Қиссаи Исмоил Бачаҷонов

Зани ҷавон дар сар рӯймоли милли аксҳои (расмҳои) оилавиашро як ба як тамошо мекунад: “Ана ин мо дар майдони асосии пойтахт, дар ин ҷо мо бо фарзанди нахустинашон, инҳо бошанд ҳар се фарзандонамон”...

Ӯ каме барои худро аз таасуроти хотираҳо ва гирякунӣ ором намудан бозмеистад. Ҳоло ҳаёти Сарвинисо Гулова куллан тағийир ёфтааст. Ӯро аз ин пораи хушбахтии оилавӣ маҳрум сохтанд, ва айни ҳол ӯ бевазан аст, Шавҳараш, Исмоил Бачаҷонови 32-сола бошад моҳи январи соли 2011 дар тавқифгоҳи тафтишотии №1 шаҳри Душанбе дар натиҷаи мавриди шиканҷа қарор гирифтан, ҳалок шуд.

Бачаҷонов соли 2007 барои мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъа ба муддати 6,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд ва дар калонияи низоми пурзур адои ҷазо менамуд, соли 2011 роҳбарияти калония ба қароре омад, ки низоми нигоҳдории маҳбус Бачаҷонов барои адои минбаъдаи муҳлатӣ ҷазо аз низоми пурзӯр бо тасвияти “барои ба таври мунтазам вайрон намудани тартибот” ба низоми маҳбас тағйир дода шавад.

Ҳангоми рӯй додани воқеа Бачаҷоновро ба тавқифгоҳи тафтишотӣ оварданд ва бояд ӯро аз он ҷо ба маҳбасхонаи дорои низоми дахлдор интиқол менамуданд. Тибқи нишондодҳои кормандони тавқифгоҳи тафтишоти (СИЗО), Бачаҷонов нисбати қарори қабулкардаи суд доир ба тағйир додани низоми адои ҷазои изҳори норозигӣ ва даъво намуд, ва бинобар ҳамин онҳо, гӯё бо мақсади тарбиявӣ ӯро сахт лату кӯб карданд.

Ҷароҳатҳо вазнин буданд ва бинобар ҳамин ӯ дар роҳ ҳангоми интиқол додан ба маркази тиббӣ вафот кард.

Савринисо нақл кард, ки он рӯз ҳамроҳи фарзандонаш дар хона назди телевизор нишаста буд. Ва ногоҳ занги телефонӣ шуд. Корманди колония ба зан гуфт, фавран ба СИЗО, ки Бачаҷонов ба он ҷо интиқол доданд, биёяд ва илова кард, ки шавҳари ӯ дар ҳолати вазнин қарор дорад.

“Он вақт ӯ аллакай мурда буд, вале ба ман инро нагуфтанд. Аз ин ҳодисаи фоҷиавӣ ҳамаи хешовандон хабар доштанд, ғайр аз ман Фарзандони калониамро дар хона мондаму аз хама хурдиашро бо даст гирифта баромадам, он рӯз ё яксола шуда буд, ба хонаи хушдоманам омадам. Ҳамаи хоҳарони шавҳарам он ҷо буданд, ҳама гиряву нола мекарданд. Ман гуфтам, ки биеед такси мегирему ба СИЗО меравем, саломатии Исмоил сахт вазнин шудааст. Яке аз хоҳарони шавҳарам ба наздам омада, маро оғӯш гирифта гирякунон гуфт:”Худатро ба даст гир, шавҳарат мурд”. Ман аз ҳӯш рафтам, фарзандам аз дастам афтид. Бо истифодаи валеринка маро ба ҳӯш оварданд. Ман ба худ мегуфтам: “Чӣ тавр мурд? Ман рӯзҳои наздик бо ӯ гап зада будам, ӯ аз ҳеҷ чиз шикоят надошт”, -он рӯзи сахтро ба хотир оварда мегӯяд Савринисо.

Вақте ки ҷасади Исмоилро ба хона оварданд, ӯ кафанро кушод, ва ҳолаташ бад шуд-дар тамоми қисматҳои баданаш пайҳои сиёҳу кабуд дида мешуд, дастонаш, махсусанн дасти чапаш сахт варам карда буд, биниаш бошад осеб дида буд. Шахсоне, ки ӯро гӯр карданд, баъдан ба Савринисо нақл карданд, ки ҳангоми ба хок супурдани ҷасад аз ҷароҳате, ки дар қисмати сараш буд ҳанӯз хун мерафт ва аз кафан гузашта буд...

Аз рӯи далели мазкур Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Дар ҷараёни тафтишот  муайян карда шуд, ки ба марги маҳбус Бачаҷонов якчанд шахсони мансабдор даст доштанд.

Моҳи сентябри соли 2011 суди се нафар кормандони СИЗО-и Вазорати адлия баргузор гардид. Ду нафари онҳо дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо сабаби беэҳтиётӣ, ки боиси марги маҳбус гардидаст ва суистифода аз мақоми ишғолнамуда айбдор дониста шуданд. Нисбати онҳо ҳукми аз озодӣ маҳрум кардан ба муддати 8 сол бароварда шуд, вале бо истифодаи афв ин муҳлат то6 сол кам карда шуд. Нисбати айбдоршавандаи сеюм бошад барои хунукназарӣ ҳукми маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати се сол муқаррар карда шуд, вале бинобар татбиқи санади афв ӯ аз ҷавобгарӣ озод карда шуд.

...Савринисо, мисли қисми зиёди духтарони деҳот, дар мактаби миёна танҳо то синфи 6 таҳсил кардааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ дар ягон ҷой кор накардааст, бинобар ҳамин ӯро бо фарзандонаш шавҳараш, ки дар бозори калони фурғши масолеҳи сохтмони “Султони Кабир” кафшергар шуда кор мекард, таъмин менамуд. Ҳар рӯз баъд аз кор ӯ ба хона бо борхалтаҳои пур аз маҳсулоти хурока бармегашт...

Баъд аз марги шавҳараш ба ӯ лозим меояд, ки дар ҳама чиз сарфаҷӯӣ карда, бо як кӯмакпулие, ки ба чор нафар барои аз даст додани саробони оила дода мешавад ва он ҳамагӣ 316 сомонӣ, қариб 65 доллари ШМА-ро ташкил намояд, рӯз гузаронад.

“Дар шароити ҳозира 316 сомонӣ чӣ мешавад? Илова бар ин, имсол духтарчаам ба мактаб меравад, Ман доимо фикр мекунам, ки шиками онҳоро чӣ тавр сер кунам, аз куҷо маблағ ёфта ба онҳо сару либоси мактабӣ харам”, гиламандона мегӯяд зан.

Айни замон ӯ ба кор баромада наметавонад-фарзандонаш ҳоло хурдсоланд, аз ҳама хурдиаш сесола шуд, фарзандони калониаш бошад 7 ва 6 сола мебошанд. “Орд, равған, сабзавот-ёрдампулӣ ба ҳамаи ин харҷ мешавад. Имконияти харидани дигар маҳсулотро надорем”, мегуяд Савринисо.

Рӯз аз рӯз зиндагӣ душвор мегардад, ва дар бахори соли 2012 Савринисо бо аризаи даъвогӣ ба суд оид ба ҷуброн намудани товони зарари маъннавию моддии бинобар марги сарпарасти ягонаи оила расида, муроҷиат намуд.

Моҳи июни соли 2012 дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷаласаи судӣ аз рғи аризаи даъвогии бевазани Исмоил Бачаҷонов оғоз гардид, зан дархост намуд, то ки ба ӯ товони зарар аз муассисаи пенитнӯентсионарӣ рӯёнида шавад. Баъдан бо пешниҳоди ҷавобгар, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаи мусолиҳа баста шуд ва ба сифати товони зарар ба зан танҳо 30 ҳазор сомонӣ, ё 6 ҳазор доллари ШМА пардохт карда шуд.

Зан нақша дорад, ки баъди якчанд вақт метавонад дар хона кор кунад. Вале барои ин ба ӯ зарур аст, ки касби дахлдоро омӯзад, сартарош, ошпаз ё дӯзандагӣ. Дар ташкилотҳои байналмилалӣ барои занони камбизоят чунин лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд, ва Савринисо умедвор аст, ки ягон кас ба ӯ барои касбомӯзӣ ва барои дар оянда даромад ба даст овардан, кӯмак мекунад.

“Шавҳари ман хеле инсони хуб буд, -бо меҳрубонӣ ба хотир меорад ӯ-Мо дар якҷоягӣ 8 сол зиндагӣ кардем, ва ӯ боре ҳам маро наранҷондааст. Рӯзҳои ид ба ман тӯҳфа ҳадя мекард-ҳатто агар шароити иқтисодиаш бад ҳам мебуд, ӯ ба ман ин нигоҳ накарда ба ман тӯҳфа мехарид, ақаллан “иринка” (шиппакҳои маъруф дар деҳот) тӯҳфа мекард”.

“Дар хотир дорам он вақтҳое, ки мо таваллуди фарзанди нахустинамонро интизор будем. Вақте дарди таваллудкунӣ фаро расид, чӣ тавр ӯ хурсанд шуда буд. Маро ба беморхона бурда худашаз хурсандӣ тамоми маҳалро аз таваллуди фарзандаш хабардор кард! Вале маълум шуд, ки ҳоло вақти таваллудкунӣ фаро нарасида будааст ва маро ба хона ҷавоб доданд. Рӯзи дигар, вақте, ки ман ба маӯоза барои ҳаридани қанди сафед даромадам, фурӯшанда бо ҳайрат нигоҳ карда аз ман пурсид: “Чӣ тавр? Магар ту таваллуд накарда будӣ?”. Танҳо баъди ду рӯз писарамон Иброҳим ба дунё омад. Шавҳарам ба таваллудхона бо дастаи гул торт ва шампан омада маро ба хона бурд”, қисса кард зан.

Баъдан духтарчаамон Нозия ва писараммон Исроил таваллуд шуданд. Исмоил хеле фарзандонашро дӯст медошт, кушиш мекард, ки онҳо бе ягон камбудӣ ба воя расанд. Ӯ  худро хушбахт ҳис менамуд, ки чунин оилаи калон дорад, се фарзанд. Зеро дар айёми кӯдакӣ ӯ қариб ки танҳо буд, фақат як бародари ӯйга дошт, ки модару падараш нисбати ӯ меҳрубонии хеле зиёд доштанд. Ба Исмоил дар оила тамоман аҳмият намедоданд. Ӯ чун растанӣ калон мешуд, кӯшиш менамуд, ки дар хона ба назари ягон касе аз аъзои оилаашон натобад. Аз ин рӯ ҳолати ӯро дарк менамудам, вақте, ки шомгҳҳо ӯ фарзандонашро ба оғӯш гирифта мегуфт: “Ман ҳамеша танҳо будам! Ин чӣ хушбахтист, ки имрӯз ман шуморо дорам!”.

Ҳоло Савринисо кӯшиш мекунад, ки барои фарзандонаш ҳам модар бошаду, ҳам падар. Вале писари хурдиаш, гоҳ-гоҳ, мепурсад: “Канӣ дадаи ман, барои чӣ дигар кӯдакон дада доранду, ман бошам не? Биёед ба бозор меравему дада мехарем”.

“Фарзандони калониам бошанд ӯро ҷанг мекунанд, акси Исмоилро нишон дода мегӯянд: “Ана падари ту”,-мегӯяд зан.

Савринисо фарзандонашро дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву меҳри шавқат тарбия менамояд. “Писари калониам ҳоло дар синфи дуюм мехонад. Ӯ аз мактаб омада, дафтару қаламашро гирифта наздаш хоҳарчаашро, ки соли оянда ба синфи якум меравад, шинонда ба ӯ алифбо, навишта ва ҳисоб карданро меомӯзонад. Ба кӯча умуман намебарояд, ҳол он ки фарзандони ҳамсояҳо дарсгурезӣ мекунанд, дар кӯчаҳо барои ҷамъоварӣ намудани оҳанпора, ки баъдан онро мефурӯшанд, оворагардӣ мекунанд”.-нақлт кард зани бевамондаи Бачаҷонов Исмоил.

Ӯро суханони писари калониаш осуда мекунанд: “Зиқ нашавед модар, ман калон мешаваму Шумо ва бародару хоҳарамро нигоҳубин мекунам. Ҳамааш хуб мешавад”.

NoTorture.Tj