Article Pages

Искандарзода Б., судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯзи 13-уми апрел баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ғоибназаров Фирӯзи 18-сола, донишҷӯи соли якуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов ва 8 нафар судшавандагонро, ки дар муноқишаи гуруҳӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам карда мешаванд, идома дод. Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, адвокати Фирӯз...

17.04.2017 - 10:30

Силсилаи вохўриҳои иттилоотии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рўзҳои 7-8-уми апрел дар шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид. Дар вохўрии ШВКД-и шаҳри Турсунзода 50 ва дар вохўрии ШВКД-и ноҳияи Файзобод 30 нафар иштирок карданд. Дар вохўриҳои иттилоотонӣ ин мавзуҳо баррасӣ карда шуданд: «Кафолати ҳуқуқи инсон ҳангоми боздошт ва давраи...

12.04.2017 - 14:19

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, аз қазияи Сайёд Ҳалимов, як сокини шаҳри Ҳисор огоҳ аст ва онро пайгирӣ мекунад. Наздикони Ҳалимов иддао доранд, ӯ бемор аст ва кормандони Комиссариати ҳарбӣ бо зӯр вайро ба артиш ҷалб карданианд.  Бадриддин Сафаралиев, бародарзодаи Сайёд душанбеи 11 апрел дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, кормандони...

12.04.2017 - 14:16

Як сокини шаҳри Ҳисор иддао дорад, кормандони комиссарияти ҳарбӣ Сайёд Ҳалимов, бародарзодаи 24-солаашро бо зӯр барои хидмат дар артиш бурдаанд.  Бадриддин Сафаралиев дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, субҳи имрӯз, 11 апрел кормандони комиссариат ба манзили онҳо омада, писари бародари марҳумашро, ки бемор аст, бо худ бурдаанд. Вай афзуд, “ду сол пеш ҳам ӯро дошта...

11.04.2017 - 18:21

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санаи 7-уми апрел дархости Гулчеҳра Холматова, ҳимоятгари судшавандагон Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликовро оид ба дучори шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтани судшавандагон ҳангоми боздошт қонеъ гардонида, барои санҷиши прокурорӣ ирсол кард. - Суд дархости моро оид ба гузаронидани санҷиши прокурорӣ аз рӯи шикояти судшавандагон...

10.04.2017 - 11:20

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи дусолаи «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон»-ро оғоз мекунад. Дар доираи лоиҳа ташкилоти узви Эътилоф - «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳлил ва баҳогузории сатҳи хизматрасонии судӣ-тиббиро ба роҳ монда, инчунин барои муҳайё намудани...

06.04.2017 - 20:30

Дар ду сол теъдоди қурбониёни меҳтарсолорӣ дар артиши Тоҷикистон қариб ба 60 нафар сарбоз расид.

06.04.2017 - 12:49

Насрулло Одинаев, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки бо ҷурми қаллобӣ гумонбар мешуд, шикоят аз он дорад, ки маъмурони милитсияи шаҳри Кӯлоб ўро шиканҷа кардаанд. - Ман 7-уми август дар ноҳияи Муминобод будам. Њамкурсам Амирҷон, ки дар ШВКД-и шаҳри Кӯлоб кор мекунад, зангам заду хоҳиш кард, ки ба хонааш оям. Вақте омадам, ӯ маро ба ШВКД овард. Онҷо муовини сардори ШВКД ва се нафар муфаттишони дигар...

05.04.2017 - 12:23

Ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ Сайфиддин Исломов - падари қурбонии эҳтимолии шиканҷа Ҷонибек Сайфиддинов, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор мешавад, муроҷиат кард. Аз рўи ин парванда боз ду нафари дигар айбдор мешаванд. Мурофиаи судии онҳо дар Суди ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид. Ҳар се нафар дар суд оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати...

05.04.2017 - 07:39

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аз пароканда шудани иштирокчиёни сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, ки бахшида ба Соли ҷавонон аз ҷониби ширкати таълимии «Мултикид» бояд баргузор мегардид, изҳори нигаронӣ мекунад. «Донишҷўён ва волидони онҳо, ки аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба намоишгоҳ омада буданд, инчунин меҳмонони хориҷӣ бо шеваи тунд пеш...

04.04.2017 - 15:10

Страницы