Article Pages

Прокуроратураи генералии Тоҷикистон алайҳи якчанд корманди Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара дар робита ба қазияи марги Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ дар беморхонаи зиндон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бора Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи Ализода, ин парвандаи ҷиноятӣ баъди дархости Омбудсмен оғоз шуда, бояд омилони қатли Умедҷон Тоҷиев...

07.02.2014 - 10:52

Файзалӣ Икромов, падари маҳбуси тирамоҳи соли 2012 дар зиндон ҳалокшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола аз раҳбарияти муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 тақозо дорад, ки маҳбус Давлатёр Қурбонов, яке аз шоҳидон дар парвандаи Ҳамза Икромзодаро аз ҳуҷраи ҷаримавӣ озод кунанд. Дар акси ҳол ӯ таҳдид кардааст, ки даст ба худкушӣ мезанад. Духтари ӯ Дилхоҳ Икромзода ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита...

06.02.2014 - 16:23

Иттиҳоди Аврупо маблағгузории лоиҳаи минтақавии “Иқдомҳо бар зидди шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон”-ро дар доираи барномаи “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон” (САДҲИ), ки 1156690 евроро ташкил медиҳад, оғоз кардааст. Тавре ба NoTorture.Tj аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, вазифаи умумии иқдоми пешниҳодшуда аз саҳмгирӣ дар решакан...

05.02.2014 - 16:34

Волидайни маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе 1-уми феврали соли ҷорӣ соати 10:00 ба гуруснанишинӣ оғоз мекунанд. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода (эҳтимолан дар натиҷаи шиканҷа дар маҳбас фавтидааст) иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, гуруснанишинӣ аз ҷониби волидайни маҳбусон ба хотири аз тавқифгоҳи ҷаримавӣ озод гардидани Давлатёр Курбонов –...

31.01.2014 - 19:39

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, марги Умедҷон Тоҷиев - узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Суғд таҳқиқ мешавад ва ҳанӯз хулосаи ташхиси коршиносон эълон нашудааст. Оқои Менглиев, ки дар нишасти хабарии 30 январ сӯҳбат мекард, гуфт, Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққат буд ва баробари фаҳмидани он ки ӯ бемор аст, ба табобатхонаи муассисаи ислоҳӣ интиқол додаанд....

30.01.2014 - 14:03

Муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъулони ин ниҳод дар робита ба марги Умед Тоҷиев ва ангезаҳои он дар бахши пулис дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, таҳқиқоти хидматӣ анҷом додаанд. Абдураҳмон Бузмаков гуфт, ки ин иқдом бо дастури вазири ин ниҳод анҷом ёфта ва дар натиҷа яке аз яке аз кормандони масъули ин бахш аз симаташ барканор шудааст. Ҳамчунин оқои Бузмаков афзуд: "...

27.01.2014 - 21:19

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, ки тайи як сафар дар Хуҷанду Исфара ва Мастчоҳ қарор дошт, гуфт, то ҳол хулосаи табибон дар бораи марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ҲНИТ-ро дастрас накардаанд. Оқои Ҳусайнӣ ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии 24 январ дар қароргоҳи ҳизбаш дар Душанбе баён дошт. Муовини раиси ҲНИТ гуфт, мунтазири он...

24.01.2014 - 15:20

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи панҷшанбе парвандаи Садриддин Тошев (Қорӣ) ва Сунатулло Ризоевро бар асоси аризаи шикоятии вакилони мудофеъ баррасӣ намуда, ба истиснои кам кардани ду сол мӯҳлати адои ҷазо дар низоми «маҳбасӣ» барои Тошев, дигар ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар нисбати онҳо бетағйир гузошта шуд. Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеиСадриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев рӯзи 24...

24.01.2014 - 14:58

Созмони Афви Байналмилал дар вокуниш ба марги Умед Тоҷиев пас аз боздошт аз сӯйи пулис дар шимоли Тоҷикистон хостори 'таҳқиқи сареъ, мунсифона ва мустақилли' ин ҳодиса шудааст. Ин созмон дар фарохоне байналмилалӣ аз мудофеъони ҳуқуқи башар, афрод ва созмонҳои бонуфуз дар саросари ҷаҳон хостааст, ки бо ирсоли нома ба мақомоти тоҷик онҳоро ба таҳқиқи сареъу мунсифонаи шароити марги Умед Тоҷиев,...

23.01.2014 - 17:29

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ имрўз 22-юми январ роҷеъ ба саволи рўзноманигорон оид ба марги Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи ҲНИТ дар бемористони зиндонҳои Хуҷанд гуфт, ки дар дохили рагҳои хунгарди шуши ў тромбаҳои калонҳаҷм пайдо шуда, эҳтимол боиси ҷон додани ў гардидааст. «Сабаби марги Тоҷиевро тафтишот муайян мекунад...

22.01.2014 - 22:51

Страницы