Article Pages

Директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ тиббии вилояти Суғд Фурқат Ғаниев таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронси "Мубориза бар зидди шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо", ки 25 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба корҳои анҷомдодашаванда дар самти экспертизаи тиббӣ ҷиҳати амалисозии тавсияхои Протоколи Истанбул ҷалб намуд. "Ҳокимияти Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои марбут ба шиканҷа ва...

27.10.2022 - 22:58

Мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ роҳҳои пешгирӣ аз шиканҷаро баррасӣ карданд. Дар чор соли охир, нисбати 9 корманди мақомоти интизомӣ барои шиканҷа (моддаи 143, иловаи 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ҷазо гирифтаанд. Масъулони созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, аз аҳолӣ дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ 40 шикоят гирифтаанд. Прокуратура гуфт, аз қариб 20 шикояте, ки давоми 1,5 сол дар бораи...

27.10.2022 - 22:55

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони судро бо иди касбияшон табрик мегӯяд! Барои қабули қарори тақдирсоз ва баровардани ҳукми дуруст на танҳо дониши амиқ дар самти қонунистифодабарӣ ва фаҳмиши хуби ҳолати равонии одамону доштани хотираву таваҷҷуҳи аъло, балки иродаи беҳамто, хислати қавӣ ва эътимод доштан ба худ низ лозим аст. Танҳо дар сурати соҳиб...

26.10.2022 - 22:55

"Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти давлатӣ мебошад", - қайд намуд Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 25 октябр зимни суханронӣ дар конфронси "Мубориза бар зидди шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо" дар шаҳри Душанбе. Тибқи суханони ӯ, Президенти Тоҷикистон борҳо...

26.10.2022 - 22:52

Рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастоварҳо” баргузор шуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии ҶТ бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Фонди...

26.10.2022 - 15:23

Масъулони созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ду соли охир чиҳил шикоятро дар бораи шиканҷа шудани боздоштшудаҳо сабт кардаанд. Намояндагони Додситонии кул мегӯянд, аз аввали имсол ба дасти онҳо шаш ариза расид, "аммо ҳеч кадоме тасдиқ нашуд". Дар бештар аз ним соли охир наздикони баъзе аз рӯзноманигорон ва сокинони боздоштшудаи Бадахшон аз латукӯб ва фишори равонии онҳо хабар доданд...

25.10.2022 - 17:23

Як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, то ин дам дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигорон ва сокинони боздоштшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шикоят нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки наздикони баъзе аз онҳо ба таври ошкор аз латукӯби боздоштшудаҳо хабар доданд. Файзалӣ Давлатзода, корманди Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз "аз...

25.10.2022 - 17:18

Душанбе, 25-уми октябри соли 2022. Рӯзи сешанбе, 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо» баргузор мешавад, ки онро Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд. Дар доираи конфронс мушкилоти мубраму доғи рӯз дар самти мубориза бо...

25.10.2022 - 14:56

Дар Суди ноҳияи Файзобод баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109, қисми 2 (ба худкушӣ расонидан)-и КҶ ҶТ идома дорад. Назирова Бибикалон - хушдомани марҳум Абдуалимзода Манора худро қисман гунаҳгор ҳисобид. Шоҳидон ва далелҳо дар парванда тасдиқ намуданд, ки Манора аз муносибати бераҳмона аз ҷониби хушдоман ва қайсингул чандин маротиба шикоят карда буд. Аз сабабе, ки хушдоманаш сардори оила...

14.10.2022 - 20:55

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки гумонбари ҷинояти куштори шаҳрванд Саодат Кулиева дастгир шудааст. Раёсат ёдовар шуд, ки санаи 28-уми сентябри соли ҷорӣ ҷасади шаҳрванд Кулиева Саодат Эргашевна, санаи таваллудаш 25.04.1954, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Ф. Ниёзии ноҳияи И. Сомонӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфта шуд. - Бо мақсади муайян ва дастгир намудани нафари...

11.10.2022 - 13:08

Страницы