Article Pages

Баҳси вазорати дохила бо модари Баҳромиддин Шодиевро, ки писараш бар асари шиканҷа ҷон бохтааст, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ хоҳад кард. Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиев рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳама асноди зарурӣ барои баррасии даъвои  пардохти ҷуброн ба наздикони ӯ омода  шуда, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод...

24.10.2013 - 17:01

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд маҳбусон Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро бо иттиҳоми пахши ахбори бардурӯғ ва таҳрикомез мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум кард. Субҳи 18-уми октябр додгоҳи Хуҷанд ҳукми Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро қироат кард, ки бино бар он Тошев ва Ризоев ба паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон муттаҳам шуда, аввалӣ ба 7 ва дувумӣ ба 9 соли ҳабс...

18.10.2013 - 20:57

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Зимни шарҳи тағйиру иловаҳои Кодекси мазкур ба вакилони парлумон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор дошт, ки онҳо пеш аз ҳама барои сабук гардонидани шароити афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда равона шудаанд. «...

10.10.2013 - 20:44

Иброҳим Саидов, намояндаи додситонии Суғд, аз додраси парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони №2-и Хуҷанд, хостааст, онҳоро аз ҳашт то даҳ соли зиндон аз озодӣ маҳрум намояд. Оқои Саидов дар мурофиаи рӯзи 9 октбяр эълом карда, ки “мувофиқи моддаи 332 ва 346-и Кодекси ҷиноӣ Суннатулло Ризоев 10 сол ва Садриддин Тошев 8 сол аз озодӣ маҳрум шаванд”....

09.10.2013 - 18:49

Намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон зимни як давраи омӯзишию амалӣ усули ҳамкорӣ бо расонаҳоро фаро гирифтанд. Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» яке аз созмондиҳандагони тренинг, сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов иттилоъ дод, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ афзудани иқтидори созмонҳои узви Эътилоф ҷиҳати...

09.10.2013 - 17:58

Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд адвокатҳои Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев - ду маҳбуси шоҳид дар қазияи марги Ҳамза Икромзодаро, ба беэҳтиромӣ нисбати мақомоти судӣ айбдор карда, нисбати онҳо протокол тартиб додаанд.   Бо нишони эътироз аз ноадолатӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ дар мурофиаҳои судӣ толори судро тарк кардани адвокатҳо - Файзинисо Воҳидова ва Абӯбакр Қулматов дирӯз, 3-юми...

04.10.2013 - 21:19

Шӯрои амрикоӣ дар Душанбе мегӯяд, ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон тақозои раҳоии Комил Арешов, раҳбари созмони "Дасти ёрӣ"-ро накарда буд. Масъулони Шӯрои амрикоӣ дар Душанбе рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "дар ҳақиқат ин мактуб ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар маврид сафар доштани Комил Арешов ироа шуда буд, аммо дар ин мактуб сухан дар  мавриди раҳо кардан ё...

04.10.2013 - 21:13

Имрӯз, 4-уми октябр, баҳси рӯёндани 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн аз Вазорати умури дохилӣ ба нафъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиев, ки соли 2011 дар пайи боздошти маъмурони милиса фавтида буд, дар додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт оғоз шуд. Дар мурофиаи нахустини ин қазия, раисикунандаи парванда, додрас Раҷабов Ҳотамҷон ба хабарнигорон иҷозаи иштирок дар мурофиаро надодааст ва баррасии парванда бо иштироки...

04.10.2013 - 20:52

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ки боздоштшудагон дар Тоҷикистон шиканҷа мешаванд. Сзмони Афви Байналмилал аз афзоиши шиканҷаву бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо ва зиндониҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз мақомот тақозо кардааст, ки тадбирҳои фавриро барои рафъи ин мушкил биандешанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, аз моҳи июл ба ин тараф ба онҳо гузориш расидааст, ки ҳадди...

02.10.2013 - 10:43

Ҳимоятгар Файзиниссо Воҳидова чанд лаҳза пеш дар сафҳаи фейсбукии худ бо пахши як изҳорот аз мавҷудияти хатар ба ҳаёт ва саломатии маҳбусони зерҳимояаш ибрози нигаронӣ кард. Воҳидова дар изҳороташ мегӯяд: «Худи ҳозир дар бинои СИЗО-и 2 ш.Хуҷанд мурофиаи судии Тошев Садриддин ва Ризоев Сунатулло - шоҳидони воқеии марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси зиндони рақами 1-и ш.Душанбе оғоз мешавад...

01.10.2013 - 10:32

Страницы