Article Pages

Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳукми се корманди пулиси ноҳияи Фархорро, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам мешуданд, содир кардааст.  Наздикони яке аз ин кормандони пулис имрӯз, 8 феврал ба “Озодагон” гуфт, додгоҳ Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатовро, ки дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор кор мекарданд, ба муҳлати 4,5 солӣ равонаи зиндон...

08.02.2017 - 11:53

Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Саидов Ё. С., хизматчии ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 1431 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Шиканҷа) боз кардааст. Тавре аз ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» хабар доданд, “тибқи маълумоти дар парвандаи ҷиноятӣ овардашуда, командири взвод Саидов Ё. С. вазифаи таҳқиқбарандаро иҷро...

07.02.2017 - 18:07

Дар соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар робита ба истифодаи шиканҷа ягон парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст,- хабар дод вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотие, ки чанде қабл баргузор гардид. Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона якчанд шикоят мавҷуд буда, аммо дар рафти санҷишҳо аз онҳо ягонтояш тасдиқи худро...

07.02.2017 - 11:11

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҳодисаи латукӯби ду гумонбар дар як куштор, ки аз сӯи афроди ношинос ва тариқи зӯрӣ маҷбур карда шуданд гуноҳро ба гардан гиранд, ба унвони намунаи шиканҷа дар кишвар ёд кард. Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи қазия мегӯяд, ки 5 корманди шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳисор ду сокини ин ноҳияро ҳамчун гумонбар дар як ҳодисаи куштори сангин боздошт намуда барои...

06.02.2017 - 11:05

Парвандаи ҷиноятии нисбати латукӯби Доро Суҳробӣ (Маҳкамов) бинобар ҷой надоштани амалҳои зӯроварӣ ва латукӯб дар ҳаракатҳои кормандони милиса қатъ карда шудааст. Қурбонзода Шариф Абдулло, Сардори Раёсати назорати қонунҳо дар ВКД, имрӯз, 3-юми фаврал зимни нишасти матбуотии Прокуратураи генералии кишвар гуфт, бинобар муроҷиатҳои такрории Доро Суҳробӣ ба прокуратура маводҳои парванда аз...

03.02.2017 - 13:54

Омбудсмен ва ё Ваколатдори ҳукуқи башари Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди шиканҷа шудани аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар зиндонҳоро рад кард. Зариф Ализода дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, ки намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи башар аз оғоз то поёни мурофиаҳои аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иштирок дошт ва инчунин дар зиндон бо онҳо мулоқот намуд, аммо аз...

03.02.2017 - 13:48

Қазияи латукӯби Доро Сӯҳробӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» барои санҷиш ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон супорида шудааст. Ин нуктаро имрӯз , 20-уми январ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии кишвар дар нишасти матбуотии ниҳодаш иброз намуд. Номбурда гуфт, бо сабаби он ки Доро Суҳробӣ новобаста ба рӯ ба рӯ намудани кормандони милисаи минтақа милисаи ӯро латукӯбнамуда...

20.01.2017 - 13:53

Қарори ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансур дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда шуда, Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи аризаи корманди созмони байналмилалӣ дар Душанбе санҷиш мегузаронад. Дар ин бора намояндаи корманди созмон хабар дод. Дилшод Ҷӯраев қаблан иттилоъ дода буд, ки як нафар корманди созмони байналмилалӣ дар Душанбе барои бекор кардани қарор дар бораи рад...

20.01.2017 - 13:49

Милисае аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳимоятгарони ҳуқуқ ӯро дар таҷовузи духтаре айбдор медонистанд, аз кор озод карда шуд, аммо нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст. Мувофиқи тафтиши нав, ки бо дастури Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуд, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди милитсия рад карда шудааст. Сухан дар бораи ҳодисае меравад, ки тобистони...

16.01.2017 - 10:35

Муаррифии гузориши пешакӣ аз рӯйи натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон 27-уми декабри соли 2016 дар маҷлисгоҳи идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карданд. Мониторинги мазкур дар соли 2016 аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон...

27.12.2016 - 15:15

Страницы