳ кунанд ва шароити мусоид фароҳам оранд».
Дар пайи ин ҳама ахбор, ҳафтаномаи "Озодагон" (№16 (421), аз 27-уми апрели соли 2016) гузорише бо номи «Тазод» ба нашр расонида, суол гузошт, ки «магар аз сактаи дил тугма канда ва либоси бемор медарад?». Ин гузориш асосан қазияи фавти сарбози қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт Бахтиёр Қурбонмадовро баҳс мекунад, ки пас аз панҷ рӯзи хизмат, ба гуфтаи пайвандонаш, бар асари латукӯб фавтидааст.
Зимнан, дар моҳи апрели соли ҷорӣ торнамои «Озодӣ» қазияҳоеро ҳам инъикос кард, ки дар хориҷи кишвар рух додаанд. Санаи 11-уми апрел ин торнамо бо номи «Донишҷӯи тоҷик пулиси Маскавро маҳкум ба 3,5 сол кард» хабаре пахш намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дмитрий Штелмах, корманди собиқи хадамоти пайроҳагардӣ (ППС)-и пулиси Маскав, ки ба бадрафторӣ ва латукӯби донишҷӯи 16-солаи тоҷик айбдор мешуд, бо ҳукми зиндони шартӣ «халос» хӯрд. Бино ба гузориши шабакаи телевизионии LifeNews, додгоҳи минтақаи Останкинои шаҳри Маскав рӯзи 11-уми апрел ин маъмури собиқи пулисро дар бадрафторӣ нисбат ба донишҷӯи тоҷик муҷрим шинохта, шартан ба севуним соли зиндон маҳкум кард. Дмитрий Штелмах, ки дар ҷараёни тафтиши парвандааш низ на дар боздошт, балки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ дар озодӣ ба сар мебурд, танҳо дар сурати дар тӯли ин севуни сол даст задан ба ягон ҷинояти дигар метавонад пушти панҷара биравад».
Торнамои мазкур рӯзи 12-уми апрел гузоришеро низ таҳти унвони ««Мо назадем, мо надидем...» Пас Фаррухро дар идораи пулис кӣ кушт?» пахш кард.
- Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав ба бозпурсии шоҳидони парвандаи шиканҷа ва марги шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Фаррух Урозов идома медиҳад. Интизор меравад, ин бозпурсиҳо то 5-уми май ба анҷом расида, додгоҳ ҳукми се афсари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорск Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеевро аллакай то поёни моҳи май эълон кунад. Илҳом Алихонов, бародари Фаррух рӯзи 12-уми апрел гуфт, ки ҳафтаи гузашта чанд шоҳиди асосӣ, аз ҷумла раҳбари собиқи бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорск Мясоедов бозпурсӣ шудаанд. Мясоедов баъди ҳалокати Фаррух Урозов дар боздошт аз мақомаш барканор шуда буд,-менависад торнамо.
Илҳом Алихонов дар суҳба бо торнамо гуфтааст, ки “дар додгоҳ вақте афсарони пулисро мепурсанд, ягонтоаш ба гардан намегирад. “Ман назадам, ман набудам” мегӯянд ҳамааш. Мясоедов ҳам гуфт, ки “ман фақат як ё ду бор ба он ҳуҷра даромадам, чизеро намедонам”. Ман қаҳрам омад, гуфтамашон, ки пас бародари маро кӣ кушт? Магар худаш худашро куштааст?”.
Ёдовар мешавем, Фаррух Урозов, ки дар яке аз сохтмонҳои Солнечногорск ба ҳайси кафшергар кор мекард, шоми 17-уми сентябри соли 2014 бар асоси шикояти як зани ҳамсоя, ки ӯро ба таҷовуз ба номуси духтари шашсолааш айбдор карда буд, боздошт шуд. Ӯ шаби 18-уми сентябр, ҳанӯз то расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар шӯъбаи пулис даргузашт. Бар асоси хулосаи тафтишот, ки рӯзи 15-уми декабр нашр шуд, Фаррух Урозов бар асари шикастани 13 қабурғааш ҷон бохтааст. Маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.
Ҳамчунин, торнамои «Озодӣ» рӯзи 26-уми апрел гузориши муфассале таҳти унвони «ВКД шиканҷаи Хушвақт Қаюмовро бо 16 ҳазор ҷуброн кард» пахш намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Хушвақт Қаюмов, ки дар чор соли пеш аз сӯи як корманди пулис дар ноҳияи Ёвон мавриди латукӯб қарор гирифта буд, 16 ҳазор сомонӣ (муодили 2 ҳазор доллар) ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кардааст. Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Хушвақт гуфт, ки ин миқдор пул дар асоси қарори додгоҳ рӯзи 21-уми апрел пардохта шудааст. Вале, ба қавли ӯ, 16 ҳазор сомонӣ барои табобату ба худ омадани Хушвақт Қаюмов кофӣ нест ва онҳо барои баррасии ин қазия дубора шикоят хоҳанд бурд».
Хушвақти 17-соларо Машраф Алиев, корманди умури дохилии ноҳияи Ёвон барои ба гардан гирифтани дуздӣ дар моҳи апрели соли 2012 ба шӯъбаи умури дохилӣ оварда, латукӯб мекунад. Бар асари фишору латукӯб Хушвақт ба гуноҳи худ “иқрор” мешавад ва бегоҳи ҳамон рӯз дар оғили хонаашон худро бо ресмон меовезад. Волидонаш ӯро дар ҳолати беҳушӣ ресмон дар гарданаш пайдо мекунанд ва аз марг мераҳонанд. Қазияи латукӯби Хушвахти 17-cола аз камтарин ҳолатҳое дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ собит шуд ва гунаҳкор пушти панҷара рафт.
Торнамои «Озодагон» бошад, рӯзи 27-уми апрел хабаре таҳти унвони «Падари Исмонбой соли 7-ум аст, барои муҷозоти омилони марги писараш талош мекунад» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 баъди боздошташ аз сӯи кормандони мақомоти пулис ба таври мармуз фавтид, ҳанӯз талош дорад омилони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Ҷӯрабой Бобоев мегӯяд, онҳо дар мавриди беасар будани тафтишоти парвандаи марги Исмонбой ба Додситонии кулл ариза супурдаанд. Исмонбой Бобоев, сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд 19-уми феврали соли 2010 вақте аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегашт, аз сӯи Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров, кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ боздошт шуда, баъди як шабонарӯз ба таври мармуз фавтид. Мақомот сабаби марги Исмонбойро нафасгир шудан аз беморӣ номид, аммо падари ӯ иддао дорад, ки писараш ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа шудааст».
Сарфи назар аз ин ҳама, дар моҳи гузашта кӯшишҳо барои пешгирии қонунвайронкуниҳо ва талошҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон зиёд буданд. Торнамои NoTorture.Tj санаи 13-уми апрел таҳти унвони «Тренинг барои равоншиносон оид ба масоили офиятбахшии қурбониёни шиканҷа» хабар пахш карда, иттилоъ дод, ки «рӯзҳои 15-17-уми апрел дар шаҳри Душанбе оид ба офиятбахшӣ ва ҷуброни зарари қурбониёни шиканҷа ва пайвандони онҳо тренинги серӯза доир мегардад. Чорабиниро созмони ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар доираи фаъолиятҳо оид ба офиятбахшии нафарони аз шиканҷа зарардида ё аъзои оилаи онҳо, ки аз ҷониби «Институти Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, баргузор менамояд».
Торнамои мазкур инчунин рӯзи 14-уми апрел хабаре бо номи «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «12-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии гуруҳи кории Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон зери унвони «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ» бо ҳуқуқшиносон, намояндагони шӯрои ҷамъиятии назди ВКД оид ба таъғйироти милитсия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фондҳо ва васоити ахбори омма баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ пешниҳод намудани иттилоъ оид ба фаъолияти Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон (Эътилоф) ва паҳн намудани маълумоти зарурӣ барои муроҷиат ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо шиканҷа буд».
Ниҳоят, торнамои NoTorture.Tj санаи 16-уми апрел боз як матлаби дигар бо номи «Холматова: То ҳоло ба ҷабрдидаҳо кӯмак мерасонем»
- Масъалаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ яке аз мавзуҳое буд, ки дар вохӯрии кории «Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ баҳсу баррасӣ шуд. Ба қавли адвокат Гулчеҳра Холматова, дар Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон як гуруҳ адвокатҳо фаъолият мебаранд, ки онҳо дар парвандаҳои гражданӣ оид ба ҷуброн намудани зарари моддиву маънавӣ дар судҳои гуногуни шаҳри Душанбе ва дигар судҳои кишвар иштирок менамоянд,- навишт торнамои мазкур.
- Нахустин парванда оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ парвандаи Сангов мебошад, ки ман дар он иштирок намуда будам. Соли 2013 ба фоидаи ҳамсари қурбонии шиканҷа Сафаралӣ Сангов 46 ҳазору 500 сомонӣ рӯёнида шуд. Ҳоло мо мебинем, ки чунин парвандаҳо боз шуда истодаанд ва гунаҳгорӣ оид ба расонидани шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба ҷабрдида метавонад исботи худро ёбад. Мо то ҳоло кӯмак мерасонем ба ҷабрдидаҳо. Ҳозир боз 5 парвандаи дигар оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ бояд барои баррасӣ ба суд пешниҳод шаванд,- гуфтааст Г. Холматова.