Article Pages

10 феврали соли 2014 Вазири корҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Маърӯзачии вежаи СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазоҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфт.  Зимни мулоқот, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид, масъалаҳои татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,...

10.02.2014 - 13:38

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон» Раҳматилло Зойиров ба маълумоти ахири намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқ (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар бораи зиндаву саломат будани маҳбус Маҳмадсаид Раҳимов шубҳа дорад. Ду рӯз қабл бо такя ба маълумоти сарчашмаи худ Зойиров дар бораи марги маҳбус бар асари сардӣ дар...

08.02.2014 - 18:53

Дар нишасте дар Душанбе, ки бо мусоидати ҲНИТ сурат гирифт, ҳозирон аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, бадрафторӣ бо маҳбусону боздоштшудагон ва зиндониёнро хотима диҳад. Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар нишаст гуфт, мақомоти интизомӣ ҳамингуна беадолатӣ ва бераҳмиро нисбат ба аъзои боздоштшудаи ин ҳизб раво дидаанд: «Агар мо мехоҳем, ки Тоҷикистон ва тоҷиконро ҳамчун миллати...

08.02.2014 - 12:51

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки беш аз ҳазор нафар дар кофтуков қарор доранд, ки онҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҷустуҷӯ мешаванд. Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳозир беш аз 1000 нафар шаҳрвандони кишвар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Аммо ҷаноби Салимзода аз фарди муайяне ном набурд. Ин дар...

07.02.2014 - 13:39

Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес рӯзҳои 10-12 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо вазъи чанде аз муассисаҳои пӯшидаи ҷумҳурӣ шинос хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода хабар дод.  Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи натоиҷи сафари қаблии худ Хуан Мендес барои...

07.02.2014 - 11:54

Прокуроратураи генералии Тоҷикистон алайҳи якчанд корманди Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара дар робита ба қазияи марги Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ дар беморхонаи зиндон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бора Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи Ализода, ин парвандаи ҷиноятӣ баъди дархости Омбудсмен оғоз шуда, бояд омилони қатли Умедҷон Тоҷиев...

07.02.2014 - 10:52

Файзалӣ Икромов, падари маҳбуси тирамоҳи соли 2012 дар зиндон ҳалокшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола аз раҳбарияти муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 тақозо дорад, ки маҳбус Давлатёр Қурбонов, яке аз шоҳидон дар парвандаи Ҳамза Икромзодаро аз ҳуҷраи ҷаримавӣ озод кунанд. Дар акси ҳол ӯ таҳдид кардааст, ки даст ба худкушӣ мезанад. Духтари ӯ Дилхоҳ Икромзода ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита...

06.02.2014 - 16:23

Иттиҳоди Аврупо маблағгузории лоиҳаи минтақавии “Иқдомҳо бар зидди шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон”-ро дар доираи барномаи “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон” (САДҲИ), ки 1156690 евроро ташкил медиҳад, оғоз кардааст. Тавре ба NoTorture.Tj аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, вазифаи умумии иқдоми пешниҳодшуда аз саҳмгирӣ дар решакан...

05.02.2014 - 16:34

Волидайни маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе 1-уми феврали соли ҷорӣ соати 10:00 ба гуруснанишинӣ оғоз мекунанд. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода (эҳтимолан дар натиҷаи шиканҷа дар маҳбас фавтидааст) иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, гуруснанишинӣ аз ҷониби волидайни маҳбусон ба хотири аз тавқифгоҳи ҷаримавӣ озод гардидани Давлатёр Курбонов –...

31.01.2014 - 19:39

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, марги Умедҷон Тоҷиев - узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Суғд таҳқиқ мешавад ва ҳанӯз хулосаи ташхиси коршиносон эълон нашудааст. Оқои Менглиев, ки дар нишасти хабарии 30 январ сӯҳбат мекард, гуфт, Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққат буд ва баробари фаҳмидани он ки ӯ бемор аст, ба табобатхонаи муассисаи ислоҳӣ интиқол додаанд....

30.01.2014 - 14:03

Страницы