Article Pages

Ду донишҷӯи донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия субҳи имрӯз, 10 октябр мавриди “облава” қарор гирифтанд.  Донишҷӯён мегӯянд, кормандони комиссариат, ки дар тан либоси низомӣ доштаанд, онҳоро аз манзили зисташон дар маҳаллаи “Профсоюз” гирифта, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурданд. Яке аз донишҷӯён дар суҳбат бо “Озодагон” шикоят кард, ки аз ҷониби кормандони комиссариат мавриди...

11.10.2015 - 08:42

Як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон барои куштори ҳамхидматаш - Парвиз Дӯстматов ба нуҳ соли зиндон маҳкум шуд. Қаблан намояндаи додситонӣ барои ӯ 14 соли ҳабс хоста буд. Фаррух Бозоров , сокини Қубодиён ва сарбози қисми ҳарбии 02011-и Вазорати дифои Тоҷикистон, ба ҷурми куштори ҳамхидматаш Парвиз Дӯстматов (аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳукми...

08.10.2015 - 19:53

Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе муҳокимаи Фаррух Бозоровро шурӯъ кард, ки ба қатли ҳамхидмати ҷавонаш муттаҳам мешавад. Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе таҳқиқи ҳодисаи марги сарбози қисми ҳарбии Вазорати дифоъ (воқеъ дар ҷамоати Сағирдашт) Парвиз Дӯстматовро оғоз карда ва ҳамхизмати ӯ Фаррух Бозоровро ба маҳкама кашидааст. Мукаррама Дӯстматова, модари Парвиз ба Радиои Озодӣ...

06.10.2015 - 08:36

Суди ҳарбии вилояти Суғд ҳукми муттаҳамон дар қатли сарбоз Фирдавс Раҳматовро эълон кард. Тибқи ҳукми суд, сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов 18 ва Комрон Раҳимов 17, 5 сол равонаи зиндон шуданд. Инчунин Айём Назаров, сарбози қаториро суд 17 сол аз озодӣ маҳрум кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Раббонӣ Сулаймонов 20, Комрон Раҳимов 19 ва Айём Назаров 18 соли зиндон талаб карда буд....

03.10.2015 - 08:33

Вакили мудофеи Садриддин Тошев мегӯяд, ки Додгоҳи олӣ шикояти онҳоро баррасӣ карда, ба дархости онҳо барои интиқол надодани ӯ ба зиндони низомаш махсуси Қӯрғонтеппа ҷавоби мусбат додааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон амр додааст, ки Садриддин Тошев, яке аз зиндониёни ҷанҷолӣ дар кишвар ба маҳбаси низомаш махсус ба шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода нашавад. Ба қавли масъулони додгоҳ, "ин маҳбас ҷойи...

24.08.2015 - 07:42

Созмони байнулмилалии ғайридавлатии Human Rights Watch (HRW) ё худ Созмони Дидбони ҳуқуқи башар аз ҳукуматдорони Молдова даъват кард, ки аз истирдоди мухолифи фаъоли тоҷик Собир Валиев ба Тоҷикистон худдорӣ варзанд. Дар изҳороти рӯзи душанбе интишоршудаи HRW дар ин робита зикр мегардад, ки ҳукумати Молдова набояд С.Валиевро ба ихтиёри Тоҷикистон диҳад, зеро дар он ҷо метавонад ӯро...

18.08.2015 - 20:10

Волидони Нуралӣ Ҳайдаров, сарбози қисми ҳарбии 2803-и неруҳои марзбонии Тоҷикистон иддао доранд, ҷасаде, ки ахиран ба онҳо нишон дода шуд, фарзандашон нест.  Мирзоалӣ Ҳайдаров, падари Нуралӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҷасаде, ки мақомот рӯзи 7 август барои ташхис аз хок берун овард, нишонаҳои фарзандашро надид: “Вақте ҷасадро канданд, нишонаҳояшро кофтам,...

14.08.2015 - 14:45

Мақомоти тафтишотии Миср парвандаи ҷиноӣ алайҳи Илҳом Бобоевро, ҷавони тоҷик, ки дар марги хоҳарзодааш Сумая Раҳматоваи 14-сола айбдор мешавад, ба додгоҳ ирсол намудаанд.  Дар ин бора манобеи “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки Бобоев Сумаяро барои гӯш надодан ба суханҳои модараш мавриди шиканҷа қарор медодааст, ки оқибат бо марги ин духтари ноболиғ анҷом ёфтааст. Ба иттилои манбаъ ҳоло...

12.08.2015 - 21:44

Як мақоми раёсати маҳбасҳо худкушии Тоҳир Бозоровро тасдиқ кард, вале мегӯяд, иллати даст ба ҷони худ задани ин маҳбус ҳанӯз рӯшан нашудааст. Бозоров Тоҳир Абдураҳимович, маҳбуси зиндони рақами 4, воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и шаҳри Душанбе  ҳафтаи гузашта худро ба дор овехтаст.  Як мақоми раёсати маҳбасҳои Вазорати адлия рӯзи 11 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин...

11.08.2015 - 18:23

Сарраёсати нерӯҳои маркзабонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи даъвои падари сарбоз Нуралӣ Ҳайдаров ҷасади ӯро аз қабр берун оварда, ташхис кардаанд. Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар номае ба унвони Радиои Озодӣ иллати марги Нуралӣ Ҳайдаров -- сокини Шаҳритус ва сарбози қисми сарҳадбонӣ дар ноҳияи Ишкошимро ошкор кардааст. Дар ин нома, ки...

11.08.2015 - 17:43

Страницы