Article Pages

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, бо ирсоли як муроҷиатнома унвонии Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон аз шиканҷаи гумонбарон аз сӯи мақомоти пулис хабар дода, хостори дахолати ӯ ба ин масъала шудааст. Хонум Воҳидова мегӯяд, қаблан чунин номаеро ба Шерхон Салимзода, собиқ прокурори генералӣ ҳам фиристода буд, аммо посухе дарёфт накард. Ӯ изҳори умед кардааст, ки...

02.02.2015 - 19:50

Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои радди даъвои хонаводаиШаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷикро қонеъ накард.  Зоиршо Назиров, намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз додгоҳ хоста буд, даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев барои рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ рад карда шавад....

31.12.2014 - 15:27

Вакили яке аз зиндониёни “хабарсози” Тоҷикистон Садриддин Тошев аз эҳтимоли шиканҷа шудани зерҳимояаш дар ҳоли интиқол ба зиндони низомаш сахт ҳушдор додааст. Вакили дифои яке аз зиндониёни “хабарсози” Тоҷикистон бо муроҷиат ба Кумитаи муқобила бо шиканҷаи Созмони Милал аз ин ниҳод хостааст, иҷоза надиҳад, ки Садриддин Тошевро барои идомаи адои ҷазо ба зиндони низомаш сахт интиқол диҳанд...

26.12.2014 - 13:52

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон изҳор намуд, ки ба қисман ҷуброн намудани маблағи зиёни дар аризаи даъвогии сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-сола зикршуда омода аст. Ҳуқуқшиноси ин ниҳод Зоиршоҳ Назиров дар мурофиаи судии баррасии аризаи даъвогӣ оид ба пардохти зарари маънавӣ ва моддӣ дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Сарраёсат ба ҷабрдида зикр кард, ки «ба суд муроҷмат намудан шарт...

24.12.2014 - 16:56

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз давлати Узбакистон хостори таҳқиқи шаффофи марги Нилуфар Раҳимҷонова, як табаъаи Тоҷикистон дар зиндони Зангиотаи шаҳри Тошканд, шудааст. Ин созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар дар баёнияе, ки ба таври муштарак бо Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна интишор дода, гуфтааст Узбакистон бояд ҳамаи зиндониёнеро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, ба феҳристи афв ба...

19.12.2014 - 22:58

Гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд нисбат ба ду корманди Комиссариати ҳарбии Панҷакент барои латукӯби Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми “облава” парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд, парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент Икром Нодиров бар асоси моддаи 391-и КҶ ҶТ (Сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз...

17.12.2014 - 19:21

Як сокини пойтахти Тоҷикистон иддао дорад, ки гурӯҳи ношиносе ӯро бо дастури корманди Додгоҳи олии кишвар лату кӯб ва 8 рӯз дар бемористон бистарӣ кард. Қиёмиддин Ҳакимов, як сокини пойтахти Тоҷикистон иддао дорад, ки гурӯҳи ношиносе ӯро бо дастури Маҳмадалӣ Шарифов, корманди Додгоҳи олии кишвар латту кӯб ва 8 рӯз дар бемористон бистарӣ кард. Ин сокини пойтахт дар номаи шикояташ ба унвони...

15.12.2014 - 22:14

Имрӯз мо Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башарро ба хотири 66 сол пеш аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қабул гардидани Эъломияи ҳуқуқи башар  қайд менамоем. Мавзӯи имсолаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар – ҳуқуқи башар 365 - бозгӯи талошҳо ба хотири он аст, ки ҳар нафар дар ҳар ҷо ва дар ҳар давру замон аз ҳуқуқҳои башар ба куллӣ бархурдор бошад. Иттиҳоди Аврупо (ИА)...

10.12.2014 - 20:07

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон таҳқиқи қазияҳои латукӯби навдаъватшудаҳо ба артиш дар Панҷакентро зери назорат гирифтааст. Бино ба иттилои як манбаъ аз вазорати мудофиа, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, вазорати мудофиа таҳқиқи қаҳияи латукӯби се сокини шаҳри Панҷакентро оғоз кардааст. Манбаъ мегӯяд, бо супориши Шералӣ Мирзо, вазири дифо 2 рӯз пеш сардори яке аз раёсатҳои вазорат...

08.12.2014 - 15:41

Волидайни як ҷавони 22-солаи сокини Панҷакент аз латукӯби писарашон аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр ба Додситонии вилояти Суғд шикоят бурдаанд.Нигора Раҳмонова, модари Ҷалолзода Самандар --сокини Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 10-и шаби рӯзи 4-уми декабр писарашро ду корманди милиса, ки насаби якеаш Арбобов мебошад, аз дохили мошини сабукраваш берун кашида, ба бинои...

08.12.2014 - 15:38

Страницы