Статьи

Вақте коршиносони ташхиси судии тиббӣ умеди охиринанд... Мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ масъалаҳои марбут ба ташхиси тиббӣ-судӣ ва меъёрҳои Протоколи истамбулиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Яҳё Одинаев, директори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ ба ин бовар аст, ки дар аксар ҳолат аз ҷониби вакилони дифоъ дархост барои гузаронидаи экспертизаи такрорӣ намешавад....

17.11.2014 - 09:39

Волидони Саидалӣ Ҳақбердиеви бистучорсола аз деҳаи Яккахонаи ҷамоати Рӯдакӣ бо як нигарониву сӯзу гудоз мегӯянд, ки бар асари латукӯби кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, фарзанди онҳо ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Мирзоалӣ Ҳақбердиев, падари ин ҷавон мегӯяд, ки Саидалӣ фарзанди бузурги хонадон буда, соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон...

13.11.2014 - 16:32

Ахиран як сокини деҳаи Қулободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Маҳмадсаид Қаюмов ҳодисаи дуздии мағозаи бародараш ва дар пайи он, рӯзи 29-уми июни соли 2012 зимни бозпурсӣ аз суйи Машраф Алиев, корманди собиқи ШВКД-и ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифтани писараш Х.М.-и 18-солаву қасди худкушӣ кардани ӯро қисса кард.  Маҳмадсаид Қаюмов дар як давраи...

31.10.2014 - 20:52

'Бале, Нилуфар мусалмон буд, ҳиҷоб дошт, дар Эрон зиндагӣ мекард, тоҷики Бухоро буд. Аммо ҷанобон, оё ин далели терурист будан аст?' Ин суханони Надежда Атоева, раиси Анҷумани “Ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна”, як созмони мустақар дар Фаронса аст, ки дар суҳбат бо Би-би-сӣ эрод кардааст. Ӯ танҳо мудофеъи ҳуқуқи башар аст, ки то ҳол дар вокуниш ба марги мармузи Нилуфар Раҳимҷонова, як шаҳрванди...

26.09.2014 - 20:41

Дар айни шурӯ шавқи ҷавонӣ, дар синни 26-солагӣ баъди 1 рӯзи боздошт кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш Низомиддин Ҳомидовро зинда ва сиҳату саломат боздошт намуда, рӯзи дигар ҷасадашро ба волидайнаш доданд. Ин як “рекорд” дар Тоҷикистон гардид, зеро қаблан нафарони латукӯбшуда то чанд рӯз зинда мемонданд. Боздошти духтур бо гумони дуздӣ Асли воқеа дар он аст, ки бегоҳии 30 ба 31-...

17.04.2014 - 19:01

Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд, ки дар Тоҷикистон маҳалгароӣ ҳоким аст ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ва бештари аъзои кобинеаш зодагони як минтақа ҳастанд. Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Омрико дар бораи ҳуқуқи башар, ки шоми панҷшанбеи 27 феврал мунташир шуд, ба маҳдудият дар фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ, адами рақобати воқеъӣ дар интихоботи 6 ноябри соли гузашта ва мутобиқ набудани ин...

28.02.2014 - 19:56

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ахиран як занеро бо гуноҳи талош барои додани телефони ҳамроҳ ба шавҳари зиндониаш ҷарима кардааст. Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки Махфират Бадалова, ки барои мулоқоти дарозмуддат бо шавҳари зиндониаш ба зиндони рақами яки Душанбе омада буд, мехост, телефони “Нокиа”-ро ба шавҳараш бирасонад. Аммо маъмурони амниятӣ ҳангоми тафтиш ин телефонро аз тагпӯш ва ё...

10.02.2014 - 22:44

Масъули дафтари Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон гуфт, ки ин созмон ба талошҳои худ барои дастрасӣ ба зиндонҳои ин кишвар идома хоҳад дод. Северин Шопоз рӯзи чаҳоршанбеи 18 декабр дар ҳамоише дар иртибот бо 150-умин солгарди таъсиси КБСС ва 20-умин солгарди фаъъолияти ин созмон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар зарфи чанд соли ахир Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ...

18.12.2013 - 20:24

Пажӯҳиши тозае дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки мавориди озору азият ва шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии кӯдаконаи ин кишвар низ вуҷуд доштааст. Ин пажӯҳиш аз сӯи созмони иҷтимоии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» дар Тоҷикистон ва бо ҳимояи Иттиҳодияи Аврупо ва Намояндагии ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо анҷом шудааст. Гулчеҳра Раҳмонова, як корманди «Маркази ҳуқуқи кӯдак» рӯзи ...

05.12.2013 - 23:27

Ҳайъати вижае аз коршиносони пулис ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ дар ҷараёни мулоқот бо кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар вилоёти мухталифи ин кишвар наҳваи ҷилавгирӣ аз эъмоли шиканҷа ва авоқиби истифода аз онро шарҳ додаанд. Як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки ин гурӯҳ аз намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, дафтари кумисери ҳуқуқи башар, додситонии кул, додгоҳи қонуни асосӣ ва...

24.11.2013 - 17:27

Страницы