Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи январи соли 2019 расонаҳо паҳлуҳои гуногуни мавзуи шиканҷаро инъикос карданд ва дар ин миён атрофи Нақшаи миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа низ сухан гуфта шуд.
Санаи 11-уми январ торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Баррасии Нақшаи миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа» (http://notorturetj.org/tj/news/barrasii-nakshai-milli-oid-ba-ichroi-tavsiyakhoi-kumitai-ziddi-shikancha) хабар пахш карда, аз ҷумла навишт: «Рӯзи 11-уми январи соли 2019 бо ташаббуси Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баҳри баррасии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 вохӯрии корӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ду бахш - муаррифии мухтасари Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва муаррифии натиҷаҳои фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иборат буд».
Ба иттилои торнамои мазкур, дар оғози вохӯрӣ Каримзода Шараф, намояндаи Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони ҷамъомадро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла зикр намудааст: «Тавре иттилоъ доред, дар чорабинии қаблие, ки моҳи октябри соли 2018 баргузор гардид, мо ҳамроҳи шумо тарҳи нақшаи чорабиниҳоро оид ба амалишавии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа баррасӣ карда будем. Бинобар таклифу пешниҳодҳо, дар натиҷаи баррасиҳо ба хулоса омада будем, ки ҳамаи таклифҳо ҷамъбаст мегарданд ва боз як баррасии дигар ташкил карда мешавад. Ва имрӯз, баъд аз дастрас намудани таклифҳои тамоми ҷонибҳои манфиатдор, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ, тарҳи ниҳоии нақша таҳия шуд, ки чорабинии имрӯзаи мо ба баррасии тарҳи мазкур бахшида мешавад. Бо истифода аз фурсати муносиб ман ба иштирокдорони чорабинии имрӯза, аз ҷумла Раёсати Комиссари Олии СММ, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, умуман ба тамоми шарикони мо аз созмонҳои байналмилалӣ ва намоядагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар баррасии мавзуҳои мубрам вобаста ба ҳуқуқи инсон фаъолона иштирок менамоянд, изҳори сипос мекунам».
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 12-уми январ торнамои Радиои «Озодӣ» гузорише бо номи «Боздошти муфаттиш. Чӣ гуна Ҳасан Ёдгоров 8 моҳ «қотил» буд?» (https://www.ozodi.org/a/29705265.html) пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Додситонӣ як муфаттиши умури дохилии шаҳри Турсунзодаро ба шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, ки ба гуфтаи мақомот, 8 моҳ бегуноҳ дар боздошт қарор дошт, муттаҳам кард. Шералӣ Азизов, корманди Бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода дастгир шудааст. Азизов ба он муттаҳам мешавад, ки дар пайи ошкор кардани қотили Дмитрий Каримов, пешхидмати 42-сола дар моҳи ноябри соли 2017 Ҳасан Ёдгоров, сокини 34-солаи шаҳри Турсунзодаро ҳамчун гумонбар боздошт кардааст. Ба гуфтаи тафтишот, Ҳасан Ёдгоров гуноҳи нокардаро таҳти шиканҷа бар дӯш гирифт ва наздики 8 моҳро дар зиндон сипарӣ кард».
Худи ҳамин расона, яъне торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 14-уми январ таҳти унвони ««Милисаҳо ҳеҷ гуноҳ накардаанд». Қатъи парвандаи шиканҷаи Шаҳбоз» (https://www.ozodi.org/a/tajik-police-torture-asia-human-rights/29708638.html) гузориши дигаре пахш кард.
- Додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноии ду афсари милисаро, ки ба шиканҷаи як ҷавон муттаҳам мешуданд, қатъ кардааст. Додситонӣ гуфтааст, азбаски дар ҷараёни тафтиши парванда иттиҳомот ба зидди Саёдҷон Қодиров ва Муҳаммад Ҳайдаров, муфаттишони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон исбот нашуд, додситонӣ ба ин натиҷа расид, ки ҳарду нафар гуноҳе накардаанд ва набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд,- аз ҷумла омадааст дар гузориш.
Ба навиштаи торнамо, «додситонӣ лейтенантҳои калони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвонро ба «шиканҷаи гуруҳӣ» ва берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ муттаҳам мекард. Муфаттишон мегуфтанд, Саёдҷон Қодиров ва Муҳаммад Толибов тобистони соли гузашта Шаҳбоз Аҳмадови 26-соларо, ки бо иттиҳоми корд задани як фарди дигар дастгир шуд, бераҳмона азобу шиканҷа додаанд, то гуноҳи нокардаро эътироф кунад».
Санаи 21-уми январ бошад, торнамои Faraj.tj бо номи «Сарбоз худкушӣ кардааст?» (http://faraj.tj/slide/sarboz-khudkush-kardaast/) хабар пахш карда, аз ҷумла навишт: «Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), ки қисми низомии неруҳои алоқа, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, тобеи он аст, вуҷуди сарбоз бо номи Исфандиёри Мирзоҳасан дар ин қисми низомиро рад мекунад. Сухангӯи ин ниҳод Муҳаммад Улуғхоҷаев дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, қисми низомии алоқа дар шаҳри Ҳисор ягона қисми низомиест, ки ба қӯшунҳои сарҳадӣ тааллуқ дорад... Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабари ба ҳалокат расидани сарбози қаторӣ Исфандиёри Мирзоҳасанро тасдиқ карда, гуфт, марҳум дар қисми низомии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар дар шаҳраки Айнии минтақаи Ҳисор хизмати сарбозиро адо мекард».
- Тибқи хабарҳо, сарбози 19-сола Исфандиёри Мирзоҳасан шаби 19-уми январ дар қисми низомии неруҳои алоқа, воқеъ дар шаҳри Ҳисор худро паррондааст. «Тир аз зери манаҳи Исфандиёр даромада, сарашро шикофта, аз фарқи сараш берун шудааст». Исфандиёри Мирзоҳасанро рӯзи 20-уми январ дар зодгоҳаш - деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба хок супурданд. Сабаби худкушии сарбоз ҳанӯз маълум нест, вале гуфта мешавад, ки ӯ аз автомат аз зери манаҳаш тир холӣ кардааст. Қаблан ҳам аз тири силоҳи оташфишон ва ё зери латукӯби ҳамхидматон ба ҳалокат расидани сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар ба қайд гирифта шудааст, вале дар аксар маврид сабабҳои ҳалокати сарбозон «беэҳтиётӣ ҳангоми истифода аз силоҳи оташфишон» арзёбӣ мешавад. Коршиносон сабабҳои чунин ҳодисаҳои нангинро вуҷуд доштани «дедовшина» дар қисмҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд,- афзудааст торнамои мазкур.
Ҳамин расона, яъне торнамои Faraj.tj санаи 29-уми январ хабари дигаре бо номи «Ҳолати шиканҷаи Расул Назаров: Тафтишот идома дорад!» (http://faraj.tj/habari-ruz/holati-shikanjai-rasul-nazarov-taftishot-idoma-dorad/) пахш кард.
- Прокуратураи генералӣ мегӯяд, ки вобаста ба пешгирии шиканҷа назорати қатъиро ба роҳ мондааст ва ҳар як муроҷиату арзу шикояти шаҳрвандон нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои роҳ додан ба шиканҷа ҷиддан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон имрӯз, 29-уми январ, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар соли сипаришуда 4 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба шиканҷа оғоз карда шудааст. Аммо, дар мавриди он ки ин қонуншиканиҳо вобаста ба шиканҷаи гумонбарон дар ҷиноят аз ҷониби кӣ ва намояндагони кадом мақомот сурат гирифтааст, маълумоти бештаре дода нашуд,- аз ҷумла навишт торнамо.
Мувофиқи ёдоварии торнамои мазкур, «ҳодисаи ба ҳалокат расидани сокини шаҳри Кӯлоб Расул Назаров аз чунин ҳолатҳоест, ки бегоҳи 28-уми марти соли гузашта бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милисаи ШВКД Сино-2-и шаҳри Душанбе боздошт шуд ва субҳи рӯзи дигар наздикон ҷасадашро аз беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе гирифтанд».
- Бародарон мегӯянд, ки зимни шустани ҷасад дар тани марҳум Расул Назаров нишонаҳои латукӯб ва шиканҷаро мушоҳида карда, аз он расму навор ҳам бардоштаанд, вале бо вуҷуди пешниҳоди он ба мақомоти тафтишотӣ, қариб як сол боз чорае андешида намешавад. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ дар нишасти хабарӣ вобаста ба фавти сокини Кӯлоб Расул Назаров гуфт, ки парвандаи ҷиноятӣ дар тафтишот қарор дошта, он идома дорад,- меафзояд торнамо.
Торнамои NoTorture.Tj бошад, рӯзи 31-уми январ хабаре таҳти унвони «Зариф Ализода: соли гузашта аз маҳбасҳо танҳо ду муроҷиат оид ба шиканҷа ворид шуд» (http://notorturetj.org/tj/news/zarif-alizoda-soli-guzashta-az-makhbaskho-tankho-du-murochiat-oid-ba-shikancha-vorid-shud) пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода имрӯз, 31-уми январ, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки муроҷиатҳои ба институти омбудсмен вобаста ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа воридгардида тасдиқи худро наёфтаанд. Зариф Ализода гуфт, ки соли гузашта 13 муроҷиат вобаста ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ворид шудааст: «Аз 13 муроҷиат дутояш аз ҷониби хешовандони нафароне ворид гардид, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарор доранд. Дар рафти санҷишҳо далелҳои истифодаи шиканҷа тасдиқи худро наёфтанд». Ваколатдор афзуд, ки вобаста ба ёздаҳ муроҷиати дигар низ санҷишҳо гузаронида шудаанд».
- Соли гузашта танҳо аз рӯи чор ҳолат аз ҷониби прокуратура нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи моддаи 143, эзоҳи 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Айни замон ду парванда ба суд фиристода шуда, ду парвандаи дигар дар марҳилаи тафтишот қарор доранд,- зикр намудааст Ализода.
Худи ҳамин рӯз, яъне санаи 31-уми январ торнамои NoTorture.Tj хабари муфассале бо номи «Гуруҳи мониторингӣ: дар соли 2018 аввалин бор мониторинги тавқифгоҳи муваққатии АНМН иҷозат дода шуд» (http://notorturetj.org/tj/news/gurukhi-monitoringi-dar-soli-2018-avvalin-bor-monitoringi-tavkifgokhi-muvakkatii-anmn-ichozat) пахш кард.
- Гуруҳ оид ба мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар соли 2018 аз 16 муассиса дидан намуда, аз ҷумла аввалин маротиба дар тавқифгоҳи муваққатии зертобеи Агентии назорати маводи нашъаовар гузаронидани мониторингро оғоз кард,- аз ҷумла омадааст дар ин хабар.
Ин ҳама дар ҳолест, ки санаи 31-уми январ торнамои Радиои «Озодӣ» таҳти унвони «Тоҷикистон дигар гунаҳкорони шиканҷаро намебахшад» (https://www.ozodi.org/a/29741998.html) гузориши муфассале пахш карда, аз ҷумла навишт: «Ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҳомиёни ҳуқуқ ва Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ҷазо барои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳоро сахттар мекунад ва афродеро, ки даст ба шиканҷа мезананд, дигар авф наменамояд. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, рӯзи 24-уми январи имсол нақшаеро тасдиқ кард, ки бар асоси он ҳукумат дар чаҳор соли оянда тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милалро бояд иҷро кунад. Тафтиши мӯшикофонаи шикоятҳо аз шиканҷа дар зиндону боздоштгоҳҳо, идораи пулис ва қисмҳои низомӣ аз бандҳои асосии нақша аст. Интизор меравад, ба зудӣ ба қонунҳои кишвар низ чанд ислоҳ ворид гардад, ки бар асоси онҳо масъулони шиканҷа мавриди авф қарор намегиранд. Инчунин, пардохти зарар ба қурбониёни шиканҷа зери назорати ҷиддӣ гирифта хоҳад шуд. Дар нақша гуфта шудааст, ки зарурат ба тағйири қонун дар бораи адвокатура низ ҳаст, то онҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи шиканҷашудаҳо дасти бозтаре дошта бошанд».