Article Pages

Наздикону хешовандони чанде аз маҳкумшудагон, ки аз муассисаҳои ислоҳии Душанбе ва Ваҳдат ба вилояти Суғд фиристода шуданд, дар бораи латукӯби бераҳмонаи онҳо бо расидан ба ҷойи таъинот хабар доданд. Рӯзи чоршанбе, 7-уми ноябр, онҳо дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ расман шикоят бурда, сипас ба Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният омаданд. Онҳо ба аъзои Эътилофи ТҒД зидди шиканҷа...

08.11.2012 - 10:19

Масъулони раёсати зиндонҳо мегӯянд, маҳбусоне, ки чанд рӯзи қабл аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтаанд, дар шароити хуб нигаҳдорӣ мешаванд. Илҳомҷон Маҳмудов, муовини сардори Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон иддаои волидайни ин маҳбусонро дар мавриди шиканҷа шудани фарзандонашон бепоя хонд. Ӯ гуфт, ки бо шунидани хабари таҷаммӯи волидайни маҳбусон дар назди Додситонии кулл, дафъатан...

07.11.2012 - 18:10

Имрӯз дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева, ки иҷлосияи навбатии Кумитаи СММ зидди шиканҷа ҷараён дорад, ҳайати Тоҷикистон дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа гузориш медиҳад. Дар иҷлосияи мазкур гузориши як қатор кишварҳо дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф баррасӣ мешаванд....

07.11.2012 - 13:44

Беш аз 40 зан, асосан модарони маҳбусони зиндони шумораи 23-и Хуҷанд назди бинои Додситонии кулл ҷамъ омадаанд. Вилоят Отаева, яке аз модарон ба "Озодӣ" гуфт, ки дар зиндони шумораи 23-и шаҳри Хуҷанд фарзандони онҳоро лату кӯб кардаанд, ва онҳо талаб доранд, ки мақомоти Додситонии кулл кормандони зиндонҳоро ба ҷазо бикашанд. Хонум Отаева афзуд, ки онҳо ин вазъро дигар таҳаммул надоранд...

07.11.2012 - 12:47

Баҳриддин Тошев рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз он ки писарашро ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дода, дар он ҷо шадидан латукӯб кардаанд, дар ташвиш аст.   Баҳриддин Тошев гуфт, ки писараш Садриддин дар як тамоси телефонӣ ба ӯ гуфтааст, ки баъди интиқол ёфтани ӯ ба зиндони рақами 23-и шаҳри Хуҷанд “шадидан латукӯб шуда, сару рӯву баданаш сиёҳ ва...

07.11.2012 - 09:13

Созмони байналмилалии “Amnesty International” аз вазъи амниятии Абдулвосит Латифов мулаққаб ба “Қорӣ Восит”, ки дар моҳи гузашта ба таври иҷборӣ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ибрози нигаронӣ кардааст. “Amnesty International” аз қавли вакили мудофеъи оқои Латифов, аз шахсиятҳои мухолифини пешини давлати Тоҷикистон гуфтааст, муваккили ӯ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон...

06.11.2012 - 14:43

Наздикони Ҳамза Икромзода, мегӯянд, шоҳидони марги ӯро ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода рӯзи душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар нимаи аввали рӯзи 5-уми ноябр як гуруҳи маҳбусонро ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дод, ки дар миёни онҳо шоҳидони марги Ҳамза Икромзода низ будаанд. Амиралӣ...

05.11.2012 - 16:50

Созмони байнулмилалии Афви байнулмилал (Amnesty International) бори дигар аз тамоили дар солҳои ахир рабуда шудан ва ба тариқи зӯроварӣ ба Тоҷикистон баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистони ҷӯёи паноҳгоҳ дар Русия изҳори нигаронӣ менамояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Amnesty International иттилоъ доданд, ҳодисаи ахири ба ин монанд ба Абдулвосит Латифов («Қорӣ Восит») марбут буда, дар созмон бар...

02.11.2012 - 15:29

Падару модари сокини Исфара, ки ба додани баёноти бардурӯғ гумонбар дониста мешавад, ба ҳимоятгар дар бораи амали ғайриқонунӣ ва таҳдиди кормандони милиса ба онҳо хабар доданд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгар Файзинисо Воҳидова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чанд рӯз қабл падару модари шоҳид Ш.А. дар парвандаи пурсарусадои куштори корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи...

30.10.2012 - 14:30

29-уми октябр дар Женева нишасти 49-уми Кумитаи СММ зидди шиканҷа оғоз мешавад, ки Тоҷикистон низ дар он гузориш хоҳад дод. Интизор меравад, ба зудӣ як ҳайати давлатии Тоҷикистон ба раҳбарии Шерхон Салимзода, додситони кул ба шаҳри Женева сафар карда ба суолҳои намояндагони Созмони Милал посух бидиҳанд, ки ҳукумати кишвар дар чанд соли гузашта барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ...

28.10.2012 - 12:38

Страницы