Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рўзноманигорони кишварро ба муносибати Рўзи байналмилалии озодии баён - 3-юми май табрик мегўяд! Дар рӯзи касбиятон ба шумо барои пешниҳоди иттилооти воқеиву пайваста, боэътимоду самаровар қадрдониву ҳамоҳангии худро изҳор менамоем. Таманно дорем, ки ҳамеша қаламатон буррову суханатон таъсиргузор бошад ва бо матолиби ҷолибу...

03.05.2022 - 23:09

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кулли мардуми кишварро ба муносибати фарорасии Иди Саиди Фитр муборакбод мегӯяд. Ба муносибати ин рӯзи фархундаву пурбаракат ба ҳамаи шумо ва аҳли хонадону пайвандонатон зиндагии саршор аз меҳру хурсандӣ ва саодати рӯзгор таманно дорем! Бигузор дар ин рӯзи муборак ва дигар рӯзҳо баракат аз хонадонатон канда набошад ва тамоми...

29.04.2022 - 22:49

Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшонро ба 18 сол зиндон маҳкум кардаанд. Муҳокимаи ӯ рӯзи 29-уми апрел сар шуд ва дар ҳамин рӯз ба поён расид. Тафсилоти ҳукм дастрас нест. Мақомот пештар Аловатшоевро ба "гаравгонгирӣ" ва "аз озодӣ маҳрум кардан" айбдор медонистанд. Тарафдоронаш пайваста ба бегуноҳии ӯ таъкид доранд. Як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, баррасии...

29.04.2022 - 00:33

Дар семоҳаи аввали соли 2022 аз ҷониби Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 68 матлаб бо забони русӣ, 29 матлаб бо забони тоҷикӣ ба нашр расид. Миёни онҳо иттилоияҳо, матолиби иттилоотӣ, таҳлил, матолиби чандрасонаӣ ва ғайра мавҷуданд. Торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org сарчашмаи аввалиндараҷаи пешниҳоди иттилооти босифат ва объективӣ оид ба...

28.04.2022 - 22:56

Ҳамкорони муҳтарам, дӯстон, Ба таваҷҷуҳи шумо матлаби мазкурро мерасонем: «Агар шумо қурбонии шиканҷа ё муносибати бераҳмона бошед, чӣ бояд кард?». Дар бораи алгоритми амалҳое нақл мекунем, ки барои исботи қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона шудани шумо ё наздиконатон кумак мерасонад. Аз ҷумла: 1). Ҳангоми ба прокуратура муроҷиат кардани қурбонии шиканҷа/муносибати бераҳмона чиро...

19.04.2022 - 10:45

Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон аз рӯйи парвандаи марги сарбози 20-солаи қӯшунҳои сарҳадӣ Миралӣ Боқиев сержант Сиддиқ Саъдуллоевро ба 13 соли ҳабс дар колонияи низомаш пурзӯр маҳкум кард. - Пайвандони сарбоз-марзбони фавтида гуфтанд, ки ният доранд нисбати ду нафар сарбози қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон барои пешгирӣ накарданашон аз фоҷеа ба суд муроҷиат кунанд,- хабар...

11.04.2022 - 10:43

Рафиқони азиз, ҳамкасбони гиромӣ! Ба манзури Шумо китобчаи "Ҳуқуқи занони маҳкумшуда ҳангоми адои ҷазои ҷиноятӣ" пешкаш карда мешавад. Дар китобча тавсияҳо барои занони маҳкумшуда, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд, оварда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо шарҳ дода шуда, дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд, маълумот пешниҳод...

07.04.2022 - 17:09

Санаи 9-уми феврали соли 2022 шаҳрванд Ёдгоров Ҳасан Маҳмадраҷабович ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамчун даъвогар ба ҷавобгарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвои рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи 400 000 сомонӣ барои дастгир кардан ва дар ҳабс нигоҳ доштан муроҷиат намуд. Санаи 17-уми июни соли 2021 бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ...

07.04.2022 - 16:58

Бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти шуъбаи тиббӣ ва расонидани ёрии самараноки тиббӣ ба занони маҳкумшуда, аз моҳи апрели соли 2022 дар колонияи занонаи ЯС 3\12-и шаҳри Норак утоқи гинекологӣ ба фаъолият шуруъ кард. Ин имкон медиҳад, ки доираи васеи хизматрасониҳои тиббӣ расонида шуда, на танҳо барои занон, балки барои фарзандони ояндаи онҳо кумаки босифату фаврӣ таъмин карда шавад....

07.04.2022 - 06:16

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони ваколатдори Бонки ҷаҳонӣ вохӯрд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи таҳияи лоиҳаи нави “Миллати солим” баррасӣ гардид. Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ инчунин Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли,...

06.04.2022 - 11:54

Страницы